https://sputnik.tj/20211014/zhirinovskiy-afv-muhojiron-hayrat-1042839558.html
"Шумо мебинед, ки онҳо чӣ кор хоҳанд кард": ҳайрати Жириновский аз афви муҳоҷирон
"Шумо мебинед, ки онҳо чӣ кор хоҳанд кард": ҳайрати Жириновский аз афви муҳоҷирон
Sputnik Тоҷикистон
Жириновский талаб кард, шарҳ диҳанд, ки афви муҳоҷирон барои Русия чӣ зарурат дорад ва онро баррасӣ кунанд
2021-10-14T18:25+0500
2021-10-14T18:25+0500
2021-10-15T10:16+0500
владимир жириновский
муҳоҷирин
афв
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042837510_0:73:3147:1843_1920x0_80_0_0_5b5af52e64d194b4ad5c846784518bb6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раҳбари ҳизби ҲЛДР Владимир Жириновский зимни суханронӣ дар пленуми Думаи давлатӣ аз Кумитаи ИДМ-и Думаи давлатӣ пурсид, ки чаро Русия ба афви муҳоҷирон ниёз дорад, менависад "Парламентская газета". Сиёсатмадори рус дар ин нишаст таваҷҷуҳро ба "афви муҳоҷирон" -и нав ҷалб кард. Вай тавзеҳ дод, ки ҳоло дар Русия тақрибан 300 ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ афв шудаанд, ба онҳо иҷозаи дубора ба кор рафтан дода шудааст.Пас аз он раҳбари Ҳизби либерал -демократӣ аз Кумитаи умури ИДМ-и Думаи давлатӣ хоҳиш кард, ки ин вазъро баррасӣ кунад. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин низ пас аз шарҳи Жириновский ба Кумитаи умури ИДМ супоришҳои мушаххас дод."То ҷое ки ман медонам, сухан дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меравад, ки ба таъхири бақайдгирӣ вобаста аст", - мушаххас кард Володин . Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки афви ба истилоҳ муҳоҷирон ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳое дахл надорад, ки қонунҳоро вайрон кардаанд ё " қонуншикании ҷиноӣ содир кардаанд." Илова бар ин Володин таъкид кард, ки ин маълумот бояд ба шаҳрвандон расонида ва шарҳ дода шавад. Ёдовар мешавем, ки Русия мамнуияти вуруд барои 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин кишварро ботил кард. Афв нисбати шаҳрвандони хориҷие татбиқ намегардад, ки дар асоси қарори суд аз Федератсияи Русия ихроҷ шудаанд.
https://sputnik.tj/20211014/tojik-ruykhat-afv-muhojirat-1042827596.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042837510_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3d56fd64d466b068a4ed0828f3542242.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳайрат жириновский афв муҳоҷирон
ҳайрат жириновский афв муҳоҷирон
"Шумо мебинед, ки онҳо чӣ кор хоҳанд кард": ҳайрати Жириновский аз афви муҳоҷирон
18:25 14.10.2021 (Навсозишуда: 10:16 15.10.2021) Жириновский талаб кард, шарҳ диҳанд, ки афви муҳоҷирон барои Русия чӣ зарурат дорад ва онро баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раҳбари ҳизби ҲЛДР Владимир Жириновский зимни суханронӣ дар пленуми Думаи давлатӣ аз Кумитаи ИДМ-и Думаи давлатӣ пурсид, ки чаро Русия ба афви муҳоҷирон ниёз дорад, менависад "Парламентская газета".
Сиёсатмадори рус дар ин нишаст таваҷҷуҳро ба "афви муҳоҷирон" -и нав ҷалб кард.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳоло дар Русия тақрибан 300 ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ афв шудаанд, ба онҳо иҷозаи дубора ба кор рафтан дода шудааст.
"Ҳар касе дар ин ҷо авбош буд, зӯровариву таҷовуз мекард, барои онҳо бозгашт ба Русия манъ карда шуда буд. Онҳо афв шуданд, 300 ҳазор ба зудӣ меоянд. Ҳоло онҳо бармегарданд ва шумо хоҳед дид, ки чӣ кор мекунанд", - гуфт Жириновский.
Пас аз он раҳбари Ҳизби либерал -демократӣ аз Кумитаи умури ИДМ-и Думаи давлатӣ хоҳиш кард, ки ин вазъро баррасӣ кунад.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин низ пас аз шарҳи Жириновский ба Кумитаи умури ИДМ супоришҳои мушаххас дод.
"То ҷое ки ман медонам, сухан дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меравад, ки ба таъхири бақайдгирӣ вобаста аст", - мушаххас кард Володин .
Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки афви ба истилоҳ муҳоҷирон ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳое дахл надорад, ки қонунҳоро вайрон кардаанд ё " қонуншикании ҷиноӣ содир кардаанд."
Илова бар ин Володин таъкид кард, ки ин маълумот бояд ба шаҳрвандон расонида ва шарҳ дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия мамнуияти вуруд барои 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин кишварро ботил кард.
Афв нисбати шаҳрвандони хориҷие татбиқ намегардад, ки дар асоси қарори суд аз Федератсияи Русия ихроҷ шудаанд.