https://sputnik.tj/20211022/barakat-isfara-sughd-boghi-nav-bunyod-1043045856.html
“Баракат-Исфара” дар Суғд боғи нав бунёд мекунад
“Баракат-Исфара” дар Суғд боғи нав бунёд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар дидор бо раиси вилояти Суғд роҳбарияти ширкати “Баракат-Исфара” қайд кардааст, ки дар ояндаи наздик тасмим дорад боғҳои нав бунёд кунад
2021-10-22T20:45+0500
2021-10-22T20:45+0500
2021-10-22T21:07+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
исфара
ҳамкорӣ
раҷаббой аҳмадзода
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043045756_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_52f437178fae771c3b5c31cf725599a9.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо муассис ва мудири ширкати “Баракат-Исфара” дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.Манбаъ таъкид кардааст, зимни суҳбат роҳбари вилоят иброз дошт, ки барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, боғҳои интенсивӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.Роҳбарияти ширкати “Баракат-Исфара” зимни мулоқот хабар дод, ки ояндаи наздик нақшаҳои тарҳрезишуда дар самти бунёди боғҳои нав ва ташкили хатти нави истеҳсолӣ амалӣ мегардад.“Раиси вилоят зарур шуморид, ки дар навбати аввал аз ҷониби “Баракат- Исфара” дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд ва баъдан ин масоҳат то ба 500 гектар расонида шавад”, - таъкид доштааст манбаъ.Раиси вилояти Суғд зикр кардааст, ки хатти нави истеҳсолӣ низ бо назардошти талаботи бозор ва ҳарчи зиёд намудани шумораи коргарон фаъол карда шуда, захираву имкониятҳо пурра истифода гардад.Тибқи иттилои манбаъ, ширкати “Баракат-Исфара” аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақи саноатӣ ба шумор рафта, имрӯз дар он бештар аз 140 нафар кору фаъолият доранд.Давоми 9 моҳи соли равон дар корхонаи мазкур 616 тонна меваи хушк коркард гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар зиёд аст.Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ин давра ба маблағи 11 миллиону 735,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 808 миллион сомонӣ бештар мебошад.Тибқи таҳлилҳо, аз соли 2017 то ба имрӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз 4 милиону 924 ҳазор сомонӣ ба беш аз 11 миллион сомонӣ расонида шудааст.
https://sputnik.tj/20211021/tayinot-kadr-zamin-sughd-1043001230.html
https://sputnik.tj/20211019/rusiya-forum-tijorati-sughd-khujand-1042963756.html
суғд
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043045756_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_3a81dcf05e7e82018d215bfe1c6a4e8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, исфара, баракат, гширкат, суғд, бунёд боғ
тоҷикистон, исфара, баракат, гширкат, суғд, бунёд боғ
“Баракат-Исфара” дар Суғд боғи нав бунёд мекунад
20:45 22.10.2021 (Навсозишуда: 21:07 22.10.2021) Дар дидор бо раиси вилояти Суғд роҳбарияти ширкати “Баракат-Исфара” қайд кардааст, ки дар ояндаи наздик тасмим дорад, боғҳои нав бунёд кунад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо муассис ва мудири ширкати “Баракат-Исфара” дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Манбаъ таъкид кардааст, зимни суҳбат роҳбари вилоят иброз дошт, ки барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, боғҳои интенсивӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Роҳбарияти ширкати “Баракат-Исфара” зимни мулоқот хабар дод, ки ояндаи наздик нақшаҳои тарҳрезишуда дар самти бунёди боғҳои нав ва ташкили хатти нави истеҳсолӣ амалӣ мегардад.
“Раиси вилоят зарур шуморид, ки дар навбати аввал аз ҷониби “Баракат- Исфара” дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд ва баъдан ин масоҳат то ба 500 гектар расонида шавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Раиси вилояти Суғд зикр кардааст, ки хатти нави истеҳсолӣ низ бо назардошти талаботи бозор ва ҳарчи зиёд намудани шумораи коргарон фаъол карда шуда, захираву имкониятҳо пурра истифода гардад.
Тибқи иттилои манбаъ, ширкати “Баракат-Исфара” аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақи саноатӣ ба шумор рафта, имрӯз дар он бештар аз 140 нафар кору фаъолият доранд.
Давоми 9 моҳи соли равон дар корхонаи мазкур 616 тонна меваи хушк коркард гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар зиёд аст.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ин давра ба маблағи 11 миллиону 735,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 808 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Тибқи таҳлилҳо, аз соли 2017 то ба имрӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз 4 милиону 924 ҳазор сомонӣ ба беш аз 11 миллион сомонӣ расонида шудааст.