Садамаи поси шаб дар роҳи Суғд якеро кушту дуи дигарро захмӣ кард

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Аз се мусофири автомашинаи "Мерседес-Бенс", ки ҳамагӣ бонувон буданд, яке дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиду дуи дигар дар бемористон бистарӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Садамаи поси шаб дар роҳи мошингарди вилояти Суғд боиси фавти як мусофирзани 35-сола гашт.
Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи нохуш рӯзи 22-юми сентябр, соати 02:00 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи 29-солаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритӯс ба самти ноҳияи Дӯстӣ, дар ҳудуди деҳаи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.
Дорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Садама дар Рӯшон боиси фавти ронанда ва се мусофир шуд
Зимнан ронанда ба қисмати қафои автомашинаи боркашони тамғаи "Шакман" бархӯрд.
Дар натиҷа як аз мусофирони дохили автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", зани 35-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0