https://sputnik.tj/20210923/khalabonho-afghon-tojikiston-amriko-1042457359.html
Халабонҳои фирории афғон дар Тоҷикистон гуфтаанд, будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашид"
Халабонҳои фирории афғон дар Тоҷикистон гуфтаанд, будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашид"
Sputnik Тоҷикистон
Халабонҳои Афғонистон, ки беш аз як моҳи дар Тоҷикистон қарор доранд, гуфтаанд, ки будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашид". Онҳо аз ИМА дархост кардаанд, ки онҳоро интиқол диҳад, аммо онҳо посухе дарёфт накардаанд
2021-09-23T15:30+0500
2021-09-23T15:30+0500
2021-09-23T15:30+0500
дар тоҷикистон
има
афғонистон
гурезаҳои афғон
халабон
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102281/97/1022819714_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_e8fffdc9bb86faa0eab2c4b926578b63.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳудуди 150 шаҳрванди Афғонистон дар осоишгоҳе берун аз Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд ва беш аз як моҳ интизори интиқол ба Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, хабар медиҳад Reuters. Нашрия иддао дорад, ки хабарнигорон тавонистанд бо худи халабонҳо, хешовандони онҳо ва ашхоси расмӣ аз вазъашон суҳбат кардаанд. Ҳамаи ин одамон бо шарти ифшо нашудани номашон сухан гуфтаанд.Халабонҳо 15 август бо 16 ҳавопаймо пас аз суқути Кобул ба Тоҷикистон фирор карданд.Пас аз он ки низомиён аз кишвар фирор карда, ба Душанбе меоянд телефонҳои мобилии онҳо гирифтаву тамос бо хонаводаҳояшон маҳдуд карда мешавад.Ба гуфтаи низомиёни афғон, ба онҳо гуфтаанд, ки ин кор ба хотири амният сурат гирифтааст. Ҳангоми гирифтани телефонҳо аз афғонҳо ба онҳо гуфтаанд, ки ин ба манфиати худи онҳост ва мефаҳмонад, ки "Толибон" * ҳангоми занг задан ба хона метавонанд сигнали онҳоро пайгирӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, баъзе сарбозони фирорӣ тавонистанд телефони мобилиро ба таври пинҳон ба даст оранд.Гуфта мешавад, миёни хизматчиёни ҳарбии ин муассиса ду зани афғон ҳастанд, ки яке аз онҳо ҳомиладор аст. Халабонҳо гуфтанд, ки дар шароити роҳат нигаҳдорӣ мешаванд ва тарсе надоранд, ки онҳоро ба "Толибон"* баргардонанд. Аммо раванди тӯлонии интиқоли онҳоро ба изтироб меорад. Шаҳрвандони Афғонистон аз он ҳарос доранд, ки хонаводаҳояшон аз саркӯби "Толибон"* азият мекашанд ва ё бинобар аз даст додани даромад пас аз тағйири ҳукумат дар Кобул пуле надоранд. Ба навиштаи Reuters, ҳоло мақомоти расмии ИМА ба ҷамъоварии иттилооти биометрӣ шурӯъ кардаанд, ки ин аз кумакҳои қарибулвуқуъ шаҳодат медиҳад. Чунин корҳои шабеҳ дар Ӯзбекистон қабл аз интиқоли халабонҳо аз он ҷо сурат гирифта буд.Ходими калони Бунёди Карнеги Пол Стронски изҳор дошт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон метавонад аз нақши худ дар қабули шаҳрвандони Афғонистон ҳангоми ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар як кишвари ҳамсоя ифтихор кунад.Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Амрико ва Тоҷикистон аз шарҳи вазъ дар бораи халабонҳои ба Тоҷикистон омада худдорӣ кардаанд. * - ташкилоти террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ
https://sputnik.tj/20210913/intiqol-khalabon-afghon-uzbekiston-ama-1042237869.html
https://sputnik.tj/20210922/zanon-siyosatmador-afghoniston-panoh-1042437374.html
https://sputnik.tj/20210901/safir-tedodi-gureza-afghon-tojikiston-1042002583.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102281/97/1022819714_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_bd06c82abd80396803ce8322549f85de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
халабонҳо фирорӣ афғон тоҷикистон амрико
халабонҳо фирорӣ афғон тоҷикистон амрико
Халабонҳои фирории афғон дар Тоҷикистон гуфтаанд, будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашид"
Халабонҳои Афғонистон, ки беш аз як моҳи фирор дар Тоҷикистон қарор доранд, гуфтаанд, ки будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашид". Онҳо аз ИМА дархост кардаанд, ки онҳоро интиқол диҳад, аммо онҳо посухе дарёфт накардаанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳудуди 150 шаҳрванди Афғонистон дар осоишгоҳе берун аз Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд ва беш аз як моҳ интизори интиқол ба Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, хабар медиҳад Reuters.
Нашрия иддао дорад, ки хабарнигорон тавонистанд бо худи халабонҳо, хешовандони онҳо ва ашхоси расмӣ аз вазъашон суҳбат кардаанд. Ҳамаи ин одамон бо шарти ифшо нашудани номашон сухан гуфтаанд.
Халабонҳо 15 август бо 16 ҳавопаймо пас аз суқути Кобул ба Тоҷикистон фирор карданд.
Пас аз он ки низомиён аз кишвар фирор карда, ба Душанбе меоянд телефонҳои мобилии онҳо гирифтаву тамос бо хонаводаҳояшон маҳдуд карда мешавад.
Ба гуфтаи низомиёни афғон, ба онҳо гуфтаанд, ки ин кор ба хотири амният сурат гирифтааст. Ҳангоми гирифтани телефонҳо аз афғонҳо ба онҳо гуфтаанд, ки ин ба манфиати худи онҳост ва мефаҳмонад, ки "Толибон" * ҳангоми занг задан ба хона метавонанд сигнали онҳоро пайгирӣ кунанд.
Бо вуҷуди ин, баъзе сарбозони фирорӣ тавонистанд телефони мобилиро ба таври пинҳон ба даст оранд.
Гуфта мешавад, миёни хизматчиёни ҳарбии ин муассиса ду зани афғон ҳастанд, ки яке аз онҳо ҳомиладор аст.
Халабонҳо гуфтанд, ки дар шароити роҳат нигаҳдорӣ мешаванд ва тарсе надоранд, ки онҳоро ба "Толибон"* баргардонанд. Аммо раванди тӯлонии интиқоли онҳоро ба изтироб меорад.
Шаҳрвандони Афғонистон аз он ҳарос доранд, ки хонаводаҳояшон аз саркӯби "Толибон"* азият мекашанд ва ё бинобар аз даст додани даромад пас аз тағйири ҳукумат дар Кобул пуле надоранд.
Ба навиштаи Reuters, ҳоло мақомоти расмии ИМА ба ҷамъоварии иттилооти биометрӣ шурӯъ кардаанд, ки ин аз кумакҳои қарибулвуқуъ шаҳодат медиҳад. Чунин корҳои шабеҳ дар Ӯзбекистон қабл аз интиқоли халабонҳо аз он ҷо сурат гирифта буд.
Ходими калони Бунёди Карнеги Пол Стронски изҳор дошт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон метавонад аз нақши худ дар қабули шаҳрвандони Афғонистон ҳангоми ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар як кишвари ҳамсоя ифтихор кунад.
Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Амрико ва Тоҷикистон аз шарҳи вазъ дар бораи халабонҳои ба Тоҷикистон омада худдорӣ кардаанд.
* - ташкилоти террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