https://sputnik.tj/20210917/imron-khon-afghoniston-vadaho-tolib-khatm-jang-1042328071.html
Имрон Хон дар бораи вазъи Афғонистон ва ваъдаҳои "Толибон": Ин фурсати хуби хатми ҷанг аст
Имрон Хон дар бораи вазъи Афғонистон ва ваъдаҳои "Толибон": Ин фурсати хуби хатми ҷанг аст
Sputnik Тоҷикистон
Имрон Хон, сарвазири Покистон бо зикри он ки "Толибон"* тақрибан бидуни хунрезӣ ба қудрат дар Афғонистон омаданд, вазъи феълиро имкони хуби хатми ҷанги чилсола... 17.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-17T13:30+0500
2021-09-17T13:30+0500
2021-09-17T13:36+0500
имрон хон
афғонистон
покистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_0:336:2841:1934_1920x0_80_0_0_caf4e8bea9851304b1c8ad1304d97687.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сарвазири Покистон аз омехта кардани терроризм бо дин дар ҷаҳони муосир интиқод намуда, изҳор дошт, ки кишвараш даҳсолаҳо аз терроризме ранҷ мекашад, ки аз хориҷ ташкил, назорат ва идора мешавад.Вай дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе ба қудрат омадани "Толибон"*-ро дар Афғонистон воқеияти ҷадид хонда, изҳор дошт, ки ин кор бидуни хунрезию ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифт. Имрон Хон муҳим хонд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таваҷҷуҳ намояд, то мухолифат дубора дар Афғонистон шиддат нагираду масоили амниятӣ ба эътидол оянд. Ӯ зикр намуд, ки ҳукумати пешини Афғонистон 75 дарсад аз ҳисоби кумаки хориҷӣ фаъолоият дошт ва феълан ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар баробари халқи Афғонистон қарор гирад. Сарвазири Покистон гуфт, вазъи феълӣ фурсати хуб барои хатми ҷанги чилсола дар кишвар мебошаду бояд аз паҳнсозии пропагандаи манфӣ худдорӣ намуд. Вай бо ишора ба таърихи Афғонистон гуфт, ин наметавонад кишваре бошад, ки аз хориҷ идора шавад. Ба гуфтаи сарвазири Покистон, сулҳ дар Афғонистон барои рушди минтақа муҳим мебошад. Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин (онлайн) ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Белорус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210917/putin-tolibon-afghoniston-nazorat-1042329265.html
https://sputnik.tj/20210917/rahmon-panjsher-afghoniston-1042328822.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_5bab3e5b96faaa8c1ea49f9810f7d70b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имрон хон, афғонистон, покистон, осиёи марказӣ
имрон хон, афғонистон, покистон, осиёи марказӣ
Имрон Хон дар бораи вазъи Афғонистон ва ваъдаҳои "Толибон": Ин фурсати хуби хатми ҷанг аст
13:30 17.09.2021 (Навсозишуда: 13:36 17.09.2021) Имрон Хон, сарвазири Покистон бо зикри он ки "Толибон"* тақрибан бидуни хунрезӣ ба қудрат дар Афғонистон омаданд, вазъи феълиро имкони хуби хатми ҷанги чилсола дар ин кишвар номид
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сарвазири Покистон аз омехта кардани терроризм бо дин дар ҷаҳони муосир интиқод намуда, изҳор дошт, ки кишвараш даҳсолаҳо аз терроризме ранҷ мекашад, ки аз хориҷ ташкил, назорат ва идора мешавад.
Вай дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе ба қудрат омадани "Толибон"*-ро дар Афғонистон воқеияти ҷадид хонда, изҳор дошт, ки ин кор бидуни хунрезию ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифт.
Имрон Хон муҳим хонд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таваҷҷуҳ намояд, то мухолифат дубора дар Афғонистон шиддат нагираду масоили амниятӣ ба эътидол оянд.
Ӯ зикр намуд, ки ҳукумати пешини Афғонистон 75 дарсад аз ҳисоби кумаки хориҷӣ фаъолоият дошт ва феълан ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар баробари халқи Афғонистон қарор гирад. Сарвазири Покистон гуфт, вазъи феълӣ фурсати хуб барои хатми ҷанги чилсола дар кишвар мебошаду бояд аз паҳнсозии пропагандаи манфӣ худдорӣ намуд.
"Толибон* бояд тамоми ваъдаҳояшонро иҷро кунанд, ҳукумати ҳамашумулро ташкил намоянд, ҳуқуқи инсонро риоя кунанд, Афғонистон набояд паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ шаваду ба манбаи силоҳ, маводи мухаддир ва фирориён табдил ёбад",-изҳор кард Имрон Хон.
Вай бо ишора ба таърихи Афғонистон гуфт, ин наметавонад кишваре бошад, ки аз хориҷ идора шавад. Ба гуфтаи сарвазири Покистон, сулҳ дар Афғонистон барои рушди минтақа муҳим мебошад.
Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.
Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин (онлайн) ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Белорус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар