Оё намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ба Маскав даъват шудаанд? Посухи Кобулов

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСпециальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон феҳрасти даъватшудагон ба нишасти Маскавро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Русия ба ҳамоиши Маскав дар мавриди Афғонистон намояндагони Ҷабҳаи муқовимат аз Панҷшерро даъват накардааст.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Замир Кобулов хабар додааст. Ба суол дар ин маврид фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия посух додааст, ки аз танҳо "Толибон"*-ро даъват намудаанд.
Инчунин мақомоти Русия даъват шудани Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии ин кишварро рад кардаанд.
Совместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Ҳифзи марзу хунсо кардани душман: Оғози машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон
Ахиран хабар дода шуд, ки Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* дар садри як ҳайати ин созмони мамнуъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард.
Инъоммулоҳ Самангонӣ, узви комиссияи "Толибон"* дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Кобул иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд.
"Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили гуногуни марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт Самангонӣ.
Мулоқоти мазкур 20 октябр баргузор мешавад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0