https://sputnik.tj/20211022/hushdori-namoyandai-majlisi-eron-turkiya-khona-1043041258.html
Ҳушдори намояндаи Маҷлиси Эрон: дар Туркия хона нахаред
Ҳушдори намояндаи Маҷлиси Эрон: дар Туркия хона нахаред
Sputnik Тоҷикистон
Узви ҳайати Раиси Маҷлиси Эрон ба мардум ҳушдор дод, ки муроқиб сармояҳои худ дар Туркия бошед
2021-10-22T16:35+0500
2021-10-22T16:35+0500
2021-10-22T21:21+0500
туркия
эрон
хона
харидорӣ
харидан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/49/1028114926_0:145:1921:1225_1920x0_80_0_0_e0d8c4d4b01e1b09129ed077073e1f8b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Намояндаи парлумони Эрон ба мардум ҳушдор додааст, ки аз харидани хона дар Туркия парҳез намоянд, иттилоъ додааст Sputnik Эрон.Алиризои Салимӣ, намояндаи мардум дар порлумони Эрон дар "Твиттер"-аш навишт, ки мардум муроқиби сармояҳои худ бошанд, зеро суқути сангини лираи Туркия дар баробари доллар ба далели қарзи хориҷии беш аз 500-миллиарддолларӣ барои харидорони манзил шароити муносибе нахоҳад буд.“Харидорони хона дар Туркия агар имрӯз фурӯшанда бошанд, бояд 35 дарсади молиёт ба оиди сармоя бидиҳанд. Ин ғайр аз 4 навъи молиёт дигар аст ... эҳтиёт шарти ақл аст", - навиштааст ӯ.Қаблан Мустаф Қолии Хусравӣ, раиси Иттиҳоди мушовирони амволи ғайриманқул гуфта буд, ки ваъдаи дарёфти иқомат бо харидани манзил дар Туркия ва Дубай саробе аст, ки бархе мардум гирифтори он мешаванд.“Мардум набояд фиреби таблиғоти хариди хона дар кишвари Туркия ва Қибрис (Кипр)-ро бихӯранд, чаро ки ин кишварҳо ба роҳатӣ иқомат ё санади расмиро ба харидорон намедиҳанд”, - гуфт номбурда.
https://sputnik.tj/20211019/eron-million-panohanda-afghoniston-1042975620.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/49/1028114926_121:0:1784:1247_1920x0_80_0_0_4d2965cca1cbcea21e815ca64126ce16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, туркия, ҳушдор, хона, сармоя, мардум
эрон, туркия, ҳушдор, хона, сармоя, мардум
Ҳушдори намояндаи Маҷлиси Эрон: дар Туркия хона нахаред
16:35 22.10.2021 (Навсозишуда: 21:21 22.10.2021) Узви ҳайати раиси Маҷлиси Эрон ба мардум ҳушдор дод, ки "муроқиби сармояҳои худ дар Туркия бошед"
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Намояндаи парлумони Эрон ба мардум ҳушдор додааст, ки аз харидани хона дар Туркия парҳез намоянд, иттилоъ додааст Sputnik Эрон.
Алиризои Салимӣ, намояндаи мардум дар порлумони Эрон дар "Твиттер"-аш навишт, ки мардум муроқиби сармояҳои худ бошанд, зеро суқути сангини лираи Туркия дар баробари доллар ба далели қарзи хориҷии беш аз 500-миллиарддолларӣ барои харидорони манзил шароити муносибе нахоҳад буд.
“Харидорони хона дар Туркия агар имрӯз фурӯшанда бошанд, бояд 35 дарсади молиёт ба оиди сармоя бидиҳанд. Ин ғайр аз 4 навъи молиёт дигар аст ... эҳтиёт шарти ақл аст", - навиштааст ӯ.
Қаблан Мустаф Қолии Хусравӣ, раиси Иттиҳоди мушовирони амволи ғайриманқул гуфта буд, ки ваъдаи дарёфти иқомат бо харидани манзил дар Туркия ва Дубай саробе аст, ки бархе мардум гирифтори он мешаванд.
“Мардум набояд фиреби таблиғоти хариди хона дар кишвари Туркия ва Қибрис (Кипр)-ро бихӯранд, чаро ки ин кишварҳо ба роҳатӣ иқомат ё санади расмиро ба харидорон намедиҳанд”, - гуфт номбурда.