https://sputnik.tj/20211017/hushdor-zadani-dargiritojikiston-osebpazir-1042920616.html
Ҳушдор аз сар задани даргириҳои мусаллаҳона: Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои осебпазир
Ҳушдор аз сар задани даргириҳои мусаллаҳона: Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои осебпазир
Sputnik Тоҷикистон
Бархе кишварҳо бо хатари сар задани даргирии мусаллаҳона рӯбарӯ шудаанд, ки Тоҷикистон низ дар ин феҳраст аст, навиштааст як нашрияи Туркия
2021-10-17T13:55+0500
2021-10-17T13:55+0500
2021-10-18T13:53+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
има
афғонистон
ҷанг
чин
эрон
покистон
хатар
ҳинд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041543679_0:0:1024:576_1920x0_80_0_0_48ed01eb150ec8e0b224a5a46cc1cfb5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон метавонад даргирии мусаллаҳона рух диҳад, навиштааст нашрияи "Daily Sabah" бо такя ба таҳлилгараш. Ба навиштаи коршиноси нашрия, хатари даргирӣ дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ва вокуниши кишварҳои СААД афзоиш ёфтааст. Таъкид шудааст, ки дар аввал майдони ҷанг метавонад Афғонистон шавад, ки дар он манофеи чанд кишвар бармехӯранд. Эҳтимоли ҷанг миёни Чину ИМА дар Афғонистон бузург арзёбӣ шудааст, чун Маскав ва Пекин нигаронанд, ки террористон аз ин кишвар метавонанд ба қаламравашон роҳ ёбанд. Чин аз долони Вахон ташвиш дорад, ки метавонад гузаргоҳи ҷангиёни уйғур ба минтақаи Шинҷон шавад. Инчунин дар матлаб аз нуқтаҳои хатарзои пайвандгари Афғонистону Тоҷикистон ҳушдор дода шудааст. Таҳлилгари "Daily Sabah" зикр намудаст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъи баъди сари қудрат омадани "Толибон"* гуфтааст. Ҳушдорҳо дар бораи ҷой додани нерӯҳои СААД дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ нигаронзо арзёбӣ шудаанд. Дар баробари ин коршинос аз иттиҳоми Эрон алайҳи Покистон барои пуштибонияш аз "Толибон"* зикр намудаст. Ҳушдор дода шудааст, ки дар кишвар метавонад даргирии гуруҳҳои суннӣ ва нерӯҳои шиаи моил ба Эрон сар занад. Инчунин эҳтимоли бархӯрди Вашингтону Теҳрон низ бузург арзёбӣ гардидааст. Дар баробари ин ҳушдор дода шудааст, ки дар оянда метавонад даргирӣ миёни Ҳинду Покистон ва Чину Тайван рух диҳад. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211017/namoyanda-makhsus-prezident-qazoqiston-vorid-kobul-1042918769.html
има
афғонистон
чин
эрон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041543679_128:0:896:576_1920x0_80_0_0_02bdb8f8d67ba1aa371a2e77b311b7f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, тоҷикистон, мусаллаҳона, даргирӣ
ҳушдор, тоҷикистон, мусаллаҳона, даргирӣ
Ҳушдор аз сар задани даргириҳои мусаллаҳона: Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои осебпазир
13:55 17.10.2021 (Навсозишуда: 13:53 18.10.2021) Бархе кишварҳо бо хатари сар задани даргирии мусаллаҳона рӯ ба рӯ шудаанд, ки Тоҷикистон низ дар ин феҳраст қарор дорад, навиштааст як нашрияи Туркия
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон метавонад даргирии мусаллаҳона рух диҳад, навиштааст нашрияи "
Daily Sabah" бо такя ба таҳлилгараш.
Ба навиштаи коршиноси нашрия, хатари даргирӣ дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ва вокуниши кишварҳои СААД афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки дар аввал майдони ҷанг метавонад Афғонистон шавад, ки дар он манофеи чанд кишвар бармехӯранд.
Эҳтимоли ҷанг миёни Чину ИМА дар Афғонистон бузург арзёбӣ шудааст, чун Маскав ва Пекин нигаронанд, ки террористон аз ин кишвар метавонанд ба қаламравашон роҳ ёбанд.
Чин аз долони Вахон ташвиш дорад, ки метавонад гузаргоҳи ҷангиёни уйғур ба минтақаи Шинҷон шавад.
Инчунин дар матлаб аз нуқтаҳои хатарзои пайвандгари Афғонистону Тоҷикистон ҳушдор дода шудааст. Таҳлилгари "Daily Sabah" зикр намудаст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъи баъди сари қудрат омадани "Толибон"* гуфтааст.
Ҳушдорҳо дар бораи ҷой додани нерӯҳои СААД дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ нигаронзо арзёбӣ шудаанд.
Дар баробари ин коршинос аз иттиҳоми Эрон алайҳи Покистон барои пуштибонияш аз "Толибон"* зикр намудаст. Ҳушдор дода шудааст, ки дар кишвар метавонад даргирии гуруҳҳои суннӣ ва нерӯҳои шиаи моил ба Эрон сар занад.
Инчунин эҳтимоли бархӯрди Вашингтону Теҳрон низ бузург арзёбӣ гардидааст.
Дар баробари ин ҳушдор дода шудааст, ки дар оянда метавонад даргирӣ миёни Ҳинду Покистон ва Чину Тайван рух диҳад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар