“Куштаву захмии зиёд доштанд”: шикасти “Толибон”* дар Хуҷи Андаробҳо

© Sputnik / В. Киселев / Гузариш ба медиабонкБронетранспортер НАТО на трассе Кабул-Баграм
Бронетранспортер НАТО на трассе Кабул-Баграм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Обуна шудан
Ҳамлаи ахири нерӯҳои ҳаракати “Толибон” дар минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо шикаст ва талафоти сангин ба анҷом расидааст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. "Толибон"* се рӯзи ахир қасд дошт, ки баландкӯҳҳои Андаробро аз гурӯҳҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тасфия кунанд.
Ҳорун Рашидӣ, яке аз размандагони Ҷабҳаи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, неруҳои муштараки “Толибон”* ва ҷангиёни покистонӣ шаби 8 ба 9 октябр аз истиқомати рустои Хуҷи вулусволии Бану болои сангарҳои неруҳои Муқовимат ҳамла карданд, ки даргириҳо то чошти 9 октябр идома доштанд.
“Мо қаблан хабар доштем, ки “Толибон”* барнома доранд, ба пойгоҳҳои муқовимат дар кӯҳҳои муштараки вулусволиҳои Бану ва Пули Ҳисори вилояти Бағлон ҳамла кунанд. Ин ҳамла ба муқовамати шадиди размандагони мо мувоҷеҳ гардида, ҷанг ҳудуди 10 соат идома кард. “Толибон”* шикаст хӯрда, куштаву захмии зиёд доданд ва ақибнишинӣ карданд”, - гуфт Ҳорун Рашидӣ.
Патруль запрещенной в России организации Талибан на улицах Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
"Қартаи ДОИШ*": "Толибон"* ба қурбонии терроризм табдил мешавад?
Бино ба қавли ин манбаъ, “Толибон”* аз майдони ҷанг понздаҳ ҷасад ва ҳафт захмиии худро тариқи мошинҳои низомии “Ҳомвей” берун бурдаанд.
“Аз шифохонаи маҳал хабар ёфтем, ки “Толибон”* захмиҳояшонро бистарӣ карда, як захмии вазнин ва ҷасадҳоро ба Кобул фиристодаанд”, - гуфт Ҳорун Рашидӣ.
Вай афзуд, раҳбарии ин ҷангро аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳон Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ ва Қамаруддин аз рустои Хуҷ ба дӯш дошта, фармондеҳони дигар Баҳодур ва Гулҳабиб аз рустои Боғдара кумак кардаанд.
"Толибон"* то ҳол дар мавриди ин даргирӣ иттилое надодаанд.
Вулусволиҳои Андаробҳо – Бану, Пули Ҳисорак ва Деҳ Салоҳ ду моҳ ба ин сӯ шоҳиди саҳнаҳои ҷангҳои шадид миёни Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон”* будаанд. Нерӯҳои муқовимат дар кӯҳистонҳои саъбулубури ин вулусволиҳо паноҳ бурда, гоҳо даст ба амалиётҳои чирикӣ мезананд.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Муҷоҳид: Касоне, ки сабаби озору азияти аҳлу ҳунуд шуда буданд, дастгир шуданд
Ин вазъ “Толибон” – ро ба сутуҳ оварда, онҳоро водор ба анҷоми амалиётҳои тасфиявӣ мекунад, ки то ҳол ноком будаанд.
Вулусволиҳои Андаробҳо бо дараи Панҷшер марзи муштарак дошта, паноҳгоҳи аслии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба шумор меоянд. Андаробҳо ва Панҷшер танҳо пойгоҳҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир алайҳи “Толибон”* истодагарӣ мекунанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0