https://sputnik.tj/20210921/jambast-natija-intikhobot-dumai-rusiya-1042387946.html
Эълони натоиҷи интихоботи Думаи давлатии Русия
Эълони натоиҷи интихоботи Думаи давлатии Русия
Sputnik Тоҷикистон
Русия натиҷаҳои интихоботи моҳи сентябр ба Думаи Давлатиро ҷамъбаст кард, ки дар пайи он ҳизби "Русияи воҳид" пешсаф аст
2021-09-21T09:58+0500
2021-09-21T09:58+0500
2021-10-21T19:08+0500
сиёсат
интихобот
овоздиҳӣ
аҳзоби сиёсӣ
думаи давлатӣ
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101991/76/1019917620_0:143:3133:1905_1920x0_80_0_0_4c0104ab8446239b7d076c6111dea0af.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботи Русия 100%-и ороъ дар интихоботи вакилони Думаи давлатиро ҳисоб кард, хабар медиҳад котиботи КМИРТибқи натиҷаҳои ниҳоӣ, Ҳизби "Русияи воҳид" (Единая Россия) аз феҳрасти аҳзоби ин кишвар 49,82% раъй касб кардааст. Тибқи ҳисобҳо, "Русияи воҳид" тақрибан 112 курсӣ аз феҳрасти умумии аҳзоби Русияро мегирад. Илова бар ин ин ҳизб дар 198 ҳавзаи якмандатӣ пирӯз шуд. Дар маҷмӯъ "Русияи воҳид" аксарияти конститутсионӣ дар палатаи поёниро ташкил медиҳад, ки беш аз 300 курсӣ дар парлумонро шомил мешавад.Ҳамин тариқ пас шумориши раъй натоиҷи умумии интихоботи парлумонии Русия чунин эълон шуд: Ҳамаи ин панҷ ҳизб ҳадди панҷдарсадӣ барои вуруд ба Думаи давлатиро гузаштанд.Бино ба маълумоти пешакӣ, номзадҳои Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия дар нуҳ ноҳия пирӯз шудаанд. Дар ҷои сеюм номзадҳои Ҳизби "Русияи одил - барои ҳақиқат" қарор доранд. Онҳо дар ҳашт ҳавза пирӯзӣ касб карданд.Дар панҷ ҳавза номзадҳои худпешбаришуда, дар ду ҳавза номзадҳои Ҳизби либерал-демократӣ, дар сетои дигар номзадҳои аҳзоби "Родина", рушд ва платформаи шаҳрвандӣ пирӯз шуданд. Ёдовар мешавем, ки интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия, даъвати ҳаштум тӯли се рӯз - 17, 18 ва 19 сентябр баргузор шуд.Думаи давлатӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад: 225 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ, 225 вакили дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар як давра интихоб мешаванд.
https://sputnik.tj/20210919/afzoish-tedodi-raydihandagon-intikhoboti-duma-tojikiston-1042363605.html
https://sputnik.tj/20210919/intikhobot-duma-davlati-izhoroti-noziron-baynalmilali-1042364007.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101991/76/1019917620_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_9db7f3789c80651e8aef38b01ab79f10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интихобот вакилон думаи давлатӣ русия
интихобот вакилон думаи давлатӣ русия
Эълони натоиҷи интихоботи Думаи давлатии Русия
09:58 21.09.2021 (Навсозишуда: 19:08 21.10.2021) Натиҷаҳои интихоботи моҳи сентябри Думаи давлатӣ эълон шуд ва Ҳизби "Русияи воҳид" раддаи аввал қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботи Русия 100%-и ороъ дар интихоботи вакилони Думаи давлатиро ҳисоб кард, хабар медиҳад котиботи КМИР
Тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ, Ҳизби "Русияи воҳид" (Единая Россия) аз феҳрасти аҳзоби ин кишвар 49,82% раъй касб кардааст. Тибқи ҳисобҳо, "Русияи воҳид" тақрибан 112 курсӣ аз феҳрасти умумии аҳзоби Русияро мегирад. Илова бар ин ин ҳизб дар 198 ҳавзаи якмандатӣ пирӯз шуд.
Дар маҷмӯъ "Русияи воҳид" аксарияти конститутсионӣ дар палатаи поёниро ташкил медиҳад, ки беш аз 300 курсӣ дар парлумонро шомил мешавад.
Ҳамин тариқ пас шумориши раъй натоиҷи умумии интихоботи парлумонии Русия чунин эълон шуд:
Ҳизби коммунистӣ - 18,93%
Ҳизби либерал - демократӣ - 7,55%
"Русияи одил - барои ҳақиқат" - 7,46%
Ҳамаи ин панҷ ҳизб ҳадди панҷдарсадӣ барои вуруд ба Думаи давлатиро гузаштанд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, номзадҳои Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия дар нуҳ ноҳия пирӯз шудаанд. Дар ҷои сеюм номзадҳои Ҳизби "Русияи одил - барои ҳақиқат" қарор доранд. Онҳо дар ҳашт ҳавза пирӯзӣ касб карданд.
Дар панҷ ҳавза номзадҳои худпешбаришуда, дар ду ҳавза номзадҳои Ҳизби либерал-демократӣ, дар сетои дигар номзадҳои аҳзоби "Родина", рушд ва платформаи шаҳрвандӣ пирӯз шуданд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия, даъвати ҳаштум тӯли се рӯз - 17, 18 ва 19 сентябр баргузор шуд.
Думаи давлатӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад: 225 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ, 225 вакили дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар як давра интихоб мешаванд.