Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Сарбозони гумноми Ҳазористон": ҳазораҳо ҳам ба муқовимат бархостанд

© AFP 2023 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Як гурӯҳе аз размандагони собиқи урдӯи миллии Афғонистон таҳти номи "Сарбозони гумноми Ҳазористон" эъломи мавҷудият кард
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар ҳоли густариши ҷабҳаи "Сарбозони гумноми Ҳазористон" ин дувумин ҷабҳа алайҳи "Толибон"* дар Афғонистон хоҳад буд, ки ба дифоъ аз ҷумҳурияти исломӣ алайҳи иморати исломӣ қад алам мекунад.
Бино ба навори тасвирие, ки хабаргузории "Омоч"-и Афғонистон нашр кардааст, ин гурӯҳ дар қаламрави Ҳазораҷот – вилоятҳои ҳазоранишин ва аз ҳисоби сарбозони урдӯи пешини Афғонистон таъсис ёфтааст.
Як нафаре, ки дар ниқобаш секелети сари одам тасвир ёфтааст ва матоеро бо навиштаҷоти "Сарбозони гумноми Ҳазористон" ба пешонӣ бастааст, мегӯяд, далели муқовимати онҳо кушта шудан ва нақзи ҳуқуқи мардуми шиаи ҳазора аз дасти "Толибон"* ва ДОИШ* аст.

"Яке худашро толиб ном карда, якеи дигар ДОИШ*, ки фарқе миёнашон нест. Мардуми мо бояд ба по хезад. Огоҳ шавад, омодагӣ дошта бошад, камарашро баста кунад", - мегӯяд ин нафар.

Вай бо ишора ба инфиҷор дар масҷиди Сайидободи шаҳри Кундуз мегӯяд, ҳодисаи Кундуз аввалу охирин бор нест, балки аввали кор аст.

"Қабл аз ин як коре мешуд, "Толибон"*-у Иморати исломӣ ва ДОИШ* мегуфтанд. Ҳоло як ДОИШ*-ро мегӯянд. Толиб ҳам ДОИШ* аст, ДОИШ* ҳам толиб аст. Хар ҳамон хар аст, фақат полонаш дигар аст”, - мегӯяд ӯ.

Тайи 15 рӯзи ахир ду масҷиди шиаҳо дар Афғонистон мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд.
29 сентябр як инфиҷор дар масҷиди шиаҳои вилояти Хуст, дар ҷанубу шарқи Афғонистон рух дод, ки бар асари он як тан кушта ва 14 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
“Даҳшати ногуфтанӣ”: инфиҷори масҷиди шиаҳо дар Кундуз
7 октябр дар масҷиди шиаён, дар маҳаллаи Сайидободи шаҳри Кундуз як инфиҷори дигаре ба вуқуъ пайваст, ки ҷони 70 танро рабуд ва беш аз 130 нафарро захмӣ кард.
Фарде, ки аз номи узви ҷабҳаи "Сарбозони гумноми Ҳазристон" суҳбат мекунад, бо ишора ба афроди мусаллаҳе, ки дар атрофаш ҳастанд, мегӯяд, вақте ҳукумати Ғанӣ суқут кард, ин сарбозон сангарро раҳо накарданд ва ҳоло омодаи муборизаанд.

"Мо имконот дорем ва мардуми мо бояд дар нуқта – нуқтаи Ҳазораҷот омодаи дифоъ аз номусу иззати худ бошанд. Ҳар касе мегӯяд, ки толиб тағйир кардааст, дуруст нест. Ин гурӯҳ ислоҳ шуданӣ нест. Мисли ҳамон 20 соли пеш аст", - гуфт ӯ.

Ҳазористон ба он манотиқу вилоятҳои Афғонистон гуфта мешавад, ки аксари мардумаш ҳазораанд. Аксарияти куллии сокинони вилоятҳои Бомиёну Дойкундӣ дар Афғонистони марказӣ ҳазораанд.
Ҳамчунин ҳазораҳо дар Вардак, Урузгон, Ғур, Балх, Кобул ва дигар вилоятҳои Афғонистон низ зиндагӣ мекунанд.
Хазарейцы у своего пещерного дома в афганском Бамиане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Зиндагӣ дар ғорҳо: гузориши аксӣ аз Бомиёни Афғонистон
Ҳазораҳо як қавми Афғонистонанд, ки ба забони дарӣ суҳбат ва аз мазҳаби шиаи ҷаъфарӣ пайравӣ мекунанд. Дар ҳоли густариши ҷабҳаи "Сарбозони гумноми Ҳазористон" ин дувумин ҷабҳа алайҳи "Толибон"* дар Афғонистон хоҳад буд, ки ба дифоъ аз ҷумҳурияти исломӣ алайҳи Иморати исломӣ қад алам мекунад.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин ҷабҳа чӣ гуна тавоноӣ ва раҳбарие дорад. Дар ҳоли ҳозир танҳо ҷабҳае, ки ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам низомӣ кор мекунад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки аз сӯйи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал (1996 – 2001) раҳбарӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0