https://sputnik.tj/20210714/rufayda-bozi-gadoev-mast-budaast--videoi-purrai-vkd-1040886808.html
“Руфейда барои бозӣ омад”: Гадоев маст будааст – видеои пурраи ВКД
“Руфейда барои бозӣ омад”: Гадоев маст будааст – видеои пурраи ВКД
Sputnik Тоҷикистон
Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки ба иттилои мақомоти тоҷик аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоев мавриди таҷовуз ва кушта шудааст, он рӯз ба хонаи ҳамсоя барои бозӣ бо духтараш омад
2021-07-14T16:34+0500
2021-07-14T16:34+0500
2021-07-14T16:34+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
таҷовуз
қатл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040870859_0:323:532:622_1920x0_80_0_0_c475cb0e844bcac99a78c712a0b76a0e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, замоне, ки Руфейда ба хонаи дугонааш - духтари Гадоев омадааст, марди соҳибхона он ҷо танҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштаст. Соҳибхона бо истифода аз он, ки дар манзил касе нест, бо роҳи буғӣ кардан ба номуси духтарча дастдарозӣ кардааст.Манбаъ афзуд, Гадоев гарчанде маст будааст, аъмолашро дарк мекард, чун талоши пинҳон кардани изи ҷиноят намудаст. Муттаҳам дар пайи куштор ҷасадро ба ҳоҷатхона партофта, болояш хоку санг партофта, осори хунро тоза намудаст, омадааст дар гузориш. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 норасида ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.Ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола рӯзи 4 июл дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, аз қазияҳои пурбаҳстарин дар ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Мақомот бо иттиҳоми ин ҷиноят ҳамсоя ва падари дугонаи Руфейда - Раҳматулло Гадоевро боздошт намуданд. Назари бевоситаи Гадоев ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳомот феълан дастрас нест.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040870859_0:273:532:672_1920x0_80_0_0_0f4ff98682df0fef24d63e539dd1c71d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, гузориш, гадоев, таҷовуз, куштор
вкд, гузориш, гадоев, таҷовуз, куштор
“Руфейда барои бозӣ омад”: Гадоев маст будааст – видеои пурраи ВКД
Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки ба иттилои мақомоти тоҷик аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоев таҷовуз ва кушта шудааст, он рӯз ба хонаи ҳамсоя барои бозӣ бо дугонааш рафтаст
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, замоне, ки Руфейда ба хонаи дугонааш - духтари Гадоев омадааст, марди соҳибхона он ҷо танҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштаст. Соҳибхона бо истифода аз он, ки дар манзил касе нест, бо роҳи буғӣ кардан ба номуси духтарча дастдарозӣ кардааст.
Манбаъ афзуд, Гадоев гарчанде маст будааст, аъмолашро дарк мекард, чун талоши пинҳон кардани изи ҷиноят намудаст. Муттаҳам дар пайи куштор ҷасадро ба ҳоҷатхона партофта, болояш хоку санг партофта, осори хунро тоза намудаст, омадааст дар гузориш.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.
Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 норасида ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
Ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола рӯзи 4 июл дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, аз қазияҳои пурбаҳстарин дар ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Мақомот бо иттиҳоми ин ҷиноят ҳамсоя ва падари дугонаи Руфейда - Раҳматулло Гадоевро боздошт намуданд.
Назари бевоситаи Гадоев ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳомот феълан дастрас нест.