https://sputnik.tj/20211006/jabha-muqovimat-dushanbe-vokhuri-tolibon-1042677200.html
Ҷабҳаи муқовимат аз Душанбе хост, вохӯрии онҳо бо "Толибон"*-ро тезонад
Ҷабҳаи муқовимат аз Душанбе хост, вохӯрии онҳо бо "Толибон"*-ро тезонад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, Тоҷикистон бояд дар ҳалли низои афғонистон бештар ташаббус нишон диҳад метавонад дар
2021-10-06T14:30+0500
2021-10-06T14:30+0500
2021-10-06T16:27+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900222_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_287a82cd2c1305560aae30af840106fd.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тоҷикистон метавонад дар расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон нақши ҳалкунанда дошта бошад. Дар ин бора раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидрам дар як мусоҳиба бо ТАСС ибрози назар намудааст.Вай таъкид кард, ки намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии ҷумҳурӣ барои муколама бо аъзои "Толибон"*, ки қудратро дар кишвар ба даст овардаанд, омодаанд.Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, Тоҷикистон "агар ташаббусро ба даст гирад, метавонад боз ҳам пеш равад."Илова бар ин Пидром қайд кард, ки барои кумак ба муқовимат бо дигар кишварҳо робита барқарор кардан лозим аст. Вай ишора кард, ки Ҷабҳаи муқовимат бояд бо Русия, ИМА, Чин, Эрон ва Покистон тамос гирад. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон ба мувофиқа расиданд, ки дар Душанбе намояндагони "Толибон"*-у Ҷабҳаи муқовиматро сари мизи гуфтушунид нишонанд.Аммо пас аз ин изҳорот дигар дар ин масъала пешравие сурат нагирифт.
https://sputnik.tj/20210918/imron-khon-emomal-rahmon-tojikh-pashtun-1042345961.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900222_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_7dee7fef176d103fb280f66c5120cf3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе толибон ҷабҳаи муқовимат
душанбе толибон ҷабҳаи муқовимат
Ҷабҳаи муқовимат аз Душанбе хост, вохӯрии онҳо бо "Толибон"*-ро тезонад
14:30 06.10.2021 (Навсозишуда: 16:27 06.10.2021) Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, Тоҷикистон бояд дар ҳалли низои Афғонистон бештар ташаббус нишон диҳад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тоҷикистон метавонад дар расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон нақши ҳалкунанда дошта бошад. Дар ин бора раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидрам дар як мусоҳиба бо ТАСС ибрози назар намудааст.
Вай таъкид кард, ки намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии ҷумҳурӣ барои муколама бо аъзои "Толибон"*, ки қудратро дар кишвар ба даст овардаанд, омодаанд.
"Ҷабҳаи муқовимат ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтушунид бо "Толибон"*-ро рад накардааст ва Тоҷикистон метавонад мизбони ин вохӯриҳо шавад",-бо боварӣ изҳор доштааст Пидром.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, Тоҷикистон "агар ташаббусро ба даст гирад, метавонад боз ҳам пеш равад."
Илова бар ин Пидром қайд кард, ки барои кумак ба муқовимат бо дигар кишварҳо робита барқарор кардан лозим аст. Вай ишора кард, ки Ҷабҳаи муқовимат бояд бо Русия, ИМА, Чин, Эрон ва Покистон тамос гирад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон ба мувофиқа расиданд, ки дар Душанбе намояндагони "Толибон"*-у Ҷабҳаи муқовиматро сари мизи гуфтушунид нишонанд.
Аммо пас аз ин изҳорот дигар дар ин масъала пешравие сурат нагирифт.