Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Путин гуфт, аз гирифторӣ ба коронавирус метарсад ё не

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Ба далели сафарҳои зиёди корӣ хавфи гирифтор шудани раҳбари давлат ба коронавирус калон аст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти Русия гуфт, аз сироят шудан бо вируси корона меҳаросад ё хайр.
Кишвардор зимни суханронӣ дар чорабиние бахшида ба Ҳафтаи энергетикии Русия ба ин суол посух гуфт.
Намояндагони ВАО қайд карданд, ки Путин сафарҳои зиёди корӣ дорад ва дар ин ҳолатҳо хавфи гирифторӣ ба бемории коронавирус калон мешавад.
Ба гуфти президент, кори ӯро беш аз сад кас таъмин мекунанд ва пеш аз ҳама ин амнияти онҳо аст.

"Буд лаҳзае, ки ман метавонистам гирифтор шавам. Замоне ки ҳамкоронам бемор буданд ва ман бо онҳо дар тамос будам. Вале ин чиз рух надод", - қайд кард президент.

Ӯ афзуд, ки бо ваксинаи "Спутник V" эмин шудааст ва ин ба ӯ кумак кард, то бемор нашавад.
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Путин шарҳ дод, ки чаро месулфад
Қаблан сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфта буд, ки раисҷумҳур нақша надорад, дубора ваксина гирад.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳур, сатҳи масъунияти президенти Русия баланд аст.
Ёдовар мешавем, ки миёнаҳои моҳи сентябр Владимир Путин бинобар бемор шудани атрофиёнаш ба инзивоъ рафт. Бо чунин реҷа раҳбари Русия беш аз як ҳафта кор кард.
Лентаи хабарҳо
0