https://sputnik.tj/20211005/30-masul-nav-dar-hukumat-tolibon-1042656374.html
Таъйини беш аз 30 масъули нав дар ҳукумати "Толибон"*: Онҳо киянд?
Таъйини беш аз 30 масъули нав дар ҳукумати "Толибон"*: Онҳо киянд?
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* сарфи назар аз талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули ҳукуати нави Афғонистон идома медиҳанд
2021-10-05T13:55+0500
2021-10-05T13:55+0500
2021-10-05T14:33+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
нав
ҳукумат
таъйиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042182158_0:61:3054:1779_1920x0_80_0_0_0eb909bfd94db9cb9343a4b608c8612d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳукумати "Толибон"* дар Афғонистон 34 ҷангҷӯйи дигарро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кард. Дар ин бора муовини вазири иттилоот ва фарҳанги "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар "Twitter" хабар додааст.Қаблан ин шабакаи иҷтимоӣ бинобар нашри ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар Кобул саҳифаи ӯро масдуд карда буд, аммо пас аз чанде намояндаи радикалҳо боз ба он дастрасӣ пайдо кард.Сарфи назар аз дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ин бор ҳам вазифаҳои ҳукуматиро паштунҳо ишғол карданд. Муҷоҳид гуфтааст, ки ба мақомҳои нав ҷангҷӯёни соҳиби унвонҳои мазҳабӣ таъйин шудаанд. Дар байни онҳо чаҳор қорӣ (қироъаткунандагони Қуръон), 16 мулло (рӯҳониёне, ки мадраса хатм кардаанд) ва 14 мавлавӣ (муллоҳое, ки маълумоти махсуси динӣ гирифтаанд) ҳастанд. Онҳо дар вазифаҳои вазири шаҳидон ва маъюбон, муовини сиёсии нахуствазир, роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон кор хоҳанд кард. Аксарияти ҷангҷӯён ба вазифаҳои волӣ ва муованати волиҳои музофотҳои Афғонистон таъйин шудаанд.Ҳамин тавр "Толибон"* бори дигар яке аз шартҳои калидии эътирофи ҳукумати худро дар ҷаҳон нодида гирифтанд. Илова бар ин онҳо ба ваъдаи худ дар бораи ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кардани занон ваъдахилофӣ карданд. * - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211005/makron-shart-etirof-hukumati-tolibon-1042654919.html
https://sputnik.tj/20211005/khashm-tolibon-saudi-tahrimi-tv-1042648940.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042182158_195:0:2926:2048_1920x0_80_0_0_fe1870c52f44761426ffc2c23692239a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйироти кадрӣ, ҳукумати "толибон"*, масъулини нав
тағйироти кадрӣ, ҳукумати "толибон"*, масъулини нав
Таъйини беш аз 30 масъули нав дар ҳукумати "Толибон"*: Онҳо киянд?
13:55 05.10.2021 (Навсозишуда: 14:33 05.10.2021) "Толибон"* сарфи назар аз талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули ҳукумати нави Афғонистон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳукумати "Толибон"* дар Афғонистон 34 ҷангҷӯйи дигарро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кард. Дар ин бора муовини вазири иттилоот ва фарҳанги "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар "
Twitter" хабар додааст.
Қаблан ин шабакаи иҷтимоӣ бинобар нашри ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар Кобул саҳифаи ӯро масдуд карда буд, аммо пас аз чанде намояндаи радикалҳо боз ба он дастрасӣ пайдо кард.
Сарфи назар аз дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ин бор ҳам вазифаҳои ҳукуматиро паштунҳо ишғол карданд.
Муҷоҳид гуфтааст, ки ба мақомҳои нав ҷангҷӯёни соҳиби унвонҳои мазҳабӣ таъйин шудаанд.
Дар байни онҳо чаҳор қорӣ (қироъаткунандагони Қуръон), 16 мулло (рӯҳониёне, ки мадраса хатм кардаанд) ва 14 мавлавӣ (муллоҳое, ки маълумоти махсуси динӣ гирифтаанд) ҳастанд.
Онҳо дар вазифаҳои вазири шаҳидон ва маъюбон, муовини сиёсии нахуствазир, роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон кор хоҳанд кард.
Аксарияти ҷангҷӯён ба вазифаҳои волӣ ва муованати волиҳои музофотҳои Афғонистон таъйин шудаанд.
Ҳамин тавр "Толибон"* бори дигар яке аз шартҳои калидии эътирофи ҳукумати худро дар ҷаҳон нодида гирифтанд. Илова бар ин онҳо ба ваъдаи худ дар бораи ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кардани занон ваъдахилофӣ карданд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон