https://sputnik.tj/20210721/qasam-suhbati-padar-rufaydo-1041062683.html
"Қасам хӯрд, ки надидаам": сӯҳбати падари Руфейда бо гумонбар дар қатли духтарчааш
"Қасам хӯрд, ки надидаам": сӯҳбати падари Руфейда бо гумонбар дар қатли духтарчааш
Sputnik Тоҷикистон
Раҳматулло дар посух ба суоли падари Руфейда, "оё медонад, духтарчааш ба куҷо рафт", исрор варзидааст, ки кӯдакро надидааст 21.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-21T19:45+0500
2021-07-21T19:45+0500
2021-07-22T13:00+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866076_0:28:840:501_1920x0_80_0_0_b709d423f6d0bc9096d0baa03cd6c804.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Номи Руфейда Иноятова ҳамакнун чун қурбонии як ваҳшоният ба ҷомеаи Тоҷикистон хуб ошност. Ҳодисаи куштори духтараки 8-сола дар наздикии Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ чунон сокинонро такон дод, ки онҳо аз мақомот дархости ҳукми қатл ба гунаҳкори ҳодиса кардаанд.Хабар дар бораи гум шудани Руфейда 4 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, 5 июл маълум гардид, ки духтарак кушта шудааст: дар таҷовуз, қатл ва пора-пора карда, ба мабраз андохтани ин тифли ғӯрамарг марди ҳамсоя Раҳматтуло Гадоеви 31-сола муттаҳам мешавад.Мақомот низ ба ҳодиса дарҳол вокуниш карданд. Аз ҷумла раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва додситони кулл Юсуф Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳқиқи парвандаро таҳти назорати худ гирифтаанд.Sputnik Тоҷикистон бо падари Руфейда Иноятова - Валиҷон Иноятов мусоҳиба кард.Қасам хӯрд, ки надидаастПадари духтарак гуфт, ки чигуна ҳамон рӯзи барояш шум дар ҷустуҷӯи фарзандаш шуд, чигуна ба Раҳматулло Гадоев занг заду дар посух аз вай қасам шунид, ки надидааст."Вақте ба ман занг зада хабар доданд, ки духтарам гум шудааст, дар кор будам. Дарҳол ба хона баргаштам", - нақл мекунад вай.Ба гуфтаи падари 33-солаи духтарак, рӯзи 4 июл Руфейдаро то саҳар кофтанд, субҳи 5-ум яке аз ҳамсояҳо ба милиса гуфтааст, ки ӯро бори охир дар назди дари Раҳматулло дидааст.Одамро аз зоҳир баҳо гузошта намешудаастВалиҷон мегӯяд, ҳоло фикр мекунад, ки Раҳматулло доим зери ниқоби як инсони хуб мегашт - зоҳиран инсони ботамкин буд.Ба қавли мард, онҳо дар кӯдакӣ бо ҳам бозӣ мекарданд, дар наврасӣ каме аз ҳам дур гашта бошанд ҳам, то охир бо ҳамдигар саломуалейк доштанд. Валиҷон ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки ҳамсояаш, ки боэҳтиром бо дигарон муносибат дошт, як шахси орому ботамкин менамуд, ба чунин даррандагӣ қодир аст.Дар ҳамин ҳол, бибии Руфейда - Гулсун Иноятова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки гумонбарро милисаҳо аз хонаи волидони ҳамсараш дар ноҳияи Айнӣ пайдо кардаву боздошт карданд.Пештар тибқи нишондоди ҳамсояҳо, хонаводаи Иноятовҳо модари Раҳматулло Оимгул Гадоеваро низ гумонбар дар пинҳон кардани изи куштор медонистанд.Аммо, Валиҷон мегӯяд, ки зан аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, ки тафтишотро мебарад, бозпурсӣ шудааст."Ба мо гуфтанд, ки тибқи тафтишоти пешакӣ ӯ даст надорад. Ман чизе гуфта наметавонам, ки оё дар ҳақиқат ӯ кӯшиши пинҳон кардани изи ҷиноятро карда буд ё не. Тафтишот идома дорад ва боварӣ дорам, ки ҳақиқат ошкор хоҳад шуд", - мегӯяд падари азодор.
