https://sputnik.tj/20211008/bombho-hasta-amriko-mihfazhoi-avrupo-sharq-1042725940.html
Бомбҳои ҳастаии амрикоии “B61”дар миҳфазҳои “F-35” барои маҳви Аврупои Шарқӣ омодаанд
Бомбҳои ҳастаии амрикоии “B61”дар миҳфазҳои “F-35” барои маҳви Аврупои Шарқӣ омодаанд
Sputnik Тоҷикистон
ИМА бо аз даст додани раҳбарии ҷаҳон ва эътибори байналмилалӣ мисли як марди ғарқшуда аз бомби ҳастаии “B61-12” медорад. 08.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-08T17:50+0500
2021-10-08T17:50+0500
2021-10-08T17:50+0500
дар ҷаҳон
амрико
аврупо
ҳастаӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033076409_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_122f468bd702cdad908ddc264662ae57.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Гӯё "тахассуси аврупоӣ"-и муҳимоти мудерн метавонад ба “мантиқ”-и муттаҳидон ва шариконе, ки пас аз саргузашти Афғонистон тардид доштанд, кӯмак кунад ва онҳоро дар вазъияти низои низомӣ дар Аврупо аз байн набарад.Озмоиши бомбҳои тактикии ҳастаии “B61-12” (JTA) дар якҷоягӣ бо ҷангандаҳои нави “F-35A” 4 октябр дар майдони озмоишии махфии нерӯҳои ҳавоии Тонопаи ИМА дар Невада анҷом ёфт.Дар охири парвозҳои озмоишӣ як ҷуфт ҳавопаймои "ноаён" моделҳои шабеҳсозишудаи “B61” партоб кардаанд, ки то ҳол тавлиди он аз ҷониби Пентагон таъйид нашудааст.Феълан чунин мешуморанд, ки “F-35A”, ки дар радарҳо намоён аст, қодир аст, боэҳтиёт "силоҳи ҳастаии тактикиро ба қаламрави душман" интиқол диҳад. Аммо ҳатто пас аз таъйиди гувоҳинома, на ҳар як “F-35” "ҳастаӣ" мешавад.Пештар “B61-12” ба ҷангандаи “F-16C” идғом шуд ва озмоишҳои лавозимоти ҷангӣ беш аз панҷ сол аст, ки идома доранд. Номукаммалии тарроҳӣ бомбро шабеҳи ҷангандаи “F-35” мекунад ва раванд тавлиди куллии онро, ки амрикоиҳо дар соли 2020 оғоз кардан мехостанду баъдан ба соли 2022 мавқуф гузошта шуд, тазъиф мекунад.Тағйироти “B61-12” барои иваз кардани силоҳи ҳастаии Амрико дар зарродхонаҳои Аврупо пешбинӣ шудааст. Дар махозини бозе дар Олмон, Италия, Белгия, Ҳолланд ва Туркия аз ҳифзи тақрибан 200 бомби атомии навъи “В61” ба мизони куллии 18 мегатонна хабар дода мешавад, нерӯи онҳо 900 баробар бештар аз нерӯи таркиш дар Хиросима аст. Ин маълумоти хеле муҳим барои муттаҳидони аврупоии Иёлоти Муттаҳида аст.Дар Ҷопон дар тобистони соли 1945 амрикоиҳо бори аввал бомби 20-килотоннаиро истифода карданд, ки Хиросима тақрибан 200 ҳазор нафарро аз даст дод. Садҳо бомби “B61-12” ба даҳҳо миллион аврупоӣ ваъдаи марг медиҳанд. Дар ин замина ҳеҷ кас, ҳатто нопадидшавии шаҳрвандони кишварҳои Балтика, Гурҷистон ва Молдоваро касе мушоҳида намекунад.Пайдост, русофобияе, ки дар Аврупо эҷод шудааст, таҳдидҳои воқеӣ ба ҷаҳонро инъикос намекунад. Охир, маҳз ИМА барои "ҳифз"-и бомби ҳастаӣ дар хориҷ аз ҳудуди худ, яъне барои несту нобуд кардани муттаҳидони худ ҳамроҳ бо "Русияи таҷовузкор" омода мешавад. Ташаъшуъ гузишинӣ нест, кишварҳои Аврупои Шарқии узви НАТО дар маърази хатари қарор гирифтан дар “оташи поккунанда” ҳастанд.Як “B61-12” барои ду Хиросима астҶангандаи “F-35” озмоишҳои силоҳи ҳастаии “B61”-ро ба анҷом расонд ва баъд чӣ? Эҳтимоли истифода аз он дар ҷанг вуҷуд дорад.Бомби такмилдодаи ҳастаии “B61-12” системаи роҳнамоӣ ва кулоҳаки ҷангии дорои иқтидори тағйирёбанда то 50 килотонна аст. “B61” дар бомбаандозҳои стратегии “B-2A” ба кор меравад ва ягона силоҳи ҳастаии тактикии ИМА дар дигар иёлатҳост.Боми ҳастаии “B61” соли 1963 сохта шудааст. Нусхаи аслии кулоҳаки ҷангӣ то 170 килотонна (ё "ҳашт Хиросима") аст. Ин гурӯҳ хусусияти инфиҷории қобили танзим дорад ва дар маҷмуъ аз зиёда аз 3000 бомби “B61” тавлид шудааст. Охирини навъи он, “B61-11” дар солҳои 90-уми асри гузашта ба истифода дода шуд, ки иқтидори он то 340 килотонна буда, қоби қавӣ дорад ва қодир аст, то 6 метр бетонро сурох кунад.“B61-12” дар озмоишгоҳи миллии Лос Аламос ва дар якчанд коргоҳи ҳастаӣ тавлид мешавад. Ба гуфтаи роҳбарияти Амрико, ин барномаи NNSA ва нерӯҳои ҳавоии ИМА (USAF) имкон медиҳад, ки унсури муҳими сегонаи ҳастаии ИМА ва "таваққуфи васеъ" нигоҳ дошта шавад. Гузашта аз ин Пентагон интизор дорад, ки муттаҳидони аврупоӣ ҳамроҳ бо бомбҳои ҳастаии “B61-12” бо ҳавопаймоҳои F-35 парвоз хоҳанд кард.Чанде пеш Лаҳистон бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи хариди 32 ҷангандаи “F-35A Lightning II” қарордод имзо кард ва қарор аст, онҳоро дар соли 2024 дарёфт кунад. Нерӯҳои ҳавоии Бритониё, Норвегия, Италия, Нидерландия ва Дания аллакай аз “мавҷе аз ноаён”-ҳо истифода мекунанд. Ҳатто Швейтсарияи бетараф ният дорад, 36 ҳавопаймои “F-35” (ба маблағи 5,5 миллиард доллар)-ро харидорӣ намояд.Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии НАТО генерал Тод Уолтерс нақша дошт, ки то соли 2030 450 ҳавопаймои “F-35” дар Аврупо мустақар шавад. Он гоҳ танҳо пайвастани онҳо бо бомбҳои ҳастаии “B61-12” боқӣ мемонду нишон додани душман. Силоҳҳои ҷадиди ҳастаии Иёлоти Муттаҳида аз аввал ва дар чаҳоряк асри оянда бо ҳадафи Аврупо ва барои "боздоштани"-и Русия хидмат хоҳанд кард, то муттаҳидони аврупоии Иёлоти Муттаҳида гаравгони худхоҳиҳои Вашингтон бошанд.Мантиқи пӯчИМА сиёсати вусъати НАТО-ро ба Шарқ давом дода истодааст. Амрикоиҳо баҳс мекунанд, ки Русия Арктикаро ба як минтақаи баҳсбарангез табдил медиҳад ва қобилияти пешгирии дастрасӣ ва бастани қаламравҳо дар Калининград, Балтика ва Қрими баҳри Сиёҳро тақвият дода, ба канори шарқии НАТО таҳдиди бештар эҷод мекунад.На ҳама дар Аврупо мехоҳанд барои манфиатҳои ИМА дар ҷанг бо Русия ба хотири Арктика ё Қрим бимиранд, аммо технологияи "муътақид кардан" ислоҳ шудааст. Ҳамин тариқ дар Афғонистон иттифоқчиёну шарикони НАТО бо амри Вашингтон 20 сол ҷангиданд ва бо сабабҳои номаълум мурданд, аммо бидуни натиҷа хориҷ шуданд. Тасодуфӣ нест, ки Фаронсаи озодидӯст бори дигар масъалаи хориҷ шудан аз НАТО-ро муҳокима мекунад.Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар як мулоқот бо президенти ИМА Ҷо Байден ва раҳбари Пентагон Ллойд Остин рӯзи 4 октябр гуфт, ки пас аз Афғонистон иттиҳод захираҳои худро барои ҳифзи 30 кишвари узваш мебахшад ва Русияро аз "таҳоҷумитарин"-и нерӯҳои берун аз деворҳои ин "хона" тавсиф мекунад.Барканории даҳ дипломати рус аз НАТО 6 октябр бидуни шарҳи расмӣ аз даври нави муқовимат шаҳодат медиҳад, ки оқибатҳои манфии амнияти барои Аврупо дорад. Вазорати дифои Русия афзоиши фаъолиятҳои низомии ИМА ва муттаҳидонашро дар наздикии марзҳои Русия сабт мекунад. Маскав дар сиёсати байналмилалӣ ва амалияи рушди низомӣ ба таври кофӣ ва саривақтӣ посух медиҳад.