ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз сафири фавқуллода ва мухтори Эстония Ҳейти Мяемесро ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалиро мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ҳамзамон зимни мулоқот сари масъалаи бекор кардани раводид барои дипломатҳои ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Дар меҳмонӣ чун дар хона: Лағви раводид ба тоҷикону узбекҳо чӣ дод?
Қайд мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Эстония Созишнома дар бораи бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд.