https://sputnik.tj/20210929/tolibon-amrikoro-naqzi-harimi-havoii-afghoniston-1042557257.html
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи “Толибон”* баёнияеро дар хусуси нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон тавасути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин амрикоӣ мунташир кард
2021-09-29T13:40+0500
2021-09-29T13:40+0500
2021-09-29T13:49+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амрико
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
ҳарими ҳавоӣ
паҳпод
ҳавопаймои бесарнишин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042557216_0:196:1921:1276_1920x0_80_0_0_4f00b063e5d6859fc4a3e7bdcf002ee0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. “Толибон”* иддао дорад, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ҳарими ҳавоии Афғонистонро мунтазам нақз мекунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сарпараси Вазорати иттилоот ва фарҳанги “Толибон”* дар "Твиттер" навишт, ки парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар фазои ин кишвар ба ҳокимияти "Иморати Исломии Афғонистон" (низоми сиёсии худхондаи “Толибон”*) халал мерасонад."Кишварҳо бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ танҳо соҳибони арзи ҳарими ҳавоии давлатҳои худ ҳастанд. Бинобар ин иморати исломӣ ба унвони танҳо ниҳоди ҳуқуқии Афғонистон ҳофизи тамомияти арзӣ ва ҳарими ҳавоии Афғонистон аст. Ахиран Амрико бар хилофи кулли қавонини байналмилаӣ ва тааҳҳудоти ИМА бо иморати исломӣ дар Доҳа, пойтахти Қатар амал карда ва ҳарими ҳавоии муқаддаси Ағонистон тавассути паҳподҳои амрикоӣ борҳо нақз шудааст. Ин тахалуфот бояд ислоҳ ва аз онҳо ҷилавгирӣ шавад”,-омадааст дар баёнияи “Толибон”*."Толибон" ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо, бахусус ИМА даъват кардааст, ки уҳдадориҳои мутақобилаи худро риоя кунанд, то аз оқибатҳои манфӣ дар оянда пешгирӣ намоянд.Ин изҳороти "Толибон" дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи ба расмият шинохтани осмони Афғонистон ба унвони қаламрави ҳавоии “Толибон”* гуфт, дар ҳоли ҳозир чунин зарурате вуҷуд надорад.Сухангӯи Пентагон гуфт, ки низомиён ба зарбаҳои ҳавоӣ дар Афғонистон салоҳияти комил доранд ва ба ҳамоҳангӣ бо “Толибон”* ниёз надоранд.Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида, бар асоси созишнома бо “Толибон” нерӯҳояшро аз Афғонистон берун овард, аммо ин гурӯҳ ва ҳукумати муваққати онро ба унвони ҳукумати қонунии Афғонистон эътироф накардааст.Пас аз ифшои рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс", Вазорати дифои Амрико эътироф кард, ки дар рӯзҳои охирини хуруҷи худ аз Афғонистон як оилаи бегуноҳ ҳадафи амалиёти бесарнишин қарор гирифт ва 10 узви ин хонавода, бо шумули ҳафт кӯдак дар ҳамла кушта шуданд.Замари Аҳмадӣ, як корманди имдодии афғонистонӣ, ки дар ин ҳамла ҳамроҳ бо дигар аъзои хонаводааш кушта шуд, корманди як оҷонси байналмилалӣ буд.Вай дар соҳаи муҳандисии электрикӣ таҳсил карда, 14 сол дар созмони ғайридавлатии амрикоӣ кор кардааст.
https://sputnik.tj/20210929/generali-amrikoi-al-qoida-afghoniston-hamla-amriko-1042552460.html
https://sputnik.tj/20210929/imron-khon-davlati-ghani-mardum-mahbubiyat-1042551055.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042557216_106:0:1807:1276_1920x0_80_0_0_be80e2e5bb1c9490f4e4ef7500687875.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, паҳпод, ҳавопаймои бесарнишин, амрико, нақзи ҳарими ҳавоӣ
афғонистон, паҳпод, ҳавопаймои бесарнишин, амрико, нақзи ҳарими ҳавоӣ
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
13:40 29.09.2021 (Навсозишуда: 13:49 29.09.2021) Гурӯҳи “Толибон”* баёнияеро дар хусуси нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон тавасcути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ мунташир кард
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. “Толибон”* иддао дорад, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ҳарими ҳавоии Афғонистонро мунтазам нақз мекунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сарпараси Вазорати иттилоот ва фарҳанги “Толибон”* дар "Твиттер" навишт, ки парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар фазои ин кишвар ба ҳокимияти "Иморати Исломии Афғонистон" (низоми сиёсии худхондаи “Толибон”*) халал мерасонад.
"Кишварҳо бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ танҳо соҳибони арзи ҳарими ҳавоии давлатҳои худ ҳастанд. Бинобар ин иморати исломӣ ба унвони танҳо ниҳоди ҳуқуқии Афғонистон ҳофизи тамомияти арзӣ ва ҳарими ҳавоии Афғонистон аст. Ахиран Амрико бар хилофи кулли қавонини байналмилаӣ ва тааҳҳудоти ИМА бо иморати исломӣ дар Доҳа, пойтахти Қатар амал карда ва ҳарими ҳавоии муқаддаси Ағонистон тавассути паҳподҳои амрикоӣ борҳо нақз шудааст. Ин тахалуфот бояд ислоҳ ва аз онҳо ҷилавгирӣ шавад”,-омадааст дар баёнияи “Толибон”*.
"Толибон" ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо, бахусус ИМА даъват кардааст, ки уҳдадориҳои мутақобилаи худро риоя кунанд, то аз оқибатҳои манфӣ дар оянда пешгирӣ намоянд.
Ин изҳороти "Толибон" дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи ба расмият шинохтани осмони Афғонистон ба унвони қаламрави ҳавоии “Толибон”* гуфт, дар ҳоли ҳозир чунин зарурате вуҷуд надорад.
Сухангӯи Пентагон гуфт, ки низомиён ба зарбаҳои ҳавоӣ дар Афғонистон салоҳияти комил доранд ва ба ҳамоҳангӣ бо “Толибон”* ниёз надоранд.
Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида, бар асоси созишнома бо “Толибон” нерӯҳояшро аз Афғонистон берун овард, аммо ин гурӯҳ ва ҳукумати муваққати онро ба унвони ҳукумати қонунии Афғонистон эътироф накардааст.
Пас аз ифшои рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс", Вазорати дифои Амрико эътироф кард, ки дар рӯзҳои охирини хуруҷи худ аз Афғонистон як оилаи бегуноҳ ҳадафи амалиёти бесарнишин қарор гирифт ва 10 узви ин хонавода, бо шумули ҳафт кӯдак дар ҳамла кушта шуданд.
Замари Аҳмадӣ, як корманди имдодии афғонистонӣ, ки дар ин ҳамла ҳамроҳ бо дигар аъзои хонаводааш кушта шуд, корманди як оҷонси байналмилалӣ буд.
Вай дар соҳаи муҳандисии электрикӣ таҳсил карда, 14 сол дар созмони ғайридавлатии амрикоӣ кор кардааст.