Чаро ҷангандаҳои “F-35” дар миёни бадтарин ҳавопаймоҳои Амрико қарор гирифтанд?

© AP / Northrop GrummanИстребитель F-35
Истребитель F-35 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Обуна шудан
Алорағми адами таваҷҷуҳ ба маҷмуае аз шикастҳои ахири “мофавқ-ус-савт” “F-35 Lightning II”-е, ки онро мутахассисони амрикоӣ дар феҳрасти “панҷгонаи бадтарин ҳавопаймоҳо” қарор доданд, буҳрон дар тавсеаи силоҳҳои пешрафтаи Амрикоро мунъакис мекунад.
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Коршиносони низомии ИМА феҳрасте аз тарҳҳои номуваффақи ҳавопаймоиро тартиб додаанд, ки “F-35 Lightning II”-и амрикориро низ шомил мешавад. Ҳамчунин ҳавопаймоҳои амрикоии “Convair F-102 Delta Dagger”, “Grumman F-11 Tiger”, “Vought F7U Cutlass” ва “Bell P-59” низ, ки дар мақотеи мухталиф умедҳои Амрикоро нақше бар об кардаанд, дар ин феҳраст қарор гирифтанд.
Беспилотник MQ-1B Predator с ракетой Hellfire, архивное фото
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
Қаблан ҷангандаи “F-35”-ро портали “Business Insider” вориди феҳрасти ҳавопаймоҳои номуваффақи Амрико карда буд. Оҷонсии “Bloomberg” иттилоъ дод, ки ин “раъду барқ”-и амрикоӣ дар баробари тавсеаи падофанди ҳавоии Русия ва Чин ақиб меуфтад. Ҳамчунин Sputnik низ дар бораи камбудҳои ҷиддии ин ҳавопаймо дар зимни тарроҳӣ, муддатзамони кутоҳи хидмат ва мушкилоти нигаҳдории он ҳикоят карда буд. Аммо бо вуҷуди ин шигифтангезии “ноаён“-ҳои амрикоӣ идома хоҳад дошт.
Пентагон тасмим дошт, ки дар соли 2025 теъдоди ҷангандаҳои “F-35”-и худро ба 1700 адад бирасонад, аммо то сенятбри соли 2021 “Раъду барқ” то марҳалаи оғози тавлид нарасидааст. Нерӯи низомии ҳавоии Амрико имрӯз аз ҳудуди 300 ҷангандаи “F-35” истифода мекунад, аммо тасмим дорад, тавлиди онро дар соли 2023 ва ҳамчунин дар оянда ҳам то 156 адад маҳдуд кунад. Ин лоҳаи маҳвшавиро, ки 1,4 триллион доллар масраф дорад, коршиносони амрикоӣ “фоҷеаи миллӣ” унвон кардаанд. Раванди коҳиши силоҳи пешрафтаи артиш, нерӯҳои низомии ҳавоӣ, нерӯҳои ҳавоӣ-баҳрии ИМА мушоҳида мешавад.

Насли ғайриҷангӣ

Пентагон ҳамеша таъйиди силсилаи тавлиди “F-35”-ро рад мекунад, бинобар ин халабонҳои амрикоӣ ва ҳампаймонони онҳо ба таъхир аз тариқи ҳавопаймоҳои “нотамом” (тобут) парвоз анҷом медиҳанд ва ин буъде аз бозорёбӣ таҳсинҳои ғайрииродиро бармеангезад. Масрафи “F-35” барои як соат ҳудуди 35000 доллар аст. Муштариёни амрикоӣ ва хориҷии ин навъ аз ҳавопаймо, ки бо вуҷуди ин мушкилот 700 адад аз онҳоро гирифтаанд, дар пайи дарёфти ҷойгузини мутмаинтар ҳастанд.
Дар дурнамо нерӯи низомии ҳавоии Амрико қасд дорад, аз “F-35A”, ҳавопаймои ҷадид, қавитар ва дорои муҳаррики босарфа, аз Барномаи гузариш ба муҳаррики қобили татбиқ (Adaptive Engine Transition Program), ки мувофиқ ба “F-35C” (нерӯи низомии баҳрӣ) ва “F-35B” (нерӯи пиёданизоми баҳрӣ) нест, истифода кунад. Агар нерӯи низомии ҳавоӣ аз муҳаррики ҷадид истифода кунад, масорифи истифода аз парк барои “F-35”-ро меафзояд ва ҳамчунин мутахассисонро лозим мешавад, ду навъ аз муҳаррикҳо бо ҷузъиёти мухталифро нигаҳдорӣ кунанд. Вазири нерӯи низомии ҳавоии ИМА Фрэнк Кендалл дар робита ба барномаи коҳиши масорифи “F-35” барои як соат то 25000 доллар то соли 2025бо назари шак менигарад. Ҳамин тариқ ба назар мерасад, истифодаи сулҳомез аз “раъду барқ” мухаррибтар аз як ҷанги кучак аст.
Начальник штабов США генерал Марк Милли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Генерали амрикоӣ: “Ал-Қоида”* ҳанӯз дар Афғонистон аст ва қасди ҳамла ба Амрикоро дорад
Баҳрабардорӣ аз ин “ноаён” дар майдонҳои ҷанг на аз тарафи Пентагони расмӣ, на аз тарафи ҳампаймонони он таъйид нашудааст. Баръакс иттилоъ дода шуд, ки “F-35”-и нерӯи низомии ҳавоии Исроилро мӯшаки сурии замин ба ҳавои “ЗРК С-200”, тавлиди Русия (дар солҳои 1960) дар соли 2017 мунҳадим кард. Исроилиҳо он замон гуфтанд, ки суқути ҷанганда дар пайи бархӯрди он бо парандаҳо иттифоқ уфтодааст, аммо аз тариқи гузориши тасвирӣ ин фарзияро таъйид накарданд. Нерӯи низомии ҳавоии ИМА гирифтори буҳрони технологӣ шудааст.
Аз дигар тарҳи баландпарвози Амрико ёдовар мешавам. Манзур барномаи амрикоии ҷангандаҳои насли панҷум “F-22 Raptor” аз соли 1981 аст. Ин барнома ба ҳадде тӯлонӣ шуд, ки қабл аз он ки ба поён бирасад, куҳна гашт. Дар аввал нерӯи ҳавоии ИМА қасд дошт, ки 750 ҷангандаи “F-22” (ҳар яке 35 миллион доллар) дарёфт намояд, аммо то соли 1997 суфориши тавлиди он ба 339 адад ва то соли 2003 то 227 адад коҳиш пайдо кард. Дар натиҷа танҳо 187 ҷанганда тавлид ва тавлиди “F-22 Raptor” қатъ шуд. Возеҳ аст, ки дар зимни иҷрои барномаи “F-35” таърих такрор мешавад, аммо амрикоиҳо аз ин ҳич шарме намекунанд. Нерӯи ҳавоии ИМА аҳдофи баландпарвозонаи ҷадид – “бартарии ҳавоӣ”-ро дунбол мекунанд.

