https://sputnik.tj/20211008/shahrvandoni-jt-kishvarho-safar-1042716395.html
Бе раводид: шаҳрвандони ҶТ ба кадом кишварҳо рафта метавонанд?
Бе раводид: шаҳрвандони ҶТ ба кадом кишварҳо рафта метавонанд?
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар гузориши ширкати байналмилалии таҳлилии Henley&Partners бо шиносномаи тоҷикӣ метавон бидуни раводид танҳо ба 58 кишвар сафар кард
2021-10-08T12:25+0500
2021-10-08T12:25+0500
2021-10-08T14:05+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
шиноснома
мавқеъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/21/1013812170_182:0:1704:856_1920x0_80_0_0_f93963fe602ec22f91b89361649bd31f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи "шиносномаи қавӣ" поён рафт, гуфта мешавад дар гузориши пойгоҳи таҳлилии "Henley&Partners".Бино бар гузориши ин ниҳод, шиносномаи Тоҷикистон 5 зинаро аз даст дода, ҳамакнун дар раддабандии мазкур дар хатти 90-ум қарор дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар кунанд.Миёни давлатҳое, ки тоҷикон метавонанд бе раводид сафар кунанд, Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве, Мавритания ва дигарҳо номбар шудаанд.Байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи шиносномаи Қазоқистон хубтар аст. Шаҳрвандони ин давлат метавонанд ба 77 кишвар бидуни раводид сафар кунанд.Ӯзбекистон дар ин феҳрист дар ҷои 92 (56 кишвар) ва Туркманистон дар ҷои 96-ум (52 кишвар) қарор гирифтааст.Шиносномаи Русия, ки бо он метавон ба 118 кишвари ҷаҳон бидуни раводид сафар кард, дар ҷои 52-юм мавқеъ гирифтааст. Ҷойи аввалро дар ин раддабандӣ шиносномаҳои Ҷопон ва Сингапур ишғол мекунанд, ки марзи 192 кишвар ба рӯйи шаҳрвандонашон боз аст.Миёни чор шиносномаи қавитарин инчунин Олмон ва Куреи Ҷанубӣ (190 кишвар) низ қарор доранд. Раддабандиро шиносномаи Афғонистон хотима медиҳад. Бо шиносномаи афғонӣ метавон танҳо ба 26 кишвари ҷаҳон бидуни раводид ворид шуд. Феҳристи шиносномаҳо аз соли 2006 инҷониб мунташир мешавад.
https://sputnik.tj/20191018/ravodid-bekor-meshavad-diplomatho-tojik-metavonand-biduni-on-ozimi-estoniya-shavand-1030069604.html
https://sputnik.tj/20190822/Ravodid-oson-parvozho-beshtar-maslihati-dabiri-EKO-baroi-rushdi-sayohi-dar-Tojikiston-1029705937.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/21/1013812170_554:22:1704:885_1920x0_80_0_0_fb23316f9d289d0d4223c8e0107733f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шиноснома, мавқеъ, раводид, сафар,
шиноснома, мавқеъ, раводид, сафар,
Бе раводид: шаҳрвандони ҶТ ба кадом кишварҳо рафта метавонанд?
12:25 08.10.2021 (Навсозишуда: 14:05 08.10.2021) Бо шиносномаи тоҷикӣ метавон бидуни раводид ба 58 кишвар сафар кард
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи "шиносномаи қавӣ" поён рафт, гуфта мешавад дар гузориши пойгоҳи таҳлилии "Henley&Partners".
Бино бар гузориши ин ниҳод, шиносномаи Тоҷикистон 5 зинаро аз даст дода, ҳамакнун дар раддабандии мазкур дар хатти 90-ум қарор дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар кунанд.
Миёни давлатҳое, ки тоҷикон метавонанд бе раводид сафар кунанд, Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве, Мавритания ва дигарҳо номбар шудаанд.
Байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи шиносномаи Қазоқистон хубтар аст. Шаҳрвандони ин давлат метавонанд ба 77 кишвар бидуни раводид сафар кунанд.
Ӯзбекистон дар ин феҳрист дар ҷои 92 (56 кишвар) ва Туркманистон дар ҷои 96-ум (52 кишвар) қарор гирифтааст.
Шиносномаи Русия, ки бо он метавон ба 118 кишвари ҷаҳон бидуни раводид сафар кард, дар ҷои 52-юм мавқеъ гирифтааст.
Ҷойи аввалро дар ин раддабандӣ шиносномаҳои Ҷопон ва Сингапур ишғол мекунанд, ки марзи 192 кишвар ба рӯйи шаҳрвандонашон боз аст.
Миёни чор шиносномаи қавитарин инчунин Олмон ва Куреи Ҷанубӣ (190 кишвар) низ қарор доранд.
Раддабандиро шиносномаи Афғонистон хотима медиҳад. Бо шиносномаи афғонӣ метавон танҳо ба 26 кишвари ҷаҳон бидуни раводид ворид шуд.
Феҳристи шиносномаҳо аз соли 2006 инҷониб мунташир мешавад.