Коҳиши рекордии евро дар Тоҷикистон: сомонӣ тақвият меёбад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Бонки миллӣ тақвияти пули миллиро идома медиҳад. Тадриҷан поинравии қурби асъори аврупоиву амрикоӣ аз он шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон коҳиши қурби евро ва доллар дар баробари сомонӣ идома дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон то 1 октябр қурби расмии пули миллӣ барои як евроро 13.0531 сомонӣ муайян кардааст, ки ин сатҳи рекордии коҳиш дар соли ҷорӣ мебошад.
Ҳарчанд ҳанӯз дар моҳи сентябр ин шохис дар сатҳи 13.4010 сомонӣ ва тобистон то 13.8047 барои як евро нигоҳ дошта мешуд.
Дар мавриди асъори амрикоӣ бошад, он устувории нисбиро нишон медиҳад ва барои як доллар 11.2975 сомонӣ, тибқи нишондоди БМТ, арзиш дорад.
Ҳазор рубли русӣ ба 155,5 сомонӣ баробар аст, аммо дар дигар бонку ташкилотҳои қарзӣ қимати он ба 157 сомонӣ мерасад.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Иқтисоддон: Моҳи октябр доллар бо "сюрприз"-ҳои ногувор дучор хоҳад шуд
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 11.2975 то 11.3250 сомонӣ, 1 евро аз 13.0531 то 13.2300 сомонӣ ва барои 1 рубли русӣ аз 0.1556 то 0.1575 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0