https://sputnik.tj/20211007/amvol-siyosatmadoron-qarzi-barq-furush-1042693405.html
"Толибон"* амволи сиёсатмадорони собиқро барои пардохти қарзи барқ мефурӯшад
"Толибон"* амволи сиёсатмадорони собиқро барои пардохти қарзи барқ мефурӯшад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати миллии барқи Афғонистон (Брешна) қасд дорад амволи мансабдорони собиқи ҳукумати Афғонистонро барои пардохти қарзи барқ фурӯшад.
2021-10-07T11:26+0500
2021-10-07T11:26+0500
2021-10-07T20:16+0500
афғонистон
қарзҳо
барқ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:334:2730:1870_1920x0_80_0_0_d1f0c82b695041098c5881bc1c1eff72.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар пайи нигарониҳо дар бораи қатъи нерӯи барқ дар Афғонистон ширкати "Брешно" тасмим гирифт, дороиҳои мансабдорони собиқро, ки пули барқро пардохт накардаанд, фурӯшад.Ин изҳоротро рӯзи чоршанбе Сафиуллоҳ Аҳмадзай, сардори шуъбаи амалиёти Ширкати миллии барқи Афғонистон ("Брешно") гуфтааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Аҳмадзай гуфтааст, ки пас аз анҷоми раванд ва тасвиби ҳукумати муваққатӣ ("Толибон"*), ширкат ба фурӯши амволи қарзгирон ва мансабдороне, ки Афғонистонро тарк кардаанд, оғоз мекунад.Ба гуфтаи раҳбари пешини "Брешно", иқдоми пешниҳодкардаи "Толибон*" метавонад танҳо дар муддати кӯтоҳ мушкилотро ҳал кунад.Ширкати афғонӣ рӯзи душанбеи гузашта хабар дод, ки Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон 62 миллион доллар қарздор аст. Бо вуҷуди ин "Брешно" қайд кард, ки пас аз суқути ҳукумати пешин ҷамъоварии даромади нерӯи барқ 70% кам шудааст. Дар робита ба и, ширкат аз дафтари Созмони Милал дар Кобул кумак хостааст.Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи сешанбе гуфта буданд, ки ҳар ду кишвар кумак ба Афғонистон, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқро идома медиҳанд. Дар ҳамин ҳол Назирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" гуфт, Душанбе бо вуҷуди қарздор будани ҳамсоякишвар дар фасли зимистон интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ намекунад.Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуд. Ҳукумати Ғанӣ дар Кобул бидуни ҷанг таслим шуд ва худи ӯ фирор кард.* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
https://sputnik.tj/20211005/afghoniston-tojikiston-khohish-intiqol-barq-qat-nakunad-1042663441.html
https://sputnik.tj/20211004/tojikiston-sodirot-barq-afghoniston-qirghiziston-1042639340.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_bc98b2809be3d805d8b38e35db02f8b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон"* амвол сиёсатмадорон пардохт қарз барқ фурӯш
"толибон"* амвол сиёсатмадорон пардохт қарз барқ фурӯш
"Толибон"* амволи сиёсатмадорони собиқро барои пардохти қарзи барқ мефурӯшад
11:26 07.10.2021 (Навсозишуда: 20:16 07.10.2021) Ширкати миллии барқи Афғонистон ("Брешно") қасд дорад, амволи мансабдорони собиқи Хукумати Афғонистонро барои пардохти қарзи барқ фурӯшад.
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар пайи нигарониҳо дар бораи қатъи нерӯи барқ дар Афғонистон ширкати "Брешно" тасмим гирифт, дороиҳои мансабдорони собиқро, ки пули барқро пардохт накардаанд, фурӯшад.
Ин изҳоротро рӯзи чоршанбе Сафиуллоҳ Аҳмадзай, сардори шуъбаи амалиёти Ширкати миллии барқи Афғонистон ("Брешно") гуфтааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Аҳмадзай гуфтааст, ки пас аз анҷоми раванд ва тасвиби ҳукумати муваққатӣ ("Толибон"*), ширкат ба фурӯши амволи қарзгирон ва мансабдороне, ки Афғонистонро тарк кардаанд, оғоз мекунад.
Ба гуфтаи раҳбари пешини "Брешно", иқдоми пешниҳодкардаи "Толибон*" метавонад танҳо дар муддати кӯтоҳ мушкилотро ҳал кунад.
"Миқдори пул дар беҳтарин ҳолат барои пардохти бахше аз қарзи барқ ҷамъоварӣ мешавад, аммо дар ниҳоят он мушкиле, ки ширкат бо он рӯ ба рӯ аст, ҳал намешавад",-мегӯяд Амануллоҳ Ғолиб, раҳбари пешини "Брешно".
Ширкати афғонӣ рӯзи душанбеи гузашта хабар дод, ки Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон 62 миллион доллар қарздор аст. Бо вуҷуди ин "Брешно" қайд кард, ки пас аз суқути ҳукумати пешин ҷамъоварии даромади нерӯи барқ 70% кам шудааст. Дар робита ба и, ширкат аз дафтари Созмони Милал дар Кобул кумак хостааст.
Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи сешанбе гуфта буданд, ки ҳар ду кишвар кумак ба Афғонистон, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқро идома медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол Назирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" гуфт, Душанбе бо вуҷуди қарздор будани ҳамсоякишвар дар фасли зимистон интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ намекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуд. Ҳукумати Ғанӣ дар Кобул бидуни ҷанг таслим шуд ва худи ӯ фирор кард.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