Бар хилофи қавонини физика

Ҷангсолори баландрутбаи амрикоӣ Марк Келли чанд рӯз пеш эълон кард, ки дар 20 соли охир нерӯи ҳавоии Амрико барои баргузории амалиёти низомӣ дар “муҳити мусоид” беҳинасозӣ шудааст ва тағйироти инқилобиро тақозо менамояд, то бар “рақиби аслӣ” – Чин пирӯз шавад. Ба назари Келли, сохтор ва системи нерӯҳои низомии Чин “тарзе тарроҳӣ шуда, ки дар 30 соати аввали амалиёти низомӣ талафоти бештаре, яъне бештар аз талафоте, ки мо дар 30 соли ахир дар Ховари Миёна эҷод кардем, ворид кунад”. Мебинем, ки назари Чин дар робита ба Амрико сулҳомез аст, аммо ин барои амрикоиҳо муҳим нест.
Генерал Келли гуфт, ки Русия тавонист Қримро мулҳақ кунад ва Чин дар барои ҳуқуқи худ бар баҳри Чини Ҷанубӣ “бидуни шиллики тир”-е таъкид кард, зеро муқобила бо чунин шароит барои ИМА мушкил аст ва ин ҳам бо таваҷҷуҳ ба он ки падофанди ҳавоии кишвари рақиб тавсеаёфта аст. Барои дар ҷаҳон дар ҷойи бартаре қарор гирифтан ИМА бо кумаки нерӯи ҳавоии худ бояд имкони вуруд ба “ҳарими ҳавоии мустақили мавриди муноқиша”-ро дошта бошад. Ба назар мерасад, дар 20 соли ҷангҳои номуваффақ дар Афғонистон амрикоиҳо чизеро дарк накарданд ва акнун ба ҷанг омода мешаванд.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Раисҷумҳури Амрико аз тугмаи пахши ҳастаӣ маҳрум шуд, то ҷангро шуруъ накунад
Ба назари генерал Келли, он чӣ имрӯз барои ҷангандаҳои амрикоӣ нотамом аст ва дар оянда метавонанд ба он даст ёбанд, рахна бар ҳама гуна падофанди ҳавоию вуруд ба манотиқи ба истилоҳ A2/AD (Anti-Access/Area-Denial – манотиқи хатарноке, ки нерӯҳои НАТО бидуни хисорат вориди онҳо шуда наметавонанд) ва мунҳадим кардан маконҳои муҳими душман аст. Барномаи тавлиди ҷангандаи насли шашуми Амрико ҳадафи ташкили идғоми кулли системаҳоро дорад: ҳавопаймоҳои бо сарнишин, бидуни сарнишин, дастгоҳҳои кайҳонӣ, платформаҳои сайберӣ. Зинда бошем, мебинем.
Дар ин тарҳи пешрафта чизи наве нест. Амрикоиҳо бар эътиқоди қаблии “истисногароии амрикоӣ” ва куҳна барои тасаллут ба ҷаҳони мусаллаҳ алорағми вуҷуди ҷаҳони чандқутбӣ ҳастанд. Аммо ҷангандаҳои беэътимоди “F-35” ва мӯшакҳои мофавқ-ус-садои ИМА ҳокӣ аз ақибуфтодагии фанноварии ин кишвар дар шакли музмин аст. Ҳоло Худо ҳам омода нест, ки ба “гови қавӣ” шох диҳад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram”пайвандед:https://t.me/AKhrolenko
Лентаи хабарҳо
0