https://sputnik.tj/20210916/bonki-markazi-afghoniston-amrulloh-soleh-million-dollar-1042296302.html
Бонки марказии Афғонистон: Аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ беш аз 12 миллион доллар дарёфт шуд
Бонки марказии Афғонистон: Аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ беш аз 12 миллион доллар дарёфт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як мақдор пули нақди ба даст омада аз мақомоти ҳукумати собиқ, ки ба беш аз 12 миллион доллар мерасад ба Бонки миллии Афғонистонт супурда шуд
2021-09-16T13:40+0500
2021-09-16T13:40+0500
2021-09-16T13:56+0500
бонк
афғонистон
толибон
доллар
хона
амруллоҳ солеҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042079159_0:0:2884:1623_1920x0_80_0_0_edc67a270537840e64152892d7748513.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Бонки марказии Афғонистон аз тариқии саҳифаи фейсбукии худ эълом кардааст, ахиран миқдори зиёди пули нақд, ки аз манзили Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини ин кишвар ва бархе аз мансабдорони баландпояи дигари ин ҳукумат дарёфт шуда буд, тавасути масъулин ба Бонки марказии Афғонистон таҳвил ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Дар маҷмӯъ ин маблағҳо (12368246) дувоздаҳ миллиону сесаду шасту ҳашт ҳазору дусаду чилу шаш доллар ва чанд хишти тиллоро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди онҳо аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ кашф шудааст."Толибон" ҳангоми супоридани пул ва тилло ба хазинаи Бонки марказии Афғонистон изҳор доштанд, ки ба шаффофият дар ҳама соҳаҳо содиқанд ва аз ин рӯ пулҳои дарёфтшуда аз мансабдорони собиқи ҳукуматро ба хазинаи бонк супурдаанд.Маблағҳои дарёфтшуда марбут ба мансабдорони баландпояи ҳукумати пешин, чун Амруллоҳ Солеҳ ва теъдоде аз идороти марбут ба амнияти миллӣ гуфта шудаанд, ки ба гунаи пули нақд ва тилло дар хонаҳо нигоҳдорӣ мешудаанд, аммо то кунун мушаххас нест, ки мақомоти ҳукумати пешин ин миқдор пул ва тиллоро чӣ гуна ва ба кадом мақсад нигоҳдорӣ мекарданд.Дар ҳамин ҳол Амруллоҳ Солеҳ ин ахбори нашршуда аз ҷониби Толибонро такзиб кардааст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042079159_124:0:2855:2048_1920x0_80_0_0_f08e5a93cf36eab81c4dc260961c360e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, бонки марказии афғонистон, пул, хона, доллар
афғонистон, бонки марказии афғонистон, пул, хона, доллар
Бонки марказии Афғонистон: Аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ беш аз 12 миллион доллар дарёфт шуд
13:40 16.09.2021 (Навсозишуда: 13:56 16.09.2021) "Толибон" мегӯяд, пули нақди дарёфтшуда аз мақомоти ҳукумати собиқ, ки ба беш аз 12 миллион доллар мерасад, ба Бонки миллии Афғонистон супурда шудааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Бонки марказии Афғонистон аз тариқии саҳифаи фейсбукии худ эълом кардааст, ахиран миқдори зиёди пули нақд, ки аз манзили Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини ин кишвар ва бархе аз мансабдорони баландпояи дигари ин ҳукумат дарёфт шуда буд, тавасути масъулин ба Бонки марказии Афғонистон таҳвил ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар маҷмӯъ ин маблағҳо (12368246) дувоздаҳ миллиону сесаду шасту ҳашт ҳазору дусаду чилу шаш доллар ва чанд хишти тиллоро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди онҳо аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ кашф шудааст.
"Толибон" ҳангоми супоридани пул ва тилло ба хазинаи Бонки марказии Афғонистон изҳор доштанд, ки ба шаффофият дар ҳама соҳаҳо содиқанд ва аз ин рӯ пулҳои дарёфтшуда аз мансабдорони собиқи ҳукуматро ба хазинаи бонк супурдаанд.
Маблағҳои дарёфтшуда марбут ба мансабдорони баландпояи ҳукумати пешин, чун Амруллоҳ Солеҳ ва теъдоде аз идороти марбут ба амнияти миллӣ гуфта шудаанд, ки ба гунаи пули нақд ва тилло дар хонаҳо нигоҳдорӣ мешудаанд, аммо то кунун мушаххас нест, ки мақомоти ҳукумати пешин ин миқдор пул ва тиллоро чӣ гуна ва ба кадом мақсад нигоҳдорӣ мекарданд.
Дар ҳамин ҳол Амруллоҳ Солеҳ ин ахбори нашршуда аз ҷониби Толибонро такзиб кардааст.