https://sputnik.tj/20210909/ahmadinazhod-afghoniston-domangir-pokiston-1042145227.html
Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд
Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти собиқи Эрон гуфт, ки ҳодисаҳои Афғонистон ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки аз Толибон* пуштибонӣ мекунанд, таъсир хоҳад гузошт.
2021-09-09T09:00+0500
2021-09-09T09:00+0500
2021-09-09T11:13+0500
афғонистон
покистон
гурӯҳи террористии "толибон"
аҳмадинажод маҳмуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102435/76/1024357693_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_e00715da72bc95cabec10d41392302d7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маҳмуд Аҳмадинажод ин нуктаро дар мусоҳибаи вижа бо телевизиони "Вион" -и Ҳиндустон оид ба вазъи афғонистон ва ҳаводиси охир атрофи Панҷшер шарҳ дод."Он чӣ дар Афғонистон рух дод, хеле возеҳ аст. Тарҳе, ки ба ҳама кишварҳои минтақа таъсир мерасонад. Дар асл, ин тарҳи бад ва зиддиинсонӣ аст", - гуфт Аҳмадинажод. Номбурда гуфт, ин ки як гурӯҳе, ки тавассути кишварҳои ҳамсоя мусаллаҳу омӯзиш дода шуда, биёянду як сарзаминро фатҳу худро давлат эълон кунанду кишварҳои муддаи ҷаҳон сукут ва ё ҳимоят кунанд, ин як фоҷиаи бузург ва зиштест, ки то абад дар чеҳраи онҳо боқӣ хоҳад монд.Ӯ гуфт, чанд қудрати бузурги ҷаҳонӣ ба хотири таъмини манфиатҳои худ ҳозир шуданд, ки ҳаёт ва ҳуқуқҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии мардумро поймол кунанд", - афзуд ӯ.Собиқ президенти Эрон мегӯяд, мардуми Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва мардуми тамоми кишварҳоро дӯст медорад ва ҳуқуқҳои бунёдии ҳамаи онҳоро эҳтирому ҳимоя мекуна ва пешниҳод мекунад, ки ҷангро бояд бас карда, аз ҳаққи мардуми афғон алалхусус аз ҳуқуқи таъйини сарнавишти худашон ба дасти худашон талош кунанд.Ба гуфтаи ӯ, эътироф кардани ҳукумате, ки бо зӯри силоҳ ва бо кумаки хориҷиён ба қудрат расидаву марому мақсадашон возеҳ нестанд, доғ ва зарари бузурге барои тамоми ҷомеаи башарӣ хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20210908/vokunishi-ittihodiyai-avrupo-tashkili-davlati-jididi-tolibon-1042135032.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102435/76/1024357693_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_82f66fdb69f3d35c6c435ae9406387ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадинажод, ҳаводис, афғонистон, домангир, покистон
аҳмадинажод, ҳаводис, афғонистон, домангир, покистон
Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд
09:00 09.09.2021 (Навсозишуда: 11:13 09.09.2021) Президенти собиқи Эрон гуфт, ки ҳодисаҳои Афғонистон ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки аз Толибон* пуштибонӣ мекунанд, таъсир хоҳад гузошт.
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маҳмуд Аҳмадинажод ин нуктаро дар мусоҳибаи вижа бо телевизиони "Вион" -и Ҳиндустон оид ба вазъи афғонистон ва ҳаводиси охир атрофи Панҷшер шарҳ дод.
"Он чӣ дар Афғонистон рух дод, хеле возеҳ аст. Тарҳе, ки ба ҳама кишварҳои минтақа таъсир мерасонад. Дар асл, ин тарҳи бад ва зиддиинсонӣ аст", - гуфт Аҳмадинажод.
Номбурда гуфт, ин ки як гурӯҳе, ки тавассути кишварҳои ҳамсоя мусаллаҳу омӯзиш дода шуда, биёянду як сарзаминро фатҳу худро давлат эълон кунанду кишварҳои муддаи ҷаҳон сукут ва ё ҳимоят кунанд, ин як фоҷиаи бузург ва зиштест, ки то абад дар чеҳраи онҳо боқӣ хоҳад монд.
Ӯ гуфт, чанд қудрати бузурги ҷаҳонӣ ба хотири таъмини манфиатҳои худ ҳозир шуданд, ки ҳаёт ва ҳуқуқҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии мардумро поймол кунанд", - афзуд ӯ.
"Дар хабарҳо шунидем, ки афсарони покистонӣ мустақиман дар ҷанги Панҷшер амал кардаанд. Ман мехоҳам дар ин ҷо ба мақомоти Покистон машварат диҳам. Он чизе, ки дар Афғонистон рух медиҳад, ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки Толибонро* дастгирӣ мекарданд, таъсир хоҳад гузошт", - афзуд ӯ.
Собиқ президенти Эрон мегӯяд, мардуми Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва мардуми тамоми кишварҳоро дӯст медорад ва ҳуқуқҳои бунёдии ҳамаи онҳоро эҳтирому ҳимоя мекуна ва пешниҳод мекунад, ки ҷангро бояд бас карда, аз ҳаққи мардуми афғон алалхусус аз ҳуқуқи таъйини сарнавишти худашон ба дасти худашон талош кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, эътироф кардани ҳукумате, ки бо зӯри силоҳ ва бо кумаки хориҷиён ба қудрат расидаву марому мақсадашон возеҳ нестанд, доғ ва зарари бузурге барои тамоми ҷомеаи башарӣ хоҳад буд.