https://sputnik.tj/20211008/maskav-zidd-joygirkuni-neruho-ima-1042727788.html
Мавқеи шартӣ: Маскав зидди ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар ОМ
Мавқеи шартӣ: Маскав зидди ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар ОМ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров аз мавқеи қотеъонаи Русия дар мавриди мустақар кардани артиши ИМА дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуд
2021-10-08T18:40+0500
2021-10-08T18:40+0500
2021-10-08T21:00+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
маскав
има
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042102941_0:165:3055:1883_1920x0_80_0_0_90968fd454ff929f5e4032a378dba6e9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот бо аъзои Анҷумани соҳибкорони аврупоӣ масъалаи мустақар кардани контингенти амрикоиро пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон ба миён гузошт. Лавров қайд кард, ки чунин тасмим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари бузург дорад, зеро он ба таври худкор дигар кишварҳоро ба "ҳадафи террористон" табдил медиҳад.Инчунин сиёсатмадори рус сиёсати ИМА-ро нисбати паноҳандагони афғон шадидан маҳкум кард. Барои Маскав, пеш аз ҳама суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст, хулоса кард Лавров.
https://sputnik.tj/20211006/uzbekiston-ima-afghoniston-nazdik-1042677319.html
маскав
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042102941_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_67abad214a308b77c11fb8593bef802e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, има, ом
Мавқеи шартӣ: Маскав зидди ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар ОМ
18:40 08.10.2021 (Навсозишуда: 21:00 08.10.2021) Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз мавқеи қотеонаи кишвараш дар мавриди мустақар кардани артиши ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот бо аъзои Анҷумани соҳибкорони аврупоӣ масъалаи мустақар кардани контингенти амрикоиро пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон ба миён гузошт.
"Мо пайваста ба ҳамкасбони ғарбии худ хотиррасон мекунем, ки мо зидди интиқоли инфрасохтори низомӣ аз Афғонистон ё ҷойгиркунии зерсохтори нави низомӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳастем",-гуфт сиёсатмадор.
Лавров қайд кард, ки чунин тасмим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари бузург дорад, зеро он ба таври худкор дигар кишварҳоро ба "ҳадафи террористон" табдил медиҳад.
Инчунин сиёсатмадори рус сиёсати ИМА-ро нисбати паноҳандагони афғон шадидан маҳкум кард.
"Ҳоло бисёриҳо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро водор мекунанд, гурезаҳоро барои як-ду моҳ қабул кунед ва мо ҳуҷҷатҳояшонро дуруст карда, баъд мебарем. Ду моҳ барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо?"-гуфт роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Барои Маскав, пеш аз ҳама суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст, хулоса кард Лавров.