https://sputnik.tj/20211015/sabab-bemorkhona-prezident-ima-klinton-1042878416.html
Сабаби бистарӣ гаштани собиқ президенти ИМА Клинтон маълум шуд
Сабаби бистарӣ гаштани собиқ президенти ИМА Клинтон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти собиқи 75 - солаи ИМА дар беморхона бистарӣ шуд
2021-10-15T10:43+0500
2021-10-15T10:43+0500
2021-10-15T12:40+0500
дар ҷаҳон
президент
има
тандурустӣ
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042877359_0:127:3191:1922_1920x0_80_0_0_b3d085f53942151bd3bd27eb35a92a7e.jpg
Президенти пешини ИМА Билл Клинтон дар беморхона бистарӣ шуд, хабар медиҳанд расонаҳои амрикоӣ.Президенти собиқи ИМА ба маркази тиббии Донишгоҳи Калифорния, воқеъ дар Ирвин бистарӣ шуд. Гуфта мешавад, бемории ӯ ба COVID-19 рабте надорад.Сарвари пешини давлат, аз ҷумла бо антибиотикҳо табобат мегирад, омадааст дар хабари манбаъ. "Ӯро пас аз сироят ба беморхона бурданд. Бо антибиотикҳо ӯро табобат мекунанд ва табибон мегӯянд, ки ба онҳо вокуниши мусбат нишон медиҳад", - менависад телевизион бо истинод ба табибон. Пизишкони президенти собиқ Алпеш Амин ва Лиза Бардак гуфтаанд, ки роҳҳои пешобгузари президенти собиқ сироят шудаанд. Онҳо гуфтанд, мушкилҳои урологии афроди калонсол кам нестанд ва онҳоро табобат кардан осон аст. Онҳо инчунин қайд карданд, ки Клинтон на ба хотири саломатӣ, балки ба хотири амниятӣ дар шуъбаи эҳё табобат мегирад. Ӯ рӯзи сешанбе, пас аз эҳсоси хастагӣ ва муроҷиат барои ташхис дар беморхона бистарӣ шудааст. Уилям Ҷефферсон (Билл) Клинтон 75 сол дошта, аз соли 1993 то 2001 президенти Иёлоти Муттаҳида ва пеш аз он ӯ панҷ маротиба губернатори Арканзас интихоб шуда буд.
https://sputnik.tj/20211013/putin-giriftor-koronavirus-mesarsad-1042820496.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042877359_230:0:2961:2048_1920x0_80_0_0_e569dd71274ea418a8f29335d558091d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабаби беморхона президент има клинтон маълум
сабаби беморхона президент има клинтон маълум
Сабаби бистарӣ гаштани собиқ президенти ИМА Клинтон маълум шуд
10:43 15.10.2021 (Навсозишуда: 12:40 15.10.2021) Президенти собиқи 75-солаи ИМА дар беморхона бистарӣ шуд
Президенти пешини ИМА Билл Клинтон дар беморхона бистарӣ шуд, хабар медиҳанд расонаҳои амрикоӣ.
Президенти собиқи ИМА ба маркази тиббии Донишгоҳи Калифорния, воқеъ дар Ирвин бистарӣ шуд. Гуфта мешавад, бемории ӯ ба COVID-19 рабте надорад.
"Сабаби дар беморхона хобидани президенти пешини ИМА Билл Клинтон заҳролудшавии хун аст", - менависад CNN.
Сарвари пешини давлат, аз ҷумла бо антибиотикҳо табобат мегирад, омадааст дар хабари манбаъ.
"Ӯро пас аз сироят ба беморхона бурданд. Бо антибиотикҳо ӯро табобат мекунанд ва табибон мегӯянд, ки ба онҳо вокуниши мусбат нишон медиҳад", - менависад телевизион бо истинод ба табибон.
Пизишкони президенти собиқ Алпеш Амин ва Лиза Бардак гуфтаанд, ки роҳҳои пешобгузари президенти собиқ сироят шудаанд. Онҳо гуфтанд, мушкилҳои урологии афроди калонсол кам нестанд ва онҳоро табобат кардан осон аст.
Онҳо инчунин қайд карданд, ки Клинтон на ба хотири саломатӣ, балки ба хотири амниятӣ дар шуъбаи эҳё табобат мегирад.
Ӯ рӯзи сешанбе, пас аз эҳсоси хастагӣ ва муроҷиат барои ташхис дар беморхона бистарӣ шудааст.
Уилям Ҷефферсон (Билл) Клинтон 75 сол дошта, аз соли 1993 то 2001 президенти Иёлоти Муттаҳида ва пеш аз он ӯ панҷ маротиба губернатори Арканзас интихоб шуда буд.