Интихоботи Думаи давлатӣ чӣ гуна мегузарад: Назари нозирони байналмилалӣ - видео

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкВыборы депутатов Госдумы, законодательных органов и глав субъектов федерации в России
Выборы депутатов Госдумы, законодательных органов и глав субъектов федерации в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Обуна шудан
Худдории САҲА аз ирсоли нозирони байналмилалӣ ба Русия чӣ маънӣ дораду зарурати раъйдиҳии серӯза дар чист? Ин ва дигар нукоти интихоботи Думаи давлатиро аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар суҳбат бо Sputnik тавзеҳ доданд.
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Динара Курманова. Дар Русия интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия ҷараён дорад. Бори аввал раъйдиҳӣ се рӯз идома хоҳад кард ва онро на танҳо зимни ҳузур дар нуқтаи овоздиҳӣ, балки метавон тариқи онлайн анҷом дод.
Оё шеваи нави интихоботи Русия ба як тамоюл дар тамоми ИДМ табдил хоҳад шуд? Худдории САҲА аз фиристодани нозирон ба Русия ба ҷараёни интихобот чӣ таъсир мерасонад ва изҳороти парлумони Аврупо дар бораи натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатиро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст? Намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ - муовини раиси Сенати парлумони Қазоқистон, ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони Ассамблея, Аскар Шокиров ва муовини роҳбари котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумони ИДМ, директори Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия , Иван Мушкет ба ин ва дигар суолҳо дар барномаи "Sputnik бо забони русӣ" дар шабакаи YouTube посух доданд.

Гап танҳо дар пандемия нест

Интихоботи феълӣ ба далели пандемия дар шароити бесобиқа ҷараён доранд ва Русия тавонист тамоми чораҳои зарурӣ барои амнияти шаҳрвандонашро амалӣ созад, мегӯяд Аскар Шокиров.
"Он қитъаҳои интихоботе, ки мо дидан кардем, ҳама муҷаҳҳазанд, риояи қатъии чораҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ шудааст. Мо бо нозирон суҳбат кардем, медонем, ки ҳама воситаҳои муҳофизат фароҳам шуданд", - гуфт ӯ ва илова намуд, ки ҳарорати бадани на танҳо интихобкунандагон балки аз намояндагони ВАО ва нозирони байналмилалӣ санҷида мешуд.
Дар баробари ин бояд хотиррасон кард, ки Русия таҳияи қонун дар бораи овоздиҳии электрониро пеш аз пандемия оғоз карда буд ва он пеш аз ҳама ба такмили интихобот нигаронида шудааст, таъкид намуд Аскар Шокиров.
"Шеваи фосилавиро бояд на танҳо аз нуқтаи назари пандемия, балки аз паҳлӯҳои гуногун баррасӣ кард. Ин шева то ҷое ҳифзи пиронсолон ва маъюбонро дар назар мегирад, барои одамони берун аз кишвар мусоид аст, ки метавонанд овоз диҳанд, чун инфрасохтор ба талабот ҷавобгӯ аст, варақаҳои электронӣ бенуқсон кор мекунанд", - афзуд ӯ.
Дар интихоботи Думаи давлатӣ 14 ҳизби сиёсӣ ширкат доранд ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо намояндагони онҳо мулоқот кард, мегӯяд Иван Мушкет.
"Мо ба онҳо савол додем, ки омодагиро ба интихобот чӣ гуна арзёбӣ мекунанд, ба кори КМИ чӣ гуна баҳо медиҳанд? Дар маҷмуъ гузориш нишон медиҳад, ки кори зиёду бузургмиқёсе анҷом дода шудааст", - илова намуд вай.

Раъйдиҳии электронӣ - тамоюли нав дар ИДМ

Пеш аз ҳама амалияи овоздиҳии электрониро бояд худи русиягиҳо баҳо диҳанд, мегӯяд Шокиров. Ӯ илова намуд, ки дар маҷмуъ аъзои гуруҳашон ин таҷрибаро ҷолиб ва қобили омӯзиш хонданд, чун тамоюли муосир хоси бисёри кишварҳост.
Иван Мушкет гуфт, ки рақамисозӣ на танҳо дар Русия, балки дар бисёри кишварҳои дигар низ рушд кардааст.
"Мо дер боз дар ҷомеаи рақамӣ зиндагӣ дорем, ки дорои чолишҳои худ мебошад. Мо дар ин раванд технологияҳои гуногуниро рушд медиҳем. Масалан дар мисоли Молдова имсол монографияи "Рақамисозии интихобот" - ро таҳия кардем, рушди технологияро дар ин кишвар омӯхтем. Инчунин технологияи рақамии рушд дар Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додем", - афзуд Мушкет.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳанӯз бархе ба раъйдиҳии электронӣ бо як нобоварӣ менигаранду шеваи ҳисоботи овозҳоро мавриди шак қарор медиҳанд. Овоздиҳии фосилавӣ рушд хоҳад кард, аммо на бо суръати хеле тез, ки фардо ҳама ба овоздиҳии электронӣ мегузаранд. Бархе корҳо бо дастгоҳҳои электрониро хуб балад нестанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ зарур аст.

