https://sputnik.tj/20211010/dodgohii-parvanda-qatli-rufeyda-1042753337.html
Баргузории нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи қатли Руфейда
Баргузории нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи қатли Руфейда
Sputnik Тоҷикистон
Гумонбари асосӣ ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак - Раҳматулло Гадоев аст 10.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-10T21:39+0500
2021-10-10T21:39+0500
2021-10-11T13:10+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
иҷтимоъ
куштор
суд
таҷовуз
духтарак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:400_1920x0_80_0_0_eb6be79004adbbdce13f13e6eb998a30.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Баъди се моҳи ҳодисаи пурсарусадои куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова дар ноҳияи Рӯдакӣ нахустин раванди додгоҳии парвандаи мазкур баргузор мешавад.Дар ин бора падари духтараки ғӯрамарг Валиҷон Иноятов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори даҳшатбори духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ авали моҳи июл рух дод. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 норасида ва 104 - куштор гумонбар мешавад.Бино бар иттилои Валиҷон Иноятов, нахустин раванди додгоҳии парвандаи куштори Руфейда 11 октябр пас аз зӯҳр дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баргузор мешавад."Интизор меравад, ки муфаттишон барои идомаи тафтиши парванда дархости тамдиди ҳабси гумонбар кунад", - мегӯяд вай.Пештар бибии духтарак Гулсун Иноятова дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда буд, ки бо гузашти се моҳи ҳодиса аз натиҷаҳои тафтишот ба онҳо чизе маълум нест.Падари Руфейда мегӯяд, бо вакили дифоаш доим дар иртибот аст ва онҳо то охир аз додрас барои Раҳматулло ҳабси абадро талаб хоҳанд кард.Валиҷон меафзояд, ҳоло ӯ ва ҳамсару ду фарзанлдаш, яке дугоники Руфейда - Румейса ва додари дусолааш Ҳакимҷон манзилашонро дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ тарк кардаанд.Вай меафзояд, ки пас аз қазияи куштори духтаракаш нафарони зиёде ба оилаи онҳо кӯмак расониданд, ки аз онҳо миннатдор аст.Ҳамчунин, пештар хонаводаи Иноятовҳо иддао доштанд, ки модари Гадоев низ дар ҳодиса даст дорад - изи ҷиноятро дидаву дониста пӯшонидааст. Вазири умури дохили Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ моҳи август гуфт, ки мақомот аз даст доштани модари гумонбар дар куштори Руфейда иттилое надорад.Вай афзуд, ки тафтишоти ҳодисаро прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва вобаста ба анҷом ёфтани он маълум мешавад, ки оё модари Раҳматулло дар ҳодиса даст доштааст ё не."Агар модари ӯ ба ин ҷиноят даст дошта бошад, ӯ ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯяд", - таъкид карда буд вазир.Падари Руфейда мегӯяд, то ҳол ба онҳо маълум нест, ки нисбати ин паҳлӯи ҳодиса чӣ чораҷӯиҳо андешида шудааст.Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210721/qasam-suhbati-padar-rufaydo-1041062683.html
https://sputnik.tj/20210714/rufayda-bozi-gadoev-mast-budaast--videoi-purrai-vkd-1040886808.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:532_1920x0_80_0_0_9d080b912a9a5c7b19198b2b946e15b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, иҷтимоъ, куштор, суд, таҷовуз, духтарак
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, иҷтимоъ, куштор, суд, таҷовуз, духтарак
Баргузории нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи қатли Руфейда
21:39 10.10.2021 (Навсозишуда: 13:10 11.10.2021) Гумонбари асосӣ ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак - Раҳматулло Гадоев аст
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Баъди се моҳи ҳодисаи пурсарусадои куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова дар ноҳияи Рӯдакӣ нахустин раванди додгоҳии парвандаи мазкур баргузор мешавад.
Дар ин бора падари духтараки ғӯрамарг Валиҷон Иноятов ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори даҳшатбори духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ авали моҳи июл рух дод. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.
Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 норасида ва 104 - куштор гумонбар мешавад.
Бино бар иттилои Валиҷон Иноятов, нахустин раванди додгоҳии парвандаи куштори Руфейда 11 октябр пас аз зӯҳр дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.
"Интизор меравад, ки муфаттишон барои идомаи тафтиши парванда дархости тамдиди ҳабси гумонбар кунад", - мегӯяд вай.
Пештар бибии духтарак Гулсун Иноятова дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда буд, ки бо гузашти се моҳи ҳодиса аз натиҷаҳои тафтишот ба онҳо чизе маълум нест.
Падари Руфейда мегӯяд, бо вакили дифоаш доим дар иртибот аст ва онҳо то охир аз додрас барои Раҳматулло ҳабси абадро талаб хоҳанд кард.
Валиҷон меафзояд, ҳоло ӯ ва ҳамсару ду фарзанлдаш, яке дугоники Руфейда - Румейса ва додари дусолааш Ҳакимҷон манзилашонро дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ тарк кардаанд.
"Хонаро ба фурӯш гузошта, муваққатан бо апаам зиндагӣ мекунем. Баъди он ҳодиса ба оилаамон ва хусусан, ҳамсараму Румейса дар он маҳалла ва хонаамон мондан, мушкил аст", - мегӯяд Валиҷон.
Вай меафзояд, ки пас аз қазияи куштори духтаракаш нафарони зиёде ба оилаи онҳо кӯмак расониданд, ки аз онҳо миннатдор аст.
Ҳамчунин, пештар хонаводаи Иноятовҳо иддао доштанд, ки модари Гадоев низ дар ҳодиса даст дорад - изи ҷиноятро дидаву дониста пӯшонидааст.
Вазири умури дохили Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ моҳи август гуфт, ки мақомот аз даст доштани модари гумонбар дар куштори Руфейда иттилое надорад.
Вай афзуд, ки тафтишоти ҳодисаро прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва вобаста ба анҷом ёфтани он маълум мешавад, ки оё модари Раҳматулло дар ҳодиса даст доштааст ё не.
"Агар модари ӯ ба ин ҷиноят даст дошта бошад, ӯ ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯяд", - таъкид карда буд вазир.
Падари Руфейда мегӯяд, то ҳол ба онҳо маълум нест, ки нисбати ин паҳлӯи ҳодиса чӣ чораҷӯиҳо андешида шудааст.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.