ИМА то ҳол талош дорад, дар Ӯзбекистон пойгоҳҳои "зиддитеррористӣ" мустақар кунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Вашингтон
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Обуна шудан
Низомиёни ИМА умедворанд, ки бо ҳузур дар Ӯзбекистон метавонанд "ба Афғонистон хубтар зарба зананд".
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Мақомоти Пентагон моҳи октябр имкони ҷойгиркунии нерӯҳои зиддитеррористии Амрикоро дар Ӯзбекистон баррасӣ хоҳанд кард.
Дар бораи ин нашрияи "Politico" бо такя ба манбаъҳояш дар Конгресс навишт.

"Имконияти ҷойгир кардани нерӯҳои зиддитеррористӣ мавзуи рӯз хоҳад буд. Чунин созишнома ба низомиёни амрикоӣ имкон медиҳад, ки ҳадафҳоро дар Афғонистон беҳтар мушоҳида кунанд ва зарба зананд", - омадааст дар гузориш.

Авохири моҳи сентябр "Politico" навишта буд, ки ИМА истифодаи пойгоҳҳо дар наздикии Афғонистон, аз ҷумла пойгоҳҳои Русияро баррасӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар бораи ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомӣ бо Вашингтон музокира намекунанд.
Солдаты армии США возвращаются домой из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Мавқеи шартӣ: Маскав зидди ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар ОМ
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар навбати худ, қайд кард, ки Маскав қатъиян ба интиқоли зерсохтҳои низомии ИМА ва Ғарб аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолиф аст.
Ӯзбекистон ИМА-ро ба Афғонистон "роҳ" намедиҳад
Чунин мавқеъро президенти Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқот бо раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден низ изҳор дошт.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида моҳи августи соли равон нерӯҳояшро аз Афғонистон берун кашид ва ба ҳузури 20-солаи худ дар ин кишвар хотима бахшид.
Лентаи хабарҳо
0