https://sputnik.tj/20211006/amriko-vazorati-difoi-tojikiston-amaliyot-marzi-moshin-jip-1042674616.html
Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои амалиётҳо дар навоҳии марзӣ 20 мошини “Ҷип” дод
Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои амалиётҳо дар навоҳии марзӣ 20 мошини “Ҷип” дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Амрико ба вазорати дифои Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Афғонистон кумакҳо навбатӣ пешниҳод кардааст
2021-10-06T12:00+0500
2021-10-06T12:00+0500
2021-10-06T13:29+0500
дар тоҷикистон
мошин
има
амрико
қувваҳои мусаллаҳ
кӯмак
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042672064_0:0:1140:642_1920x0_80_0_0_91318d24af021457fdf9d0560a8d70cf.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафорати Амрико дар Душанбе ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои амалиёт дар минтақаҳои душворгузари марзии кишвар 20 мошини “Ҷип” тақдим кардааст, иттилоъ додааст намояндагии давлати ИМА дар Тоҷикистон."Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати дифои ин кишвар барои таҳкими марзҳо 20 мошини “Ҷип” тақдим кард”,-гуфта шудааст дар иттилоияи сафорат.Арзиши кумаки навбатӣ 1,3 миллион доллар будааст. Мошинҳои мазкур барои нерӯҳои вижаи дифоӣ имкон медиҳанд, дар манотиқи душворгузари марзӣ амалиёт анҷом диҳанд.Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба мақомоти ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ дар таъмини амнияти марзҳо изҳори сипос ва қайд кард, ки Амрико "аз дастовардҳои муштарак ифтихор мекунад".Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст, ки 358 мошин ба маблағи 10,5 миллион долларро низ шомил мешавад.Пештар хабар дода шуд, ки Русия ба артиши Тоҷикистон 12 мошини ҷосусии зиреҳпӯши БРДМ-2M-ро тақдим кард.Супоридани таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон дар доираи барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳи миллӣ сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20210930/politico-istiqrori-nizomiyoni-amriko-poygohi-201-tojikiston-1042577814.html
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042672064_154:0:1066:684_1920x0_80_0_0_cdba2fc792fc54d479f3511930161bbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, има, амрико, тақдим, мошин, низомӣ, кумак
тоҷикистон, има, амрико, тақдим, мошин, низомӣ, кумак
Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои амалиётҳо дар навоҳии марзӣ 20 мошини “Ҷип” дод
12:00 06.10.2021 (Навсозишуда: 13:29 06.10.2021) Сафорати Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Афғонистон кумак пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафорати Амрико дар Душанбе ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои амалиёт дар минтақаҳои душворгузари марзии кишвар 20 мошини “Ҷип” тақдим кардааст, иттилоъ додааст намояндагии давлати ИМА дар Тоҷикистон.
"Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати дифои ин кишвар барои таҳкими марзҳо 20 мошини “Ҷип” тақдим кард”,-гуфта шудааст дар иттилоияи сафорат.
Арзиши кумаки навбатӣ 1,3 миллион доллар будааст. Мошинҳои мазкур барои нерӯҳои вижаи дифоӣ имкон медиҳанд, дар манотиқи душворгузари марзӣ амалиёт анҷом диҳанд.
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба мақомоти ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ дар таъмини амнияти марзҳо изҳори сипос ва қайд кард, ки Амрико "аз дастовардҳои муштарак ифтихор мекунад".
"Мо бо Тоҷикистон шарик дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ боқӣ мемонем. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, мо қавитар ҳастем",-гуфт сафири ИМА.
Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст, ки 358 мошин ба маблағи 10,5 миллион долларро низ шомил мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия ба артиши Тоҷикистон 12 мошини ҷосусии зиреҳпӯши БРДМ-2M-ро тақдим кард.
Супоридани таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон дар доираи барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳи миллӣ сурат мегирад.