https://sputnik.tj/20210714/gadoev-lahza-qatl-tajovuz-rufeyda-guft-jafidam-video-1040878162.html
https://sputnik.tj/20210713/firor-muttahamkushtori-rufeyda-1040862790.html
https://sputnik.tj/20210707/rustami-emomali-kushtori-rufeyda-nazorati-taftishot-1040717710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866076_0:0:840:630_1920x0_80_0_0_69eba15a5b3f68a05b0155813c18af77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
"Қасам хӯрд, ки надидаам": сӯҳбати падари Руфейда бо гумонбар дар қатли духтарчааш
19:45 21.07.2021 (Навсозишуда: 13:00 22.07.2021) Раҳматулло дар посух ба суоли падари Руфейда, "оё медонад, духтарчааш ба куҷо рафт", исрор варзидааст, ки кӯдакро надидааст
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Номи Руфейда Иноятова ҳамакнун чун қурбонии як ваҳшоният ба ҷомеаи Тоҷикистон хуб ошност. Ҳодисаи куштори духтараки 8-сола дар наздикии Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ чунон сокинонро такон дод, ки онҳо аз мақомот дархости ҳукми қатл ба гунаҳкори ҳодиса кардаанд.
Хабар дар бораи гум шудани Руфейда 4 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, 5 июл маълум гардид, ки духтарак кушта шудааст: дар таҷовуз, қатл ва пора-пора карда, ба мабраз андохтани ин тифли ғӯрамарг марди ҳамсоя Раҳматтуло Гадоеви 31-сола муттаҳам мешавад.
Мақомот низ ба ҳодиса дарҳол вокуниш карданд. Аз ҷумла раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва додситони кулл Юсуф Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳқиқи парвандаро таҳти назорати худ гирифтаанд.
Sputnik Тоҷикистон бо падари Руфейда Иноятова - Валиҷон Иноятов мусоҳиба кард.
Падари духтарак гуфт, ки чигуна ҳамон рӯзи барояш шум дар ҷустуҷӯи фарзандаш шуд, чигуна ба Раҳматулло Гадоев занг заду дар посух аз вай қасам шунид, ки надидааст.
"Вақте ба ман занг зада хабар доданд, ки духтарам гум шудааст, дар кор будам. Дарҳол ба хона баргаштам", - нақл мекунад вай.
Ба гуфтаи падари 33-солаи духтарак, рӯзи 4 июл Руфейдаро то саҳар кофтанд, субҳи 5-ум яке аз ҳамсояҳо ба милиса гуфтааст, ки ӯро бори охир дар назди дари Раҳматулло дидааст.
"Ба Раҳматулло занг задам. Ӯ гӯширо бардошт. Гуфтам, ки ҳамсоя дида будааст, ки Руфейда даратро тақ-тақ мекард ва бо ту сӯҳбат дошт ва оё намедонӣ, ки баъд куҷо рафт. Ӯ дар посух ба тамоми муқаддасот қасам хӯрд, ки ӯ дар хона набуд ва кӯдакро надидааст", - мегӯяд Валиҷон.
Одамро аз зоҳир баҳо гузошта намешудааст
Валиҷон мегӯяд, ҳоло фикр мекунад, ки Раҳматулло доим зери ниқоби як инсони хуб мегашт - зоҳиран инсони ботамкин буд.
Ба қавли мард, онҳо дар кӯдакӣ бо ҳам бозӣ мекарданд, дар наврасӣ каме аз ҳам дур гашта бошанд ҳам, то охир бо ҳамдигар саломуалейк доштанд. Валиҷон ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки ҳамсояаш, ки боэҳтиром бо дигарон муносибат дошт, як шахси орому ботамкин менамуд, ба чунин даррандагӣ қодир аст.
"Овозаҳое низ ҳастанд, ки ӯ кӯшиши дастдарозӣ ба писараконро доштааст. Боре ба хонаи як зани ҳамсоя, ки шавҳараш дар Русия аст, бо қасди бадрафторӣ ворид шуда будааст. Намедонам чаро касе ба мақомот шикоят накарда буд. Шояд пеши роҳи ӯро мегирифтанд", - мегӯяд бо таассуф падари Руфейда.
Дар ҳамин ҳол, бибии Руфейда - Гулсун Иноятова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки гумонбарро милисаҳо аз хонаи волидони ҳамсараш дар ноҳияи Айнӣ пайдо кардаву боздошт карданд.
Пештар тибқи нишондоди ҳамсояҳо, хонаводаи Иноятовҳо модари Раҳматулло Оимгул Гадоеваро низ гумонбар дар пинҳон кардани изи куштор медонистанд.
Аммо, Валиҷон мегӯяд, ки зан аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, ки тафтишотро мебарад, бозпурсӣ шудааст.
"Ба мо гуфтанд, ки тибқи тафтишоти пешакӣ ӯ даст надорад. Ман чизе гуфта наметавонам, ки оё дар ҳақиқат ӯ кӯшиши пинҳон кардани изи ҷиноятро карда буд ё не. Тафтишот идома дорад ва боварӣ дорам, ки ҳақиқат ошкор хоҳад шуд", - мегӯяд падари азодор.