Дар пасманзари "хомӯшии барраҳо" ва "марги мағзӣ"-и аврупоии НАТО Русия 7 октябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милал Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар нақзи Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ дар қаламрави кишварҳои аврупоии бидуни силоҳи ҳастаӣ, инчунин таҷдиди лавозимоти ҷангии тактикӣ ва мошинҳои интиқоли онҳо, гузаронидани "миссияҳои муштараки ҳастаӣ" бо иштироки аъзои ғайринизомии НАТО муттаҳам кард.6 октябр вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар Ҷумҳурии Беларус аз таъсиси ду маркази омӯзишии муштараки нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоӣ хабар дод. Дар ояндаи наздик Беларус аз Русия даҳҳо ҳавопаймо ва чархболи ҷангӣ, охирин системаҳои падофанди ҳавоӣ барои ташкили иттиҳоди домии ҷангӣ дар Системаи ягонаи минтақаии дифои зиддиҳавоии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус хоҳад гирифт. Дар ғарби Беларус системаҳои зиддимушакии “С-400 Триумф" пайдо мешаванд, ки қодиранд, ба “Ф-35” дар масофаи 400 км зарба зананд. Тасаввур кунед, ки ҳавопаймоҳо бо бомбҳои ҳастаии “B61-12” дар ҳолати низои низомӣ дар Аврупо дар куҷо меафтанд?Тафовути технологӣ дар заминаи силоҳ ва тақвияти назарраси қобилияти дифоии Русия, афзоиши зарфияти иқтисодии Чин, анҷоми шармандавори рисолати НАТО дар Афғонистон стратегияи Иёлоти Муттаҳида ва блоки низомии тарафдори амрикоиро ҳарчи бештар маросимӣ ва тахайюлӣ ҷилва медиҳад.Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.
https://sputnik.tj/20210902/ima-hukmroni-jahon-1042029369.html
https://sputnik.tj/20210930/charo-jangandahoi-f-35-dar-miyoni-badtarin-havopaymohoi-amriko-qaror-giriftand-1042579584.html
https://sputnik.tj/20211006/ranjish-nato-metavonad-yake-az-qudrathoi-nizomii-nerumandtarini-dunyoro-az-dast-dihad-1042681335.html
амрико
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033076409_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_73da6344c1d0d793ad101e9e48f0b226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
дар ҷаҳон, амрико, аврупо, ҳастаӣ, дар русия
дар ҷаҳон, амрико, аврупо, ҳастаӣ, дар русия
Бомбҳои ҳастаии амрикоии “B61”дар миҳфазҳои “F-35” барои маҳви Аврупои Шарқӣ омодаанд
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
ИМА бо аз даст додани раҳбарии ҷаҳон ва эътибори байналмилалӣ мисли як марди ғарқшуда аз бомби ҳастаии “B61-12” медорад.
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Гӯё "тахассуси аврупоӣ"-и муҳимоти мудерн метавонад ба “мантиқ”-и муттаҳидон ва шариконе, ки пас аз саргузашти Афғонистон тардид доштанд, кӯмак кунад ва онҳоро дар вазъияти низои низомӣ дар Аврупо аз байн набарад.
Озмоиши бомбҳои тактикии ҳастаии “B61-12” (JTA) дар якҷоягӣ бо ҷангандаҳои нави “F-35A” 4 октябр дар майдони озмоишии махфии нерӯҳои ҳавоии Тонопаи ИМА дар Невада анҷом ёфт.
Дар охири парвозҳои озмоишӣ як ҷуфт ҳавопаймои "ноаён" моделҳои шабеҳсозишудаи “B61” партоб кардаанд, ки то ҳол тавлиди он аз ҷониби Пентагон таъйид нашудааст.
Феълан чунин мешуморанд, ки “F-35A”, ки дар радарҳо намоён аст, қодир аст, боэҳтиёт "силоҳи ҳастаии тактикиро ба қаламрави душман" интиқол диҳад. Аммо ҳатто пас аз таъйиди гувоҳинома, на ҳар як “F-35” "ҳастаӣ" мешавад.
