https://sputnik.tj/20211022/jilavgir-hamla-terroristi-rusiya-1043035280.html
Ҷилавгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар Русия
Ҷилавгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
ФСБ ҳамлаи террористиро дар қаламрави Ставропол пешгирӣ кард. Гуфта мешавад, ки он аз ҷониби як ҷонибдори созмони террористии "Давлати исломӣ"* омода шудааст
2021-10-22T13:15+0500
2021-10-22T13:15+0500
2021-10-22T16:26+0500
русия
доиш
ҳамлаи террористӣ
фсб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_0:106:1632:1024_1920x0_80_0_0_cbd798f07d638234326358d8a78204a4.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Ставропол аз ҳамлаи террористӣ, ки аз ҷониби як пайрави ДИИШ* омода мешуд, пешгирӣ карда шуд, хабар медиҳад маркази равобити ҷамъиятии ФСБ Русия.Ин мард нақшаи тарконидани як бомбаи худсохтро доштааст. Ҳангоми кофтуков дар маҳалли зисти боздоштшуда аз ӯ маводи тарканда ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шудааст. ФСБ мегӯяд, террорист қасд доштааст, дар сохторҳои марбут ба ҳамлу нақли Ставропол бо истифода аз маводи таркандаи худсохт таркиш ташкил намояд.Аз рӯи ин далел корҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд. Дар ин росто мақомоти тафтишотии Русия тибқи моддаҳои марбут ба омодагӣ ба амали террористӣ ва истеҳсоли ғайриқонунии мавод ё дастгоҳҳои тарканда парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ёдовар мешавем, ки дар ду соли охир дар Русия аз ҳудуди 80 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шудааст. * - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе аз дигар кишварҳо
https://sputnik.tj/20211009/bozdoshti-haft-diish-amali-terroristi-tolibon-1042736372.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_251:51:1632:1087_1920x0_80_0_0_ededbb4b04dfba132933286ec459e90e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш ҳамлаи террористӣ, дииш
таркиш ҳамлаи террористӣ, дииш
Ҷилавгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар Русия
13:15 22.10.2021 (Навсозишуда: 16:26 22.10.2021) ФСБ аз ҳамлаи террористие дар қаламрави Ставропол пешгирӣ кард. Гуфта мешавад, ки он аз тарафи як ҷонибдори созмони террористии ДИИШ* омода мешудааст
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Ставропол аз ҳамлаи террористӣ, ки аз ҷониби як пайрави ДИИШ* омода мешуд, пешгирӣ карда шуд, хабар медиҳад маркази равобити ҷамъиятии ФСБ Русия.
"Хадамоти Федералии Амнияти Федератсияи Русия аз кӯшиши як ҷонибдори созмони террористии "Давлати исломӣ"* барои роҳандозии амали террористӣ пешгирӣ кард", - омадааст дар хабар.
Ин мард нақшаи тарконидани як бомбаи худсохтро доштааст.
Ҳангоми кофтуков дар маҳалли зисти боздоштшуда аз ӯ маводи тарканда ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шудааст.
ФСБ мегӯяд, террорист қасд доштааст, дар сохторҳои марбут ба ҳамлу нақли Ставропол бо истифода аз маводи таркандаи худсохт таркиш ташкил намояд.
Аз рӯи ин далел корҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ин росто мақомоти тафтишотии Русия тибқи моддаҳои марбут ба омодагӣ ба амали террористӣ ва истеҳсоли ғайриқонунии мавод ё дастгоҳҳои тарканда парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду соли охир дар Русия аз ҳудуди 80 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шудааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе аз дигар кишварҳо