https://sputnik.tj/20210913/intiqol-khalabon-afghon-uzbekiston-ama-1042237869.html
Интиқоли халабонҳои афғон аз Ӯзбекистон ба АМА оғоз шуд
Интиқоли халабонҳои афғон аз Ӯзбекистон ба АМА оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раванди интиқоли халабонони афғон бо аъзои оилаашон аз Ӯзбекистон ба АМА оғоз шудааст.
2021-09-13T19:25+0500
2021-09-13T19:25+0500
2021-09-13T20:23+0500
има
афғонистон
ама
ӯзбекистон
халабон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042000968_159:0:1153:559_1920x0_80_0_0_6d6de7db2d6e0086e7e18730580a028d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои "The New York Times", халабонҳои омӯзишдидаи афғон, ки пас аз тасарруфи Кобул аз суйи "Толибон" ба Ӯзбекистон паноҳ бурдаанд, бо аъзои оилаи худ ба як пойгоҳи низомии ИМА дар АМА интиқол дода мешаванд.Яке аз халабонҳо ба хабаргузории "Reuters" гуфтааст, ки раванди интиқоли онҳо ба Имороти Муттаҳидаи Араб дирӯз, якшанбе, оғоз шуд.Интиқоли ин афрод бар асоси созишномаи байни ИМА ва Ӯзбекистон сурат мегирад.Нашрияи "Wall Street Journal" рӯзи шанбе навишт, ки ду ҷониб ҳафтаи гузашта ба тавофуқ расидаанд.Мувофиқи маълумоти "Wall Street Journal", халабонон ва оилаҳои онҳо дар маҷмуъ 585 нафаранд.Гуфта мешавад, халабонҳо бо беш аз 20 ҳавопаймо ва чархбол аз "Толибон"* фирор кардаву дар Ӯзбекистон паноҳ бурда буданд.Бо сабаби зарбаҳои сершумори артиши Афғонистон дар солҳои охир ба мавқеъҳои "Толибон"* ва талафоти зиёди ин гурӯҳ дар ин ҳамлаҳо ҷангҷӯён бисёре аз халабонони афғонро бо ташкили сӯиқасд куштанд.Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки "Толибон"* барои баргардонидани халабонҳо ҳамроҳ бо чархболу ҳавопаймоҳояшон ба Ӯзбекистон фишор овардаанд.* -
https://sputnik.tj/20210913/siyosatshinos-tojik-pashtun-afghoniston-1042236142.html
има
афғонистон
ама
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042000968_283:0:1028:559_1920x0_80_0_0_8c7957f28bc82ac18fbf9250e6a7656e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқол, халабонон, афғон, ӯзбекистон, ама
интиқол, халабонон, афғон, ӯзбекистон, ама
Интиқоли халабонҳои афғон аз Ӯзбекистон ба АМА оғоз шуд
19:25 13.09.2021 (Навсозишуда: 20:23 13.09.2021) Раванди интиқоли халабонони афғон бо аъзои оилаашон аз Ӯзбекистон ба АМА оғоз шудааст.
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои "
The New York Times", халабонҳои омӯзишдидаи афғон, ки пас аз тасарруфи Кобул аз суйи "Толибон" ба Ӯзбекистон паноҳ бурдаанд, бо аъзои оилаи худ ба як пойгоҳи низомии ИМА дар АМА интиқол дода мешаванд.
Яке аз халабонҳо ба хабаргузории "
Reuters" гуфтааст, ки раванди интиқоли онҳо ба Имороти Муттаҳидаи Араб дирӯз, якшанбе, оғоз шуд.
Интиқоли ин афрод бар асоси созишномаи байни ИМА ва Ӯзбекистон сурат мегирад.
Нашрияи "Wall Street Journal" рӯзи шанбе навишт, ки ду ҷониб ҳафтаи гузашта ба тавофуқ расидаанд.
Мувофиқи маълумоти "Wall Street Journal", халабонон ва оилаҳои онҳо дар маҷмуъ 585 нафаранд.
Гуфта мешавад, халабонҳо бо беш аз 20 ҳавопаймо ва чархбол аз "Толибон"* фирор кардаву дар Ӯзбекистон паноҳ бурда буданд.
Бо сабаби зарбаҳои сершумори артиши Афғонистон дар солҳои охир ба мавқеъҳои "Толибон"* ва талафоти зиёди ин гурӯҳ дар ин ҳамлаҳо ҷангҷӯён бисёре аз халабонони афғонро бо ташкили сӯиқасд куштанд.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки "Толибон"* барои баргардонидани халабонҳо ҳамроҳ бо чархболу ҳавопаймоҳояшон ба Ӯзбекистон фишор овардаанд.