“Толибон"* ва пулҳои Амруллоҳ Солеҳ: Гузориши ваҳшатнок аз Панҷшер

© Александр ХроленкоПанджшерское ущелье
Панджшерское ущелье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Бозорак, маркази вилояти Панҷшер ва зодгоҳи Амруллоҳи Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳур, муддаии раҳбарии Афғонистон ду нафар кушта шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ин афрод аз сӯйи “Толибон*” нахуст мавриди истинтоқ ва латукӯб қарор гирифта, сипас ба рагбор гирифта шудаанд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Бозорак мегӯяд, ҷасади ин ду нафар, ки сокини Бозорак буданд, субҳи имрӯз дар рӯ ба рӯи манзили Амруллоҳ Солеҳ дар ин шаҳр пайдо шудаанд.
“Онҳо аз ҳамқавмони Амруллоҳ Солеҳ буда, аз сӯйи “Толибон*” зиндонӣ шуда буданд. Далели зиндонӣ шудани онҳо ҳам ин аст, ки ба гумони “Толибон*”, онҳо аз ҷойи будубош ва пулҳои Солеҳ хабар доштаанд. Қаблан бародари ӯ Рӯҳуллоҳ низ ба ҳамин хотир ба қатл расида буд. Аммо ин афрод ҳарчанд ҷойи пулҳои Солеҳро намедонистанд, мавриди латукӯби шадид қарор мегиранд, ки дар ниҳоят ҳар якро ба рагбор гирифта, ба шаҳодат расондаанд”, - гуфт манбаъ.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Бонки марказии Афғонистон: Аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ беш аз 12 миллион доллар дарёфт шуд
Ба қавли ӯ, ҳамзамон се сокини дигари Бозорак низ пас аз чанд рӯзи зиндонӣ будан ва мавриди латукӯби шадид қарор гирифтан аз сӯйи “Толибон*” раҳо шудаанд.
“Ҷангиёни ин ҳаракат мардуми зиёдеро ба хотири иттилоъ пайдо кардан аз мавқеъ ва пулҳои Солеҳ ҳамарӯза боздошту латукӯб мекунанд. Он наворе, ки аз пулҳои Солеҳ буд, комилан тақаллубӣ аст ва ин талошҳояшон барои пайдо кардани суроғаи пулҳои ӯ худ далели барҷастаи ин дурӯғ аст. Солеҳ нерӯи кофие дорад, ки миқдори бузурги пулро бо худ ҳамл кунад, аммо ба гумон аст, ки пули зиёд дошта бошад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, дар баробари латукӯбу фишорҳои ҷисмониву равонӣ бар мардум ва муҳосираи иқтисодии Панҷшер гузориши дигаре аз ҷангҳои ин дара дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ки вахомати вазъро барҷастатар мекунад.
Як манбаъ аз қавли фармондеҳони раддаи аввали Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, дар ҷангҳои Панҷшер 28 ҳазор ҷангии толибу созмонҳои террористии таҳти пуштибонии онҳо, назири уйғурҳо, тоҷикистониву ӯзбекистониҳо ва аъробу покистониҳо ширкат доштанд.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Тоҷикистон гуфт, Толибон* бо мусоидати кишвари сеюм болои Панҷшер ҳамла мекунанд
“Рӯзҳои ҷангҳои шадид “Толибон*” нерӯҳои худро аз 29 вилоят, ба шумули вилоятҳои ҷанубиву ғарбӣ – Кандаҳору Ҳилманд ва Ҳирот вориди Панҷшер карданд, то нерӯҳои муқовиматро шикаст диҳанд. Дар ин ҷанг бештарини толибҳо аз вилоятҳои ҳамҷавор, назири Парвону Бадахшон буданд, аммо бештарин талафоти ҷониро толибони тоҷику ӯзбеки Бадахшону Форёб доштаанд. Аз толибони панҷшерӣ фақат волии онҳо дар Панҷшер Мавлавӣ Қудратуллоҳи Париёнӣ 60 ҷангӣ дошту тамом”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ҷангҳои Панҷшер 7 генерал ва ҳудуди 70 сарбози нерӯҳои вижаи Покистон низ кушта шудаанд, ки ба таври оҷил аз Панҷшер ба Кобул ва аз он ҷо тариқи ҳавопаймоҳои низомӣ ба Покистон интиқол ёфтаанд.
“Маркази идораи Созмони истихбороти Покистон (АйЭсАй) дар бинои вилояти Панҷшер ҷойгир буда, ҳамоно тадобири марбут ба ворид кардани фишорҳои равониву ҷисмониву иқтисодӣ ба мардуми дара ва амалиётҳои низомӣ алайҳи нерӯҳои муқовиматро ҳамоҳангӣ мекунад. Рӯзҳои наздик мо тафсилоти бештареро аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ, бахусус созмонҳои террористӣ дар Панҷшер ироа хоҳем кард”, - гуфт манбаъ.
Махмуд Ахмадинежад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд
Ин гузоришҳо дар ҳоле аз Панҷшер мерасанд, ки мавҷи телефону интернет дар ин дара комилан қатъ буда, тамоси мустақим бо дара вуҷуд надорад ва “Толибон*” аз хуруҷи мардум аз дара ҷилавгирӣ мекунад. Онҳое, ки аз дара ба ҳар роҳ пинҳонӣ хориҷ мешаванд, гузоришҳои мухталифе аз вазъи ногувори амниятиву иқтисодии мардуми Панҷшер низ медиҳанд, аммо имкони таъйид ё такзиби онҳо вуҷуд надорад.
“Толибон*” шаби 5 ба 6 сентябр муваффақ шуданд, ки бо кӯмаки ҳавоии Покистон нерӯҳои муқовимат дар Панҷшерро маҷбур ба ақибнишинӣ намуда, марокизи маъмурии вилоятро ишғол кунанд.
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳоло дар дараҳои фаръӣ, ки теъдодашон ба 22 адад мерасад, паноҳ бурдаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0