Раводид осону парвозҳо бештар: маслиҳати дабири ЭКО барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкАльпинисты во время восхождения
Альпинисты во время восхождения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон бо Ҳодӣ Сулаймонпур, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ – “ЭКО” густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, Абдуғаффорзода ба Ҳодӣ Сулаймонпур аз раванди рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфт

“Зимни мулоқот масъалаҳои ҷаласаи навбатии вазирони сайёҳии кишварҳои узви ЭКО ва коршиносони аршади он, ки рӯзҳои наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани ҷаласа ин таъмини рушди сайёҳии устувор дар кишварҳои узви созмон маҳсуб меёбад. Ҳодӣ Сулаймонпур ташкили хатсайрҳои минтақавӣ ва осон намудани раводидро миёни кишварҳои узви созмон яке аз авлавиятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ барои кишварҳои минтақа арзёбӣ намуд.

Бар асоси иттилоия, Абдуғаффорзода тақвияти муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои узви ЭКО дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии солимгардонию табобатӣ, мубодилаи таҷриба бо кишварҳои узвии созмон ва роҳҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳодӣ Сулймонпур, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ феълан дар Тоҷикистон қарор дошта, тайи рӯзҳои охир бо мақомдорони баландпояи кишвар, аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Лентаи хабарҳо
0