Пештар “B61-12” ба ҷангандаи “F-16C” идғом шуд ва озмоишҳои лавозимоти ҷангӣ беш аз панҷ сол аст, ки идома доранд. Номукаммалии тарроҳӣ бомбро шабеҳи ҷангандаи “F-35” мекунад ва раванд тавлиди куллии онро, ки амрикоиҳо дар соли 2020 оғоз кардан мехостанду баъдан ба соли 2022 мавқуф гузошта шуд, тазъиф мекунад.
Тағйироти “B61-12” барои иваз кардани силоҳи ҳастаии Амрико дар зарродхонаҳои Аврупо пешбинӣ шудааст. Дар махозини бозе дар Олмон, Италия, Белгия, Ҳолланд ва Туркия аз ҳифзи тақрибан 200 бомби атомии навъи “В61” ба мизони куллии 18 мегатонна хабар дода мешавад, нерӯи онҳо 900 баробар бештар аз нерӯи таркиш дар Хиросима аст. Ин маълумоти хеле муҳим барои муттаҳидони аврупоии Иёлоти Муттаҳида аст.
Дар Ҷопон дар тобистони соли 1945 амрикоиҳо бори аввал бомби 20-килотоннаиро истифода карданд, ки Хиросима тақрибан 200 ҳазор нафарро аз даст дод. Садҳо бомби “B61-12” ба даҳҳо миллион аврупоӣ ваъдаи марг медиҳанд. Дар ин замина ҳеҷ кас, ҳатто нопадидшавии шаҳрвандони кишварҳои Балтика, Гурҷистон ва Молдоваро касе мушоҳида намекунад.
Пайдост, русофобияе, ки дар Аврупо эҷод шудааст, таҳдидҳои воқеӣ ба ҷаҳонро инъикос намекунад. Охир, маҳз ИМА барои "ҳифз"-и бомби ҳастаӣ дар хориҷ аз ҳудуди худ, яъне барои несту нобуд кардани муттаҳидони худ ҳамроҳ бо "Русияи таҷовузкор" омода мешавад. Ташаъшуъ гузишинӣ нест, кишварҳои Аврупои Шарқии узви НАТО дар маърази хатари қарор гирифтан дар “оташи поккунанда” ҳастанд.
Як “B61-12” барои ду Хиросима аст
Ҷангандаи “F-35” озмоишҳои силоҳи ҳастаии “B61”-ро ба анҷом расонд ва баъд чӣ? Эҳтимоли истифода аз он дар ҷанг вуҷуд дорад.
Бомби такмилдодаи ҳастаии “B61-12” системаи роҳнамоӣ ва кулоҳаки ҷангии дорои иқтидори тағйирёбанда то 50 килотонна аст. “B61” дар бомбаандозҳои стратегии “B-2A” ба кор меравад ва ягона силоҳи ҳастаии тактикии ИМА дар дигар иёлатҳост.
Боми ҳастаии “B61” соли 1963 сохта шудааст. Нусхаи аслии кулоҳаки ҷангӣ то 170 килотонна (ё "ҳашт Хиросима") аст. Ин гурӯҳ хусусияти инфиҷории қобили танзим дорад ва дар маҷмуъ аз зиёда аз 3000 бомби “B61” тавлид шудааст. Охирини навъи он, “B61-11” дар солҳои 90-уми асри гузашта ба истифода дода шуд, ки иқтидори он то 340 килотонна буда, қоби қавӣ дорад ва қодир аст, то 6 метр бетонро сурох кунад.
“B61-12” дар озмоишгоҳи миллии Лос Аламос ва дар якчанд коргоҳи ҳастаӣ тавлид мешавад. Ба гуфтаи роҳбарияти Амрико, ин барномаи NNSA ва нерӯҳои ҳавоии ИМА (USAF) имкон медиҳад, ки унсури муҳими сегонаи ҳастаии ИМА ва "таваққуфи васеъ" нигоҳ дошта шавад. Гузашта аз ин Пентагон интизор дорад, ки муттаҳидони аврупоӣ ҳамроҳ бо бомбҳои ҳастаии “B61-12” бо ҳавопаймоҳои F-35 парвоз хоҳанд кард.
Чанде пеш Лаҳистон бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи хариди 32 ҷангандаи “F-35A Lightning II” қарордод имзо кард ва қарор аст, онҳоро дар соли 2024 дарёфт кунад. Нерӯҳои ҳавоии Бритониё, Норвегия, Италия, Нидерландия ва Дания аллакай аз “мавҷе аз ноаён”-ҳо истифода мекунанд. Ҳатто Швейтсарияи бетараф ният дорад, 36 ҳавопаймои “F-35” (ба маблағи 5,5 миллиард доллар)-ро харидорӣ намояд.
Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии НАТО генерал Тод Уолтерс нақша дошт, ки то соли 2030 450 ҳавопаймои “F-35” дар Аврупо мустақар шавад. Он гоҳ танҳо пайвастани онҳо бо бомбҳои ҳастаии “B61-12” боқӣ мемонду нишон додани душман. Силоҳҳои ҷадиди ҳастаии Иёлоти Муттаҳида аз аввал ва дар чаҳоряк асри оянда бо ҳадафи Аврупо ва барои "боздоштани"-и Русия хидмат хоҳанд кард, то муттаҳидони аврупоии Иёлоти Муттаҳида гаравгони худхоҳиҳои Вашингтон бошанд.
ИМА сиёсати вусъати НАТО-ро ба Шарқ давом дода истодааст. Амрикоиҳо баҳс мекунанд, ки Русия Арктикаро ба як минтақаи баҳсбарангез табдил медиҳад ва қобилияти пешгирии дастрасӣ ва бастани қаламравҳо дар Калининград, Балтика ва Қрими баҳри Сиёҳро тақвият дода, ба канори шарқии НАТО таҳдиди бештар эҷод мекунад.
На ҳама дар Аврупо мехоҳанд барои манфиатҳои ИМА дар ҷанг бо Русия ба хотири Арктика ё Қрим бимиранд, аммо технологияи "муътақид кардан" ислоҳ шудааст. Ҳамин тариқ дар Афғонистон иттифоқчиёну шарикони НАТО бо амри Вашингтон 20 сол ҷангиданд ва бо сабабҳои номаълум мурданд, аммо бидуни натиҷа хориҷ шуданд. Тасодуфӣ нест, ки Фаронсаи озодидӯст бори дигар масъалаи хориҷ шудан аз НАТО-ро муҳокима мекунад.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар як мулоқот бо президенти ИМА Ҷо Байден ва раҳбари Пентагон Ллойд Остин рӯзи 4 октябр гуфт, ки пас аз Афғонистон иттиҳод захираҳои худро барои ҳифзи 30 кишвари узваш мебахшад ва Русияро аз "таҳоҷумитарин"-и нерӯҳои берун аз деворҳои ин "хона" тавсиф мекунад.
Барканории даҳ дипломати рус аз НАТО 6 октябр бидуни шарҳи расмӣ аз даври нави муқовимат шаҳодат медиҳад, ки оқибатҳои манфии амнияти барои Аврупо дорад. Вазорати дифои Русия афзоиши фаъолиятҳои низомии ИМА ва муттаҳидонашро дар наздикии марзҳои Русия сабт мекунад. Маскав дар сиёсати байналмилалӣ ва амалияи рушди низомӣ ба таври кофӣ ва саривақтӣ посух медиҳад.
Дар пасманзари "хомӯшии барраҳо" ва "марги мағзӣ"-и аврупоии НАТО Русия 7 октябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милал Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар нақзи Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ дар қаламрави кишварҳои аврупоии бидуни силоҳи ҳастаӣ, инчунин таҷдиди лавозимоти ҷангии тактикӣ ва мошинҳои интиқоли онҳо, гузаронидани "миссияҳои муштараки ҳастаӣ" бо иштироки аъзои ғайринизомии НАТО муттаҳам кард.
6 октябр вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар Ҷумҳурии Беларус аз таъсиси ду маркази омӯзишии муштараки нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоӣ хабар дод.
Дар ояндаи наздик Беларус аз Русия даҳҳо ҳавопаймо ва чархболи ҷангӣ, охирин системаҳои падофанди ҳавоӣ барои ташкили иттиҳоди домии ҷангӣ дар Системаи ягонаи минтақаии дифои зиддиҳавоии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус хоҳад гирифт. Дар ғарби Беларус системаҳои зиддимушакии “С-400 Триумф" пайдо мешаванд, ки қодиранд, ба “Ф-35” дар масофаи 400 км зарба зананд. Тасаввур кунед, ки ҳавопаймоҳо бо бомбҳои ҳастаии “B61-12” дар ҳолати низои низомӣ дар Аврупо дар куҷо меафтанд?
Тафовути технологӣ дар заминаи силоҳ ва тақвияти назарраси қобилияти дифоии Русия, афзоиши зарфияти иқтисодии Чин, анҷоми шармандавори рисолати НАТО дар Афғонистон стратегияи Иёлоти Муттаҳида ва блоки низомии тарафдори амрикоиро ҳарчи бештар маросимӣ ва тахайюлӣ ҷилва медиҳад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар
“Telegram” пайвандед.