Собиқ роҳбари Пентагон сабаби номуваффақии ИМА дар Афғонистонро гуфт

CC BY 2.0 / Lt. Chad A. Dulac / Headed homeБатальон солдат США загружается в военный самолет
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
ИМА-ро зарур буд, ки дар Афғонистон артиши сабуки фаврӣ ва худкифоеро ташкил кунад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. ИМА зимни таълими артиши Афғонистон ба иштибоҳот роҳ дод, изҳор дошт дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CBS роҳбари пешини Пентагон, Роберт Гейтс.
Ӯ таъкид намуд, ки худаш низ масъули номуваффақ будани кишвараш дар Афғонистон мебошад.

"Мо артиши Афғонистонро ба монанди артиши худамон сохтем. Оне, ки гӯем, дар қиёс бо "Толибон"* таъминоти логистикии мураккабтару нигоҳдориро талаб мекард", - изҳор дошт Гейтс.

Ба гуфтаи роҳбари пешини Пентагон, ин кишвар бояд артиши "сабук, фаврӣ ва худкифое" - ро ташкил мекард, ки ба монанди нерӯҳои ҷангиёни ғасбкардаи қудрат дар Афғонистон мебуд.
Ба ҷои ин дар Афғонистон нерӯҳои мусаллаҳе пайдо шудаанд, ки таъминоти сангини моддӣ техникӣ доранд. Барои он ки афғонҳо тавонанд таҷҳизоти мураккабро истифода баранд, сарбозони амрикоиро зарур буд, ки онҳоро хондан ёд диҳанд.
"Вақте ҷои пойашонро танг карданд, болои ин боз фасод дар фармондеҳии болоии артиш зам шуд ва омилҳои дигар, артиш аз ҳам пошид", - таъкид намуд собиқ роҳбари Пентагон.
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Оё намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ба Маскав даъват шудаанд? Посухи Кобулов
Гейтс гуфт, аз чунин сурат гирифтани кор ҳайратзада нест, чун вақте дид, ки то кадом ҳад хуруҷи нерӯҳо шитобкоронаю бетартиб буд, ҳолаш бад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз анҷоми амалиёти низомии кишвараш дар Афғонистон охири моҳи апрел хабар дод. Артиши ИМА Афғонистонро баъди 20 соли ҳузур тарк гуфт.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА "Толибон"* фаъол шуда, нимаи моҳи август ҳукумат дар ин кишварро ғасб намуд. Бисёри музофотҳо бидуни муқовимат таслим шуданд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0