https://sputnik.tj/20211016/favti-farmondeh-muqovimat-zadukhurd-tolibon-1042914404.html
Фавти ду фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Афғонистон дар задухӯрд бо Толибон
Фавти ду фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Афғонистон дар задухӯрд бо Толибон
Sputnik Тоҷикистон
Дар даргириҳои ахир бо "Толибон" дар вилояти Бағлони Афғонистон ду ҷангии нерӯҳои Муқовимат кушта шуданд
2021-10-16T18:33+0500
2021-10-16T18:33+0500
2021-10-18T12:26+0500
афғонистон
ҷанг
гурӯҳи террористии "толибон"
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900238_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_2d8e436ff5950023676b1b2736f8a2c6.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар даргирӣ бо "Толибон" кушта шуданд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба манобеаш. Қайд карда мешавад, ки ҷанг дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон, дар шимоли Афғонистон сурат гирифтааст.Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон бошад, ҳоло нерӯҳои муқовимат дар қисмати Андароб ба дараҳо рафтаанд.Қаблан намояндагони Ҷабҳаи муқовимат гуфта буданд, ки дар вилоёти мухталифи Афғонистон муқовимат дар ҳоли шаклгирӣ аст.Қаблан Солеҳ Регистонӣ фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат дар мусоҳибае бо як телевизиони афғонистонӣ гуфт, муқовимат идома дорад ва онҳо барои муборизаҳои ҷадид омодагӣ мегиранд.Ӯ теъдоди муқовиматгаронро нагуфт, аммо таъкид кард, ки ба таври кофӣ нерӯ ҳаст.Ёдовар мешавем, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз бо истифода аз зӯр ба қудрат расидани "Толибон"* муборизаро оғоз кард, ки раҳбарии онро Аҳмади Масъуд ва фармондеҳияшро Солеҳ Регистонӣ ба зима дорад.Вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне муташанниҷ шуд, ки "Толибон" (ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон бештар ва дар 15 август қудрат дар Кобулро тасарруф кард.Президенти пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор ва низоми қаблӣ пурра суқут намуд."Толибон"* аввали моҳи сентябр кобинаашро эълон кард, ки ин иқдом боиси эътирозҳо гашт ва бинобар ҳамашумул набудани он то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё ҳукумати толибонии Афғонистонро ба расмият нашинохтааст.* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211013/hazoraho-ba-muqovimat-barkhostand-1042811673.html
https://sputnik.tj/20211006/jabha-muqovimat-dushanbe-vokhuri-tolibon-1042677200.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900238_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_9cd9a23527a6e6f836577a787fa7a9bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фавт фармондеҳ нерӯҳо муқовимат афғонистон задухӯрд "толибон"*
фавт фармондеҳ нерӯҳо муқовимат афғонистон задухӯрд "толибон"*
Фавти ду фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Афғонистон дар задухӯрд бо Толибон
18:33 16.10.2021 (Навсозишуда: 12:26 18.10.2021) Дар даргириҳои ахир бо "Толибон" дар вилояти Бағлони Афғонистон ду ҷангии нерӯҳои муқовимат кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар даргирӣ бо "Толибон" кушта шуданд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба манобеаш.
Қайд карда мешавад, ки ҷанг дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон, дар шимоли Афғонистон сурат гирифтааст.
"Дар ҷараёни даргириҳо ҳафт толиб низ нест карда шуд", - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон бошад, ҳоло нерӯҳои муқовимат дар қисмати Андароб ба дараҳо рафтаанд.
Қаблан намояндагони Ҷабҳаи муқовимат гуфта буданд, ки дар вилоёти мухталифи Афғонистон муқовимат дар ҳоли шаклгирӣ аст.
Қаблан Солеҳ Регистонӣ фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат дар мусоҳибае бо як телевизиони афғонистонӣ гуфт, муқовимат идома дорад ва онҳо барои муборизаҳои ҷадид омодагӣ мегиранд.
Ӯ теъдоди муқовиматгаронро нагуфт, аммо таъкид кард, ки ба таври кофӣ нерӯ ҳаст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз бо истифода аз зӯр ба қудрат расидани "Толибон"* муборизаро оғоз кард, ки раҳбарии онро Аҳмади Масъуд ва фармондеҳияшро Солеҳ Регистонӣ ба зима дорад.
Вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне муташанниҷ шуд, ки "Толибон" (ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон бештар ва дар 15 август қудрат дар Кобулро тасарруф кард.
Президенти пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор ва низоми қаблӣ пурра суқут намуд.
"Толибон"* аввали моҳи сентябр кобинаашро эълон кард, ки ин иқдом боиси эътирозҳо гашт ва бинобар ҳамашумул набудани он то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё ҳукумати толибонии Афғонистонро ба расмият нашинохтааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия