"Ба русӣ ҳарф мезаданд": ҷанги толибу "сиёҳлаттаиҳо" дар Мазори Шариф

© Sputnik Вооруженные боевики
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон як даргирии шадид миёни "Толибон"* ва ДОИШ* ба вуқуъ пайваст
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ин даргирӣ рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа (14 – 15 октябр)-и ҳафтаи гузашта иттифоқ афтода ва бо кушта шудани чандин нафар ба анҷом расид.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли шоҳидони ҳодиса мегӯяд, ин даргирӣ дар қисмати шимолии шаҳри Мазори Шариф, минтақае ба номи Тахтапул ба вуқуъ пайвастааст.
"Як ҷое ба номи "Пружаи S" аст, ки пас аз суқути Мазори Шариф ба дасти "Толибон"* ин афроди латтаи сиёҳ бар сар пайдо шуданд. Мардум онҳоро "сиёҳлаттаиҳо" ва "русҳо" ном кардаанд, зеро ҳама дар ин марказ ба забони русӣ ҳарф мезананд", - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, нерӯҳои "Толибон"* дар Мазори Шариф таҳти амри Атоурраҳмон Умарӣ, фармондеҳи гарнизони Мазори Шарифи Вазорати дифои "Иморати Исломӣ" ба "сиёҳлаттаиҳо" ҳамла бурданд, аммо ахириҳо ба нерӯҳои толиб муқовимати сахт нишон доданд, ки даргирӣ як шабонарӯз идома кард.
Патруль запрещенной в России организации Талибан на улицах Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
"Қартаи ДОИШ*": "Толибон"* ба қурбонии терроризм табдил мешавад?
"Шунида мешуд, ки "сиёҳлаттаиҳо" бо забони русӣ ҳарф мезананд. Онҳоро "Толибон"* гир оварда натавонистанд, зеро хеле моҳир буданд. Дар пайи ҷанг дар "Пружаи S" ва ҳам "Пружаи истиқлол", ки марбути шахсе ба номи Аламхони Сиёҳ аст, хонаҳои мардум вайрону валангор шуданд. "Толибон"* ин ҳамларо расонаӣ накарданд, чизе намегӯянд", - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар дар Мазори Шариф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҷангиён ба ҳаракатҳои террористии кишварҳои Осиёи Марказию Русия марбут буда, як хонуми русӣ ҳам ҳамроҳашон ҳаст ва азбаски ҳар як ба забони мухталиф суҳбат мекард, забони муошираташон русӣ буд.
"Инҳо дар минтақаи Тахтапул як маркази низомӣ бунёд карда, хонаву ҷой ҳам доранд. Чанд нафарашон кушта шуданд, магар таслим нашуданд. "Толибон"* ақибнишинӣ карданд ва бо онҳо вориди музокира шуданд. Маслиҳат ин шуд, ки "сиёҳлаттаиҳо" минтақаро тарк кунанд. Онҳо рафтанд, аммо маълум нест, ба куҷо", - гуфт манбаъ.
Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, зоҳиран "сиёҳлаттаиҳо" марбути созмонҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳастанд, ки бо ДОИШ байъат кардаанд, зеро байрақи ин созмонро доранд. Бино ба гузориши манобеи Sputnik Тоҷикистон, дар баробари ин ҳодиса дар минтақаҳои Оқча, Мингаҷик ва Мурдиёни вилояти Ҷузҷон низ "байрақҳои сиёҳ"-и ДОИШ боло шудаанд, ки расонаҳо фақат аз як мавриди барафроштани ин байрақ дар қароргоҳи як фармондеҳи хурди туркман ба номи Оқмуҳаммад дар шаҳри Оқча хабар додаанд.
Аз сӯйи дигар ҳарфи ДОИШ* дар шимоли Афғонистон, бахусус манотиқи ҳаммарз бо Ӯзбекистону Туркманистон дар ҳолест, ки як ҳайати ҳукумати "Толибон"* бо раҳбарии Абдусалом Ҳанафӣ, муовини сарвазири ӯзбеки "Иморати Исломӣ" он рӯзҳо дар Тошканд ҳузур дошт.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Фавти ду фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Афғонистон дар задухӯрд бо Толибон
Атоурраҳмон Умарӣ, фармондеҳи гарнизони Мазори Шарифи Вазорати дифои "Иморати исломӣ" низ аз ӯзбекҳои вулусволии Сӯзмақалъаи вилояти Сарипул аст ва дар пойгоҳе, ки мавриди ҳамлаи нерӯҳои таҳти фармони ӯ қарор гирифт, аксаран ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) будубош доштаанд. ҲИӮ ҳанӯз соли 2015 бо ДОИШ*-и Хуросон байъат карда буд.
ДОИШ* дар шимоли Афғонистон аз соли 2015 ба ин сӯ ҷои по пайдо карда, тобистони соли 2018 дар пайи фишорҳои "Толибон" ба нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон таслим шуд ва гуфта мешуд, қиссааш хатм шудааст. Аммо ҳаводиси ахир нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ дигарбора дар вилоёти Шимол мустақар мешавад ва чолишҳои дигареро ҳам барои "Толибон" ва ҳам кишварҳои ин сӯи Ому ба вуҷуд меорад.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш кишвардори Русия Владимир Путин зимни як конфронси видеоӣ бо роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, ки ҷангҷӯён аз Ироқу Сурия бо таҷрибаи низомӣ фаъолона вориди Афғонистон мешаванд.
Вай ҳамчунин гуфт, ки ин террористон метавонанд барои ноором кардани вазъ дар кишвари ҳамсоя талош кунанд.
Владимир Путин қайд кард, ки вазъ дар Афғонистон боиси нигаронӣ аст, барои Осиёи Марказӣ ва тамоми фазои ИДМ хатар вуҷуд дорад.
"Бинобар ин вуҷуди ин вазъият тақвияти талошҳои муштаракро тақозо мекунад, пеш аз ҳама дар самти мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир", - таъкид кард раҳбари Русия.
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард
Президент инчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки "Толибон"* дар Афғонистон бо маводи мухаддир мубориза мебурданд, аммо дар шароити иқтисоди буҳронии ин кишвар даст кашидан аз ин манбаи даромад барои онҳо осон нахоҳад буд.
Путин қайд кард, ки дар Афғонистон 2 ҳазор ҷангҷӯи "Давлати исломӣ" (созмони террористие, ки дар Федератсияи Русия мамнуъ аст) мавҷуд аст ва онҳо барои барангехтани низоъҳои қавмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Русия талош менамоянд.
"Террористон кӯшиш мекунанд, ки ба қаламрави иттиҳод ворид шаванд, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон", - гуфт раҳбари Русия.
Аммо намояндагони "Толибон"* рӯзи 17-уми октябр иддаои ҷаноби Путинро рад намуданд. Онҳо гуфтанд, ки имкони интиқол ёфтани ҷангиёни ДОИШ* ба Афғонистон вуҷуд надорад, зеро назорати кишвар пурра дар дасти онҳост.
* - гурӯҳҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0