https://sputnik.tj/20211018/oqozi-mashqhoi-nizomi-dar-tojikiston-1042933372.html
Ҳифзи марзу хунсо кардани душман: Оғози машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон
Ҳифзи марзу хунсо кардани душман: Оғози машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷараёни машқҳои низомиёни кишварҳои узви СААД таҷрибаи дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ андӯхтаашонро истифода хоҳанд кард ва ҳамчунин аз таҷҳизоти пешрафта истифода хоҳанд бурд
2021-10-18T13:50+0500
2021-10-18T13:50+0500
2021-10-18T19:10+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
саад
машқҳои низомӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041614306_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_84c7a7244fca54bf5e8b3fb424a7a596.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Машқҳои низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти машқҳо хабар доданд. Дар омӯзиш чаҳор ҳазор низомӣ ва беш аз 500 адад таҷҳизот ҷалб шудаанд. Дар байни онҳо мошинҳои зиреҳпӯши "Паланг", ҳавопаймои ҳамлагари Су-25 ва дигар моделҳои муосир қарор доранд.Дар полигонҳои Момирак ва Ҳарбмайдон, сарбозон дар сурати ҳамлаи террористӣ ва маҳаллисозии ҷангҳоро меомӯзанд. Низомиён таҷрибаи дар давоми муноқишаҳо дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ андӯхтаашонро истифода хоҳанд кард. Ба гуфтаи сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров, нақшаи машқҳо бадтарин сенарияи рушди рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар назар дорад."Паланг"-ҳои зиреҳпӯши Русияро барои тамринҳои СААД ба Тоҷикистон овардандМашқҳои низомӣ аз 18 то 23 октябр идома меёбад ва дар кори он низомиёни Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорус ва дигар кишварҳои узви СААД иштирок хоҳанд кард.Бояд гуфт, ки ин аввалин машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари вазъи ноороми афғонистон набуда, моҳи август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои низомӣ доир карданд.
https://sputnik.tj/20210909/saad-mashq-nizomi-marz-tojikiston-afghoniston-1042156330.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041614306_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_48688c46d1214248f4dbce2a64b819d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон машқҳои низомӣ саад
тоҷикистон машқҳои низомӣ саад
Ҳифзи марзу хунсо кардани душман: Оғози машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон
13:50 18.10.2021 (Навсозишуда: 19:10 18.10.2021) Дар ҷараёни машқҳои низомиёни кишварҳои узви СААД таҷрибаи дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ андӯхтаашонро истифода ва ҳамчунин аз таҷҳизоти пешрафта истифода хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Машқҳои низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти машқҳо хабар доданд.
Дар омӯзиш чаҳор ҳазор низомӣ ва беш аз 500 адад таҷҳизот ҷалб шудаанд. Дар байни онҳо мошинҳои зиреҳпӯши "Паланг", ҳавопаймои ҳамлагари Су-25 ва дигар моделҳои муосир қарор доранд.
Дар полигонҳои Момирак ва Ҳарбмайдон, сарбозон дар сурати ҳамлаи террористӣ ва маҳаллисозии ҷангҳоро меомӯзанд. Низомиён таҷрибаи дар давоми муноқишаҳо дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ андӯхтаашонро истифода хоҳанд кард.
Ба гуфтаи сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров, нақшаи машқҳо бадтарин сенарияи рушди рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар назар дорад.
Машқҳои низомӣ аз 18 то 23 октябр идома меёбад ва дар кори он низомиёни Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорус ва дигар кишварҳои узви СААД иштирок хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ин аввалин машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари вазъи ноороми афғонистон набуда, моҳи август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои низомӣ доир карданд.