Су-30 бомбандозҳои ИМА-ро дар болои баҳри Сиёҳ гусел кард - видео

Обуна шудан
Ҳавопаймоҳои русии Су-30 бомбандозҳои амрикоиро дар болои баҳри Сиёҳ гусел карда, ба маҳали будубоши доимияшон баргаштанд
Чун ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ пушти ба тарафи марзи Русия гардонданд, ҳавопаймоҳои Су-30 низ ба макони навбатдории худ омаданд.
Ҷангандаи Су-30 ду бомбандози В-1В ва ду ҳавопаймои таъмини маводи сӯхти KC-135-ро дар болои баҳри Сиёҳ ҳамроҳӣ ва гусел намуданд, хабар дод дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Русия.
Ин қазия дар болои нуқтаи сифрӣ дар обҳои баҳри Сиёҳ рух додааст.

"Барои шиносоии ҳадафҳои ҳавоӣ ва ҷилавгирӣ аз нақзи марзи давлатӣ ба ҳаво ду ҷангандаи Су - 30 аз ҳайати навбатдории нерӯҳои ҳавоии флоти баҳри Сиёҳ баланд шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Вазорати мудофиаи Русия таъкид намуд, ки бомбандозҳои амрикоӣ марзи давлатии Русияро убур накарда буданд. Дар гузашта охири моҳи сентябр ҷангандаҳои Русия ба болои баҳри Сиёҳ баланд шуда буданд. Он замон се Су-35С бомбафкани В-52Н-и нерӯҳои ҳавоии ИМА-ро гусел намуданд.
Лентаи хабарҳо
0