Афзоиши теъдоди раъйдиҳандагон дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон

© Пресс-служба посольства России в РТВыборы в Госдуму РФ в Таджикистане
Выборы в Госдуму РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон теъдоди афроде, ки дар интихоботи Думаи давлатии Русия иштирок карданд, майли афзиош дорад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар нуқтаҳои овоздиҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 6,5 ҳазор нафар раъй доданд.
Теъдоди раъйдодаҳо дар интихоботи Думаи давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба 7 ҳазор нафар наздик шуд, хабар дод дафтари матбуоти сафорати Русия дар Душанбе.
Ба иттилои манбаъ нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ то 20:00 фаъолият мекунанд.
Международные наблюдатели о том, как проходят выборы в Госдуму России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Самараноку шаффоф: Назари коршиносони байналмилалӣ бобати интихоботи Русия - навор
Сафири Русия дар Душанбе, Игор Лякин-Фролов, ки ҳамзамон раиси Комиссияи интихоботи №8278, ба ҳисоб мешавад, бо такя ба додаҳои мутавассит дар мавриди раъйдиҳандагон, иштироки шаҳрвандони Русияро дар раъйдиҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон фаъол арзёбӣ кард.
"Дар Тоҷикистон дар шаш қитъаи интихоботӣ, ки се адади он дар Душанбе, як ададӣ дар Норак, Бохтар ва сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд аст, раъйдиҳӣ ҷараён дорад. Шаҳрвандони мо ба таври суннатӣ фаъолона раъй медиҳанд", - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.
Раванди раъйдиҳиро намояндагони Маҷмаъи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва Палатаи ҷамъиятии Русия назорат мекунанд.
Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар кишвар тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди соҳиби раъйи Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи сафир, давоми чор сол тақрибан 200 ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаи Русия гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0