Беш аз сад ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати "афви муҳоҷирон" қарор гирифт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСитуация у миграционного центра в Подмосковье
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Обуна шудан
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба як рӯйхати "афви муҳоҷирон"-и нав ворид шуданд: ба онҳо иҷозаи бозгашт дода мешавад, агар бо қарори додгоҳ ихроҷ нашуда бошанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфт, Русия ба он даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бидуни қарор додгоҳ ихроҷ шуда ва вурудашон ба ин кишвар мамнуъ буд, иҷозаи вуруд додааст.
Вай тавзеҳ дод, дар пайи ин тағйир танҳо он муҳоҷирони корие, ки вурудашон ба Русия аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ мамнуъ шуда буд, метавонанд ба Русия баргарданд.
Аммо он хориҷиёне, ки бо қарори додгоҳҳои Федератсияи Русия аз ин кишвар ихроҷ шудаанд, то поёни муддатзамони таъйиншуда дар қарори додгоҳ онҳо аз ҳаққи вуруд ба хоки федератсия маҳруманд.
Ҳамин тариқ, гуфта мешавад, беш аз сад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд аз ин "афви муҳоҷирон" бархурдор шаванд.
Прибытие поезда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Русия
Русия вуруд ва хуруҷи муҳоҷиронро осон мекунад
Мавриди зикр аст, ки Русия инчунин қарори манъи вуруди 158 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро низ бекор кард.
Ин тасмим дар мулоқоти муовини аввали вазири умури дохилии Русия генерал-полковник Александр Горовой ва мушовири сарвазири Ӯзбакистон Меҳриддин Хайриддинов гирифта шудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ин афв дар нисбати он даста аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки бо қарори додгоҳ ихроҷ шудаанд, татбиқ намешавад.
Лентаи хабарҳо
0