Лавров ба "Толибон"* аз ҳукумати фарогир ва ҳуқуқи инсон гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар Афғонистон қабл аз оғози нишаст бо "Толибон"* баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар маросими ифтитоҳи даври навбатии машваратҳо дар бораи Афғонистон суханронӣ карда, дар мавриди музокироти кӯтоҳ бо ҳайати "Толибон"* сухан ронд .
Лавров қайд кард, ки вазифаи расидан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳоло ҳам таъхирнопазир аст.
"Мо кафолати ҳалли муваффақонаи онро пеш аз ҳама дар ташкили ҳукумати воқеан фарогир мебинем, ки бояд манфиатҳои на танҳо қувваҳои этникӣ, балки сиёсии кишварро пурра инъикос кунад", - гуфт дипломат.
Вазир бо ишора ба вазъи хароб дар Афғонистонро гуфт, масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон пеш аз ифтитоҳи нишаст бо ҳайати "Толибон" муфассал баррасӣ шудааст.
Семья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Лавров мушкилоти ҳукумати нави Афғонистонро номбар кард
Лавров ҳамчунин қайд кард, ки ҳукумати нави Афғонистон дар ояндаи наздик алтернатива надорад, аммо аллакай мушкилоти зиёде дорад, ки бояд фавран ҳал шаванд.
*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0