https://sputnik.tj/20211005/makron-shart-etirof-hukumati-tolibon-1042654919.html
Макрон шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро гуфт
Макрон шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дастрасии занон ба таҳсил яке аз шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"* бояд бошад, изҳор дошт роҳбари Фаронса
2021-10-05T12:45+0500
2021-10-05T12:45+0500
2021-10-05T13:23+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
фаронса
эммануэл макрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039952946_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_5ccc44bad14367296ae209f827a7ee0b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эммануэл Макрон вазъи занон дар Афғонистон баъди сари қудрат омадани "Толибон"* - ро даҳшатовар хонд. "Вазъи занон дар Афғонистон имрӯз даҳшатнок аст. Барои ин бисёре аз онҳо кишварро тарк карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо то ҳадди тавонаш кумак кард", -изҳор дошт раисҷумҳури Фаронса дар суҳбат бо радиои "France Inter".Ба гуфтаи ӯ, дастрасии занону духтарон ба таҳсил яке аз шартҳои Фаронса барои эътирофи "Толибон"* мебошад. Инчунин Макрон даъват кард, ки кишварҳои узви "Бистгонаи бузург" шартҳои мушаххаси эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро ироа намоянд. Аз шартҳои дигари Фаронса имкони идомаи амалиёти башарӣ арзёбӣ шудааст, яъне ихроҷи афроде, ки ниёз ба ҳимоя доранд. Инчунин таъкид шудааст, ки низоми "Толибон"* набояд бо созмонҳои террористии минтақа ҳамкорӣ намояд ва бояд онҳоро маҳкум кунад. Вазъ дар Афғонистон моҳи августи соли равон дар пайи ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* муташанниҷ шуд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисҷумҳур истеъфо дода, аз Афғонистон фирор кард. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳо.
https://sputnik.tj/20211005/khashm-tolibon-saudi-tahrimi-tv-1042648940.html
афғонистон
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039952946_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fcb016d5a4fe9f464cba08adcec1ac32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарт, эътироф, ҳукумат, толибон, фаронса
шарт, эътироф, ҳукумат, толибон, фаронса
Макрон шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро гуфт
12:45 05.10.2021 (Навсозишуда: 13:23 05.10.2021) Дастрасии занон ба таҳсил яке аз шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"* бояд бошад, изҳор дошт роҳбари Фаронса
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эммануэл Макрон вазъи занон дар Афғонистон баъди сари қудрат омадани "Толибон"* - ро даҳшатовар хонд.
"Вазъи занон дар Афғонистон имрӯз даҳшатнок аст. Барои ин бисёре аз онҳо кишварро тарк карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо то ҳадди тавонаш кумак кард", -изҳор дошт раисҷумҳури Фаронса дар суҳбат бо радиои "France Inter".
Ба гуфтаи ӯ, дастрасии занону духтарон ба таҳсил яке аз шартҳои Фаронса барои эътирофи "Толибон"* мебошад.
Инчунин Макрон даъват кард, ки кишварҳои узви "Бистгонаи бузург" шартҳои мушаххаси эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро ироа намоянд.
Аз шартҳои дигари Фаронса имкони идомаи амалиёти башарӣ арзёбӣ шудааст, яъне ихроҷи афроде, ки ниёз ба ҳимоя доранд. Инчунин таъкид шудааст, ки низоми "Толибон"* набояд бо созмонҳои террористии минтақа ҳамкорӣ намояд ва бояд онҳоро маҳкум кунад.
Вазъ дар Афғонистон моҳи августи соли равон дар пайи ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* муташанниҷ шуд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисҷумҳур истеъфо дода, аз Афғонистон фирор кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳо.