https://sputnik.tj/20211005/khashm-tolibon-saudi-tahrimi-tv-1042648940.html
“Ҳаҷро ҳам манъ мекардем”: Хашми “Толибон” бар Саудӣ ва таҳрими ду ТВ-и бритониёӣ
“Ҳаҷро ҳам манъ мекардем”: Хашми “Толибон” бар Саудӣ ва таҳрими ду ТВ-и бритониёӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати “Толибон” шабакаҳои “Эрон интернешнал” ва “Афғонистон интернешнал” – ро таҳрим кардааст
2021-10-05T09:28+0500
2021-10-05T09:28+0500
2021-10-05T11:28+0500
дар ҷаҳон
фарҳанг
афғонистон
расонаҳо
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_0:0:3105:1748_1920x0_80_0_0_f4c2edb7e44062aafc75bb827a304d08.jpg
ДУШАНБЕ, 05 окт — Sputnik. Аз тамоми ширкатҳои мухобиротӣ ва кабелӣ тақозо шудааст, ки аз пахши барномаҳои ин ду телевизион дар саросари Афғонистон қатъан худдорӣ кунанд. Раззоқи Маъмун, сардабири “Гузоришномаи Афғонистон” ба Sputnik Тоҷикистон аз қавли манобеи худ дар Кобул хабар дод, ки Вазорати фарҳанг ва иттилооти “Толибон” аз ҳамаи мақомоти зидахли давлатӣ, аз ҷумла Вазорати мухобирот, радио, телевизиони Афғонистон ва ширкатҳои кабелӣ дар як ҷаласаи хос тақозо кардааст, ки бо ин ду телевизион ҳамкорӣ накунанд ва аз мақомоти қудратӣ хостааст, дар ин маврид чораҳои зарурӣ андешанд. “Аз ҷумлаи таҳримҳо ин аст, ки пас аз ин ҳеҷ сокин ва коршиноси кишвар ҳақ надорад, бо ин ду телевизион мусоҳиба кунад ва ё ба онҳо гузориш бифиристад, дар акси ҳол ҳар ҳамкори ин расонаҳо муҷозот хоҳад шуд. Ба шабакаҳои кабелӣ низ дастур дода шудааст, ки ин ду телевизионро аз рӯйхаташон берун кунанд”,-гуфт Раззоқи Маъмун. “Эрон интернешнал” ва “Афғонистон интернешнал” ду расонаи телевизионие ҳастанд, ки аз Лондон – пойтахти Бритониё пахш ва аз сӯйи Муҳаммад ибни Салмон - шаҳзодаи Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешаванд. Раззоқи Маъмун мегӯяд, кишварҳои Қатар ва Эрон ин шабакаҳоро як ҳадафи амалиётӣ арзёбӣ карда, ба муттаҳидони толиби хеш дар Афғонистон дастур додаанд, ки онҳоро таҳрим кунанд. Арабистони Саудӣ ба дунболи Покистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сеюмин кишваре буд, ки замони зуҳури аввали “Толибон” (1996-2001) ҳукуматашонро ба расмият шинохта, онҳоро сармоягузорӣ мекард. Аммо “Толибон” дар зуҳури дувуми худ ба Қатар ва Эрон, рақибони Саудӣ дар олами Ислом такя карданд ва бо онҳо ҳамкории танготанг ба роҳ монданд. Баробари шуруи музокироти “Толибон” бо Амрико дар Қатар ин равобит ба тирагӣ печид ва ҳатто ба дӯстиву ҳамкориҳои Арабистони Саудиву Покистон низ хотима бахшид. Ҳоло Арабистони Саудӣ бо Ҳинд равобити густардаро ба роҳ андохтааст.
https://sputnik.tj/20211003/mutavaqqif-faoliyati-7rasonahoi-afghoniston-tolibon-1042624734.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_382:0:2990:1956_1920x0_80_0_0_5aca67d9e3bab753df000bcbe9a155d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хашм “толибон” саудӣ таҳрим тв афғонистон
хашм “толибон” саудӣ таҳрим тв афғонистон
“Ҳаҷро ҳам манъ мекардем”: Хашми “Толибон” бар Саудӣ ва таҳрими ду ТВ-и бритониёӣ
09:28 05.10.2021 (Навсозишуда: 11:28 05.10.2021) Ҳукумати “Толибон” шабакаҳои “Эрон интернешнал” ва “Афғонистон интернешнал”-ро таҳрим кардааст
ДУШАНБЕ, 05 окт — Sputnik. Аз тамоми ширкатҳои мухобиротӣ ва кабелӣ тақозо шудааст, ки аз пахши барномаҳои ин ду телевизион дар саросари Афғонистон қатъан худдорӣ кунанд.
Раззоқи Маъмун, сардабири “Гузоришномаи Афғонистон” ба Sputnik Тоҷикистон аз қавли манобеи худ дар Кобул хабар дод, ки Вазорати фарҳанг ва иттилооти “Толибон” аз ҳамаи мақомоти зидахли давлатӣ, аз ҷумла Вазорати мухобирот, радио, телевизиони Афғонистон ва ширкатҳои кабелӣ дар як ҷаласаи хос тақозо кардааст, ки бо ин ду телевизион ҳамкорӣ накунанд ва аз мақомоти қудратӣ хостааст, дар ин маврид чораҳои зарурӣ андешанд.
“Аз ҷумлаи таҳримҳо ин аст, ки пас аз ин ҳеҷ сокин ва коршиноси кишвар ҳақ надорад, бо ин ду телевизион мусоҳиба кунад ва ё ба онҳо гузориш бифиристад, дар акси ҳол ҳар ҳамкори ин расонаҳо муҷозот хоҳад шуд. Ба шабакаҳои кабелӣ низ дастур дода шудааст, ки ин ду телевизионро аз рӯйхаташон берун кунанд”,-гуфт Раззоқи Маъмун.
“Эрон интернешнал” ва “Афғонистон интернешнал” ду расонаи телевизионие ҳастанд, ки аз Лондон – пойтахти Бритониё пахш ва аз сӯйи Муҳаммад ибни Салмон - шаҳзодаи Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешаванд.
Раззоқи Маъмун мегӯяд, кишварҳои Қатар ва Эрон ин шабакаҳоро як ҳадафи амалиётӣ арзёбӣ карда, ба муттаҳидони толиби хеш дар Афғонистон дастур додаанд, ки онҳоро таҳрим кунанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар маҷлиси дирӯзаш дар Вазорати фарҳанг ба ҳозирин аз рӯи қаҳру асабоният болои давлат Саудӣ гуфтааст, ки "агар тавон дошта бошам, рафтан ба ҳаҷи умра ва ҳаҷи фарзиро низ манъ мекардам, то пулҳои мардуми мо ба ҷайби арабҳои саудӣ науфтад”,-гуфт ӯ.
Арабистони Саудӣ ба дунболи Покистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сеюмин кишваре буд, ки замони зуҳури аввали “Толибон” (1996-2001) ҳукуматашонро ба расмият шинохта, онҳоро сармоягузорӣ мекард.
Аммо “Толибон” дар зуҳури дувуми худ ба Қатар ва Эрон, рақибони Саудӣ дар олами Ислом такя карданд ва бо онҳо ҳамкории танготанг ба роҳ монданд.
Баробари шуруи музокироти “Толибон” бо Амрико дар Қатар ин равобит ба тирагӣ печид ва ҳатто ба дӯстиву ҳамкориҳои Арабистони Саудиву Покистон низ хотима бахшид. Ҳоло Арабистони Саудӣ бо Ҳинд равобити густардаро ба роҳ андохтааст.