https://sputnik.tj/20211015/korshinos-sabab-ikhroj-muhojir-rusiyaro-1042875743.html
Коршинос сабаби асосии ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро гуфт
Коршинос сабаби асосии ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассис сабаби умумии ихроҷи хориҷиёнро аз Федератсияи Русия ном бурда, чӣ гуна аз он канорагирӣ карданро гуфт
2021-10-15T09:00+0500
2021-10-15T09:00+0500
2021-10-21T18:55+0500
дар тоҷикистон
ихроҷ
муҳоҷирони корӣ
афв
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032757805_0:0:3071:1727_1920x0_80_0_0_60724bc25b0e97a14e68fa404c0d33e7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Сабаби асосии ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия вайрон кардани шартҳои будубош дар Федератсияи Русия мебошад. Дар ин бора раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ Ренат Каримов дар канали "Telegram"-и "Радиоточка НСН" хабар дод. Вай ёдовар шуд, ки хориҷиён ҳақ доранд, дар давоми шаш моҳ на бештар аз 90 рӯз дар Русия бимонанд ва сипас ба ватанашон раванд. Барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳо онҳо танҳо пас аз се моҳ метавонанд ба Федератсияи Русия баргарданд.Каримов ба зарурати дарёфти патент ба муҳоҷирони корӣ таъкид кард. Дар сурати набудани манобеи молӣ як хориҷӣ ба вайронкунандаи қонун табдил меёбад, афзуд ӯ.Сипас вуруд ба таври худкор барои муҳоҷир баста мешавад. Инчунин асноди хориҷиёнро метавонанд дар кӯча санҷанд.Агар ба додгоҳ муроҷиат кунем, вазъ бадтар мешавад. Ҳамзамон афв нисбати хориҷиёне, ки бо қарори додгоҳ хориҷ карда шудаанд, татбиқ намегардад. Қаблан роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов аз лағви қарори манъи вуруди 150 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон хабар дода буд.Ба гуфтаи Кирилл Кабанов, узви раёсати Шӯрои ҳуқуқи инсон, чунин тасмим ҷиноят дар Русияро афзоиш медиҳад ва таҳдиди амниятӣ ҳам ҳаст.
https://sputnik.tj/20211014/tojik-ruykhat-afv-muhojirat-1042827596.html
https://sputnik.tj/20211014/zhirinovskiy-afv-muhojiron-hayrat-1042839558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032757805_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b17fdab811a776298ab579cd6b64a41f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос сабаб ихроҷ муҳоҷирон русия
коршинос сабаб ихроҷ муҳоҷирон русия
Коршинос сабаби асосии ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро гуфт
09:00 15.10.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.10.2021) Мутахассис сабаби умумии ихроҷи хориҷиёнро аз Федератсияи Русия ном бурда, чӣ гуна аз он канорагирӣ карданро гуфт
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Сабаби асосии ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия вайрон кардани шартҳои будубош дар Федератсияи Русия мебошад. Дар ин бора раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ Ренат Каримов дар канали "Telegram"-и "Радиоточка НСН" хабар дод.
Вай ёдовар шуд, ки хориҷиён ҳақ доранд, дар давоми шаш моҳ на бештар аз 90 рӯз дар Русия бимонанд ва сипас ба ватанашон раванд. Барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳо онҳо танҳо пас аз се моҳ метавонанд ба Федератсияи Русия баргарданд.
Каримов ба зарурати дарёфти патент ба муҳоҷирони корӣ таъкид кард. Дар сурати набудани манобеи молӣ як хориҷӣ ба вайронкунандаи қонун табдил меёбад, афзуд ӯ.
"Ӯро бар асоси сабти ном пайгирӣ мекунанд. Дер ё зуд вай Русияро тарк хоҳад кард. Ҳангоми дигарбора ворид шуданаш маълум мешавад, ки чанд муддат дар ин ҷо ғайриқонунӣ буд", - гуфт коршинос.
Сипас вуруд ба таври худкор барои муҳоҷир баста мешавад. Инчунин асноди хориҷиёнро метавонанд дар кӯча санҷанд.
"Агар онҳо фаҳманд, ки ӯ муддати тӯлонӣ бе патент Русияро тарк накардааст, пас қарори манъи вуруди ӯ ба Федератсияи Русия ба дасташ дода мешавад", - таъкид кард Каримов.
Агар ба додгоҳ муроҷиат кунем, вазъ бадтар мешавад. Ҳамзамон афв нисбати хориҷиёне, ки бо қарори додгоҳ хориҷ карда шудаанд, татбиқ намегардад.
Қаблан роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов аз лағви қарори манъи вуруди 150 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон хабар дода буд.
Ба гуфтаи Кирилл Кабанов, узви раёсати Шӯрои ҳуқуқи инсон, чунин тасмим ҷиноят дар Русияро афзоиш медиҳад ва таҳдиди амниятӣ ҳам ҳаст.