https://sputnik.tj/20211017/namoyanda-makhsus-prezident-qazoqiston-vorid-kobul-1042918769.html
Намояндаи махсуси Тоқаев вориди Кобул шуд
Намояндаи махсуси Тоқаев вориди Кобул шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон эълом кард, ки Эржан Қозихон, намояндаи вижаи президенти ин кишвар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ вориди Кобул шуд
2021-10-17T12:10+0500
2021-10-17T12:10+0500
2021-10-18T13:30+0500
сиёсат
афғонистон
қазоқистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295607_0:0:3011:1694_1920x0_80_0_0_767a273fb3dfaf87d11151dc672d5934.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Намояндаи махсуси Қосим Жомарт Тоқаев барои баррасии кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон вориди шаҳри Кобул шуд.Бинобар хабари Вазорати умури хориҷии ин кишвар, Эржан Қозихон 17 октябр дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Афғонистон шуд. Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни ин сафар масоили марбут ба кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба мардуми Афғонистон ва ҳамчунин равобити тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Вазорат мегӯяд, Қазоқистон мехоҳад бо Созмони Милал барои густариши минбаъдаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҳамкорӣ кунад. Иёлоти Муттаҳида, ки соли 2001 барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм вориди Афғонистон шуд, билохира пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон, 31 август аз ин кишвар хориҷ шуд. Рӯзи 31-уми август Фармондеҳии марказии ИМА дар бораи анҷоми раванди ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ва анҷоми миссияи низомӣ дар Афғонистон хабар дод.
https://sputnik.tj/20211017/sukhangu-tolibon-intiqol-doish-afghoniston-1042918146.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295607_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0952bf21f1eea20e2e067c620b44a590.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон афғонистон
Намояндаи махсуси Тоқаев вориди Кобул шуд
12:10 17.10.2021 (Навсозишуда: 13:30 18.10.2021) Вазорати умури хориҷии Қазоқистон эълом кард, ки Эржан Қозихон, намояндаи вижаи президенти ин кишвар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ вориди Кобул шуд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Намояндаи махсуси Қосим Жомарт Тоқаев барои баррасии кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон вориди шаҳри Кобул шуд.
Бинобар хабари Вазорати умури хориҷии ин кишвар, Эржан Қозихон 17 октябр дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Афғонистон шуд. Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни ин сафар масоили марбут ба кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба мардуми Афғонистон ва ҳамчунин равобити тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ мешавад.
Вазорат мегӯяд, Қазоқистон мехоҳад бо Созмони Милал барои густариши минбаъдаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
Иёлоти Муттаҳида, ки соли 2001 барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм вориди Афғонистон шуд, билохира пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон, 31 август аз ин кишвар хориҷ шуд.
Рӯзи 31-уми август Фармондеҳии марказии ИМА дар бораи анҷоми раванди ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ва анҷоми миссияи низомӣ дар Афғонистон хабар дод.