https://sputnik.tj/20211019/eron-million-panohanda-afghoniston-1042975620.html
Дар Эрон беш аз се миллион паноҳандаи афғонистонӣ қарор дорад
Дар Эрон беш аз се миллион паноҳандаи афғонистонӣ қарор дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ситоди кулли Эрон мегӯяд, теъдоди қобили мулоҳизае аз Афғонистон ба ин кишвар паноҳ бурдааст 19.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-19T20:45+0500
2021-10-19T20:45+0500
2021-10-19T20:45+0500
сиёсат
афғонистон
эрон
гуреза
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045305_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_2231a266c69f522eee238d1cf552b955.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Зиёда аз 3 миллион гурезаи афғонистонӣ алъон дар Эрон қарор дорад. Дар ин бора Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Эрон дар мулоқот бо вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу дар Маскав иттилоъ дод. Ин мақоми эронӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав ва Теҳрон дар масъалаи Афғонистон равиши муштарак доранд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки пас аз хуруҷи амрикоиҳо Афғонистон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯст.Раиси Ситоди кулли Эрон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуруди теъдоди зиёди паноҳандагон аз Афғонистон ин кишвар дар мубориза алайҳи маводи мухаддир бо мушкил рӯ ба рӯ мешавад.Пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* теъдоди зиёди шаҳрвандони Афғонистон ватани худро тарк намуданд ва дар дигар давлатҳо паноҳанда шуданд.Чанде пеш Иттиҳоди Аврупо эълон намуд, ки ба Тоҷикистон барои қабули гурезаҳои Афғонистон 160 ҳазор евра кумаки молӣ ихтисос медиҳад. ИА ҳушдор дода буд, ки то авохири соли ҷорӣ теъдоди паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон то 50 ҳазор нафар хоҳад расид.
https://sputnik.tj/20210830/ehtimoli-sadho-hazor-panohanda-afghoniston-tojikiston-1041970553.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045305_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_701dbcb62757771c33e59e437f107f55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , афғонистон, эрон, гуреза, осиёи марказӣ
сиёсат , афғонистон, эрон, гуреза, осиёи марказӣ
Дар Эрон беш аз се миллион паноҳандаи афғонистонӣ қарор дорад
Ситоди кулли Эрон мегӯяд, теъдоди қобили мулоҳизае аз Афғонистон ба ин кишвар паноҳ бурдааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Зиёда аз 3 миллион гурезаи афғонистонӣ алъон дар Эрон қарор дорад. Дар ин бора Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Эрон дар мулоқот бо вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу дар Маскав иттилоъ дод.
"Эрон ба вуруди барзиёди паноҳандагон аз Афғонистон осебпазир аст ва дар ҳоли ҳозир беш аз 3 миллион гурезаи афғонистонӣ дар қаламрави Эрон ба сар мебарад", - гуфт Боқирӣ.
Ин мақоми эронӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав ва Теҳрон дар масъалаи Афғонистон равиши муштарак доранд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки пас аз хуруҷи амрикоиҳо Афғонистон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯст.
Раиси Ситоди кулли Эрон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуруди теъдоди зиёди паноҳандагон аз Афғонистон ин кишвар дар мубориза алайҳи маводи мухаддир бо мушкил рӯ ба рӯ мешавад.
Пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* теъдоди зиёди шаҳрвандони Афғонистон ватани худро тарк намуданд ва дар дигар давлатҳо паноҳанда шуданд.
Чанде пеш Иттиҳоди Аврупо эълон намуд, ки ба Тоҷикистон барои қабули гурезаҳои Афғонистон 160 ҳазор евра кумаки молӣ ихтисос медиҳад. ИА ҳушдор дода буд, ки то авохири соли ҷорӣ теъдоди паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон то 50 ҳазор нафар хоҳад расид.