Се рӯзи раъйдиҳӣ чӣ даркор

Масъалаи дигаре, ки боиси баҳсҳо шуд, ташкили се рӯзи раъйдиҳӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ мебошад. Аммо дар ин ҷо чизи ғайриодӣ нест, муътақид аст Аскар Шокиров.
"Тайи ин муддат метавон теъдоди зиёди одамонро фаро гирифт. Вақте аз ҳимояи ҳуқуқи одамон мегӯем, ҳама бидуни истисно дар назаранд. Аз ҷумла ҳуқуқи раъйдиҳӣ низ бояд ҳифз карда шавад", - изҳоро дошт ӯ.
Бо ин фикри Шокиров, Ивен Мушкет низ розист. Ӯ мегӯяд, ин муҳлат кофист, ки то шахс фикр кунаду ба хулосае ояду раъй диҳад. Ба гуфтаи Мушкет ин навоварӣ, ҳазмшуда ва самаранок мебошад.
Выборы в Госдуму РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Афзоиши теъдоди раъйдиҳандагон дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон
Давоми се рӯз интихобкунандагон метавонанд бо иттилоъ дар бораи номзадҳо шинос шаванд, чун маълумот дастрас мебошад, изҳор дошт Аскар Шокиров.
"Ҳатто як номзад қайд кардааст, ки доғи судӣ дорад. Таассуроти ман ин аст, ки интихобот дар сатҳи баланд ташкил шудаанд. Пеш аз ҳама сатҳи иштирок муҳим аст. Рӯзи гузашта дар ноҳияи Басмани Маскав будем ва то соати 11:30 - и субҳ аллакай сеяки интихобкунандагон овоз доданд. Имрӯз дар Хонаи оҳангсозони Маскав будем, ки он ҷо тақрибан нисфи интихобкунандагон раъй доданд", - хабар дод Шокиров.

Изҳороти Ғарб қобили қабул нестанд

Бар хилофи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Дафтари ниҳодҳои демократию ҳуқуқи инсони САҲА ирсоли нозиронро ба Русия рад кард. Ба гуфтаи Аскар Шокиров чунин қарор боиси таассуф аст.
"Интихобот на танҳо назорати раванд аст, ин табодули афкор, таҳияи тавсияҳо мебошад, ки метавонанд барои дигар кишварҳо ба кор оянд. Чун намояндаи гуруҳи нозирон мегӯям, ҳеч нақзи қоидаҳоро сабт накардем. Мо ба меъёрҳои умумиэътирофшуда такя мекунем, ин пеш аз ҳама Конвенсияи меъёрҳои демократии интихобот дар ИДМ мебошад", - таъкид намуд Шокиров.
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
СААД омодагии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонии Русияро тавсиф кард
Иван Мушкет мегӯяд, дар интихоботи қаблӣ бо нозирони аврупоӣ табодули афзкор сурат гирифта, муколама ҷой дошт.
"Онҳоро даъват накардаанд, онҳо наомадаанд. Аммо ин ҷо омили дигар низ ҳаст. Созмоне, ки ба рушди демократия машғул аст, метавонист, биёяд ва назорат кунад, ки интихобот чигуна ҷараён доранд", - гуфт нозир.
Аммо бархе созмонҳо ба худ изҳороти пеш аз муҳлатро иҷозат медиҳанд, гуфт Мушкет. Ӯ Парлумони Аврупоро дар назар дошт, ки дар гузориши худ ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тавсия дод, ки барои эътироф накардани интихоботи Думаи давлатӣ омода бошанд.
"Бояд биёянд ва баъдан хулосаҳояшонро баён доранд, дар акси ҳол ин аз рӯи меъёрҳои этикӣ низ қобили қабул нест. Бисёри сиёсатмадорон дар ин бора гуфтанд ва гуруҳи мо низ дар ин маврид табодули афкор намуд. Бале, ман инро қобили қабул намедонам", - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0