https://sputnik.tj/20211007/sozmoni-milal-jahon-kumak-afghoniston-ajala-1042697082.html
Созмони Милал ба ҷаҳон: Барои кумак ба Афғонистон аҷала кунед
Созмони Милал ба ҷаҳон: Барои кумак ба Афғонистон аҷала кунед
Sputnik Тоҷикистон
Ниҳодҳои башардӯстона ва Созмони милал аз кишварҳои кумаккунанда хостанд, ки билофосила барои ҷилавгири аз “фоҷеаи инсонии дигар” дар Афғонистон қабл аз фарорасидани зимистон ва сард шудани ҳаво ба ваъдаҳои худ амал кунанд
2021-10-07T13:25+0500
2021-10-07T13:25+0500
2021-10-07T20:48+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар ҷаҳон
афғонистон
смм
ироъаи кӯмакҳои башардӯстона
даъват
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042474562_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_38996bf71d50d01242ab158c0a9bc8eb.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Бархе созмонҳои башардӯстона ва Созмони Милали Муттаҳид ахиран аз кишварҳои узви ин созмон хостанд, то фавран кумакҳоеро, ки моҳи сентябр ба Афғонистон ваъда карда буданд, амалӣ кунанд.Ин созмон гуфтааст, ки кумаки молии 606 миллион доллар барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба 10 миллион шаҳрванди Афғонистон, ки дар моҳи сентябр дархост шуда буд, то кунун танҳо камтар аз 40 дарсади ин кумакҳо таъмин шудааст.Созмонҳои кумакрасони башардӯстона аз кишварҳо даъват карданд, ки ба ваъдаҳои додаи худ дар бораи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон пеш аз фаро расидани зимистон ва пеш аз он ки дер шавад, вафо кунанд.Ҳамзамон онҳо афзуданд, тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон танҳо барои зинда мондан ба кумак ниёз доранд.Аз сӯи дигар Созмони Милал аз бад шудани вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки низоми тандурустӣ комилан хароб мешавад ва иқтисод дар остонаи рукуд қарор дорад.Ин созмон ваъда додааст, ки дар канори мардуми Афғонистон хоҳад буд ва дастгирии занону духтарон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмиро идома медиҳад. Онҳо инчунин гуфтаанд, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ дар бахши тандурустӣ ва маориф кор хоҳанд кард.Морини Динкоҷумаҷ, муовини намояндаи Ожонсии паноҳандагон Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Адами иқдоми фаврӣ ба ночор мунҷар ба буҳрони инсонии амиқтар ва оворагии бештар мешавад, ки на танҳо паёмадҳои минтақаӣ, балки ҷаҳонӣ хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20211007/amvol-siyosatmadoron-qarzi-barq-furush-1042693405.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042474562_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6778bea01431bab5bd5fff00041da07f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, кумакҳои башардӯстона, даъват, кумак
афғонистон, смм, кумакҳои башардӯстона, даъват, кумак
Созмони Милал ба ҷаҳон: Барои кумак ба Афғонистон аҷала кунед
13:25 07.10.2021 (Навсозишуда: 20:48 07.10.2021) Ниҳодҳои башардӯстона ва Созмони милал аз кишварҳои кумаккунанда хост, ки билофосила барои ҷилавгирӣ аз “фоҷеаи инсонии дигар” дар Афғонистон қабл аз фаро расидани зимистон ва сард шудани ҳаво басиҷ шаванд ва ба ваъдаҳои худ амал кунанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Бархе созмонҳои башардӯстона ва Созмони Милали Муттаҳид ахиран аз кишварҳои узви ин созмон хостанд, то фавран кумакҳоеро, ки моҳи сентябр ба Афғонистон ваъда карда буданд, амалӣ кунанд.
Ин созмон гуфтааст, ки кумаки молии 606 миллион доллар барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба 10 миллион шаҳрванди Афғонистон, ки дар моҳи сентябр дархост шуда буд, то кунун танҳо камтар аз 40 дарсади ин кумакҳо таъмин шудааст.
Созмонҳои кумакрасони башардӯстона аз кишварҳо даъват карданд, ки ба ваъдаҳои додаи худ дар бораи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон пеш аз фаро расидани зимистон ва пеш аз он ки дер шавад, вафо кунанд.
Ҳамзамон онҳо афзуданд, тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон танҳо барои зинда мондан ба кумак ниёз доранд.
Аз сӯи дигар Созмони Милал аз бад шудани вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки низоми тандурустӣ комилан хароб мешавад ва иқтисод дар остонаи рукуд қарор дорад.
Ин созмон ваъда додааст, ки дар канори мардуми Афғонистон хоҳад буд ва дастгирии занону духтарон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмиро идома медиҳад. Онҳо инчунин гуфтаанд, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ дар бахши тандурустӣ ва маориф кор хоҳанд кард.
Морини Динкоҷумаҷ, муовини намояндаи Ожонсии паноҳандагон Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Адами иқдоми фаврӣ ба ночор мунҷар ба буҳрони инсонии амиқтар ва оворагии бештар мешавад, ки на танҳо паёмадҳои минтақаӣ, балки ҷаҳонӣ хоҳад дошт.