Садама дар Рӯшон боиси фавти ронанда ва се мусофир шуд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкДорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото
Дорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Бар асари як садама дар роҳи мошингарди ноҳияи Рӯшон ронанда бо се мусофираш даргузаштанд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз як сонеҳаи нақлиётӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштааст.
Бинобар хабари ин ниҳод, ин ҳодисаи нохуш дар рӯзи 14 сентябр дар наздикии деҳаи Хуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ронандаи мошини сабукрав зимни ҳаракат аз маркази ноҳияи Рӯшон ба самти деҳаи Хуф аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ҷарии 100 - 150-метра сарозер шуд.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Ду садама ва ду қурбонӣ дар ду рӯзи ахир
Дар натиҷа, худи ронанда ва ҳамаи мусофирони ӯ, ки се нафар буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Манбаъ меафзояд, феълан Раёсати умури дохилӣ дар ин вилоят ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз тамоми ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки дар ҷодаҳои кӯҳӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд, то ҷони худ ва мусофиронро дар хатар